Истиқлолият хушбахтии кулли мардуми тоҷик
Мо – тоҷикон хуб дарк намудаем, ки истиқлолият ва озодӣ чигуна арзиши бебаҳо мебошанд, бо аз даст додани кадом арзишҳои дигар ба даст омадаанд, барои поянда нигоҳ доштани онҳо кадом ҷаҳду талошҳо равона шудаанду равона шудаистодаанд, бунёдгузору поянданигоҳдорандаи онҳо кист, ва ҳар як нафари бонангу баори Ватан чигуна вазифа ва қарзи фарзандии хешро дар ҳифзи онҳо бояд иҷро намояд.
Бояд қайд намуд, ки мавҷудияти воқеии рукнҳои давлатдорӣ маҳз ба давлати соҳибистиқлол алоқамандӣ доранд. Рамзҳои давлатӣ муаррифгари вуҷуддошти як сарзамин-давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон мебошанд. Имрӯз Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо дар саросари Тоҷикистони азиз ва берун аз қаламрави он садою симо зоҳир намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлат-узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибдавлат муаррифӣ менамоянд. Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо чунон садою симои баланд доранд, ки на танҳо муаррифгари давлату миллат, аз ин зиёда, садрнишини партави баланди созмонҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ва бонуфузро низ чандин маротиба касб намудаанд.
Истиқлолияти давлатӣ ин инъикоси озодии миллат, шароити зиндагии арзанда, кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ҳокимиятдории халқ, ҳифзшавандагии қаламрави давлат, овоздории як давлат-миллат дар ҳалли масоили башарӣ, устувории асосҳои сохтори давлатӣ (конститутсионӣ) ва дар умум, орзую омори деринтизори миллати тоҷик мебошад, ки бо сарсупурдагӣ ва корнамоиҳои далеронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар роҳи ба даст овардани арзиши бебаҳо – истиқлолият ҷонҳо нисор ва хонаҳо хароб гардиданд, тифлҳо бепадар ва падарон бетифл монданд, ҷаҳолат ва хушҳолӣ ҷойи якдигарро гирифтанд, кӯчаҳо беодам монда, одамон тарки манзилу диёр карданд, хулас, асари натиҷа аз ин роҳ хушбахтона арзише ба даст омад, ки бо ном «Истиқлолият» аст. Ин танҳо истилоҳ ё ҷамъи ҳарфҳо не, балки наҷотдиҳандаи миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ мебошад, ки бояд дар авроқи таърих доимо бо ҳарфҳои заррин сабт карда шавад.
Дар роҳи ба даст овардани истиқлолият ҷаҳду талошҳо бесобиқаанд, аммо камтарини онҳо, аз қабили, дар замири халқ бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, бартараф намудани бархурди манфиатҳо ва дахолати шахсони (давлатҳои) сеюм аз ҳалли тақдири ояндаи миллату давлат, ба даст овардани ризоияти гурӯҳи мухолифин ва ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, ба ватан - Тоҷикистон бар гардонидани гурезагон, ҳифзи қаламрави давлат дар шароити бениҳоят вазнин ва ҳассос, таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, эмин нигоҳ доштани ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон аз гуруснагӣ, ба ҳусни ҳамкорӣ пардохтан бо ташкилотҳои бонуфӯзи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар шароити ноустувори фаъолияти тамоми самтҳои давлат давра ба давра мустаҳкам намудани фаъолияти соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, ҳарбӣ, ҳифзиҳуқуқӣ ва ғайра аслан чорабиниҳои аҳаммияти ташкилӣ ва ҳуқуқидоштае мебошанд, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумат роҳандозӣ гардидаанд.
Дар саргаҳи бунёд ва пояндадории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзона, сарсупурда, қавиирода, ташаббускори ҳалли масоили башарӣ ва баруманди миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менишинад. Фаъолияти сарварии Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолофарӣ ва пояндадории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад. Гӯё таърих ва табиат барои миллати тоҷик дар давраи вазнинтарин таърихи давлатдорӣ фарзанди баруманд Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя намуд. Маҳз Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар давраи ҳассоси таърихӣ роҳбарии давлати қариб аз байнрафтаро ба дӯш гирифт. Хиради азалии ба нобиғаи миллат хос воло гирифта, танҳо ва танҳо бо роҳи тарғиби сулҳ чораандешиҳое роҳандозӣ намуд, ки имрӯз барои миллати тоҷик истиқлолияти комилро ба даст овард.
Истиқлолияти комил ба миллати тоҷик озодӣ, баробарӣ, озодандешӣ, хушҳолӣ, зиндагии арзанда, озодии виҷдон, эътиқодмандии динӣ, мусофирати озод, озодии ҳалли масоили давлатдорӣ, ифтихори миллӣ, ҳисси ватандорӣ ва дигар арзишҳоеро тақдим намуд, ки ба як миллати давлатдор ва озод аз зулму истибдод ва дахолати дигар қувваҳои берунӣ хос мебошанд.
Хулоса, муқоисаи натиҷаҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 34 соли соҳибистиқлолӣ аз ҳолати мавҷудаи давраҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳар як нафари бонангу номусро водор менамояд, ки аз аъмоли фарзандони фарзонаи миллат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар роҳи ба даст овардани истиқлолият сарфа гардидаанд, бо тамоми ҳастии хеш эҳтиром зоҳир намуда, новобаста аз мавқеи худ дар ҷомеа дар роҳи ҳифзи истиқлолият кӯшишро ба харҷ диҳад.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети
№2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон, подполковники милитсия Нуриддинзода С.Н.
Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети
№2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон, н.и.ҳ., подполковники
милитсия Вализода Н.Д.







































































































































































