9-уми сентябр рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. “Истиқлолият” мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калиде мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеъа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимои ва фарҳнги ба даст оварда шавад.
Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар ва имкиният фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеъа ба амал ояд. Албатта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 34-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.
Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.
Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни кишварҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштаназ ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва нуқтаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеъӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод,ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳмияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо идоракунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рафти фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Инчунин баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо аз як тараф, бозгукунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонад, ки чунин таърихи воло ва аҷдодони баруманд дорад ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошанд. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватани шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – “баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “таъмини амнияти озуқавории кишвар” ва “ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ” вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкори вадар маҷмуъ баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.
Рушди иқтисодиии кишвар омили муҳим барои тақвияти миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нави кори ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ – этникӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгирои намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.
Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Нақби Истиқлол”, “Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб”, таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадаҷҳои стратегӣт ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа маҳсуб меёбад. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иҷтисодӣ, иҷтимои ва маънавии ҷвомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайраҳо мебошад. Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судман дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо – Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд.
Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми СММ суханрони намуда, таъкид кард, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда мавқеи худро муайян менамояд. Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадавудонишгоҳҳо давр саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балуки ба талаботи замона ҷавобгу будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар восоити техникӣ мебошад. Ҳамаи ин бо самти тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслҳои наврасу ҷавони ҷомеа равона шудаанд.
Муаллими кафедраи амнияти иттилоотӣ
ва технолоргияҳои рақамӣ факултети №5
лейтенанти хизмати дохилӣ
Қудусзода С.Ф.







































































































































































