Мизи мудаввар дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
29-уми апрели соли 2025 бо ташабуси кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини сардори факултет, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро барои ташриф овардан ба факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, баъдан қайд намуд, ки мақсади гузаронидани мизи мудаввар ин инкишоф додани савияи дониш ва ташаккул ёфтани мафкураи илмии мутахассисони ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Мавсуф тибқи барномаи кории мизи мудаввар иштирокчиёни ҳамоиши илмиро муаррифӣ намуданд, ки дар идомаи чорабинии мазкур сардори шуъбачаи ШКҶ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ибодуллозода Бахтиёр Ибодулло дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм» баромад намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатари экстремизм ва терроризм дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ изҳори нигаронӣ намуда, қайд намуданд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ, барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Ва дар охири баромади худ Ибодуллозода Б.И. ба иштирокчиёни мизи мудаввар ба хотири ҳифзи истиқлолияти Ватани азизамон ва муқаддасоту арзишҳои фарханги милли сайъу кушиш намоем ,ки шахрвандони азизамон дар амон бошанд.
Хамзамон аз тарафи курсантон низ баромадҳо вобаста оид ба мавзуи мизи мудаввар хело ҷолиб ва пурмуҳтаво шунида шуд. Ба монанди, курсанти курси 4, гуруҳи 402, милитсияи қаторӣ Арабзода Бежан дар мавзӯи «Рушди асосҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», курсанти курси 3, гурӯҳи 305, милитсиҳоя қаторӣ Абдухализода Абдураҳмон дар мавзуи бо забони русӣ «Правовые основы оперативно-розыскной деятельности» ва сержанти хурди милитсия курсанти курси 2, гуруҳи 203 Бобоев Ф, дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии байналмилалии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо маърӯза баромад намуданд.
Баъдан дар мизи мудаввар сардори кафедраи ФОҶ МКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. баромад намуда қайд намуданд, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқие фаҳмида мешавад, ки муносибатҳои дар ин самти фаъолият ба миён меомадаро танзим менамоянд. Чунин муносибатҳо, ки бо санадҳои меъёри- ҳуқуқӣ танзим шудаанд, устувор ва доимоамалкунанда буда, аз ҷониби субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ пурра бо риояи меъёрҳои дар чунин санадҳо ифодаёфта ба роҳ монда мешаванд.
Дар қисмати охир муовини сардори факултет, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф ба сардори шуъбачаи ШКҶ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ибодуллозода Б.И., барои ҳамкорӣ, иштирок ва баромад изҳори миннатдории худро расониданд.
Ревазода М.Р., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенанти калони милитсия