НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҲАМЧУН ЯК АРЗИШИ МУҲИМИ МИЛЛӢ
Миллати тоҷик дар тӯли таърих чандин маротиба соҳиби давлату сарзамини ягона будааст. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрсоз ва тамуддунофар давлатдориро ба дигар миллату қабилаҳои минтақа нишон додаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон аз қадим мардуми соҳибдавлату соҳибмақоми Осиёи марказӣ ба ҳисоб мерафтанд. Таҷрибаи давлатории ин мардуми қадима дар баъзе давлатҳои миллии тоҷикон аз қабили давлати Сомониён, ки солҳои 819—999 арзи ҳастӣ кард аз ҷиҳати сохти давлатдорӣ ва сиёсати дихилию беруна дар он замон назир надошт. Дар замони давлатдории Сомониён илму фарҳанг ба он сатҳе рушд намуда будааст, ки то ба имрӯз дастовардҳои кашфгардидаи мутафаккирони даврони Сомониёнро дар Аврупо ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун бунёдгузори илми тиб, риёзиёт, алгебра ва ситорашиносӣ истифода мебаранд. Аммо мутасифона баъзе аз асарҳои мутафаккирони миллати тоҷик бинобар таъсири арабгароӣ ба забони арабӣ навишта мешуданд. Мардуми тоҷик баъди аз даст додани давлати миллии Сомониён дигарбора натавонисстан истиқлолияти комили худро ба даст оранд, зеро аҷнабиён намегузоштан, токи ин миллат соҳибдавлату соҳибтамадунии худро дубора барқарор кунад. Гуфтаҳои дар боло зикр гардида тасдиқи он аст, ки миллати тоҷик дар сурати соҳибистиқлол будан ба дастовардҳои беназир соҳиб мешуд. Агар тоҷикон истиқлолияти комил ва давлати миллии худро то асри XX соҳиб мебудан, қисми зиёди арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ин миллати тамаддунофар бо дасти ғосибон ва аҷнабиён аз байн бурда намешуданд. Сарчашмаҳои таърихи гувоҳ ҳастанд, ки забони форсӣ-тоҷикӣ ҳамчун забони илм, сиёсат ва фарҳанги кишварҳои минтақа натанҳо форсизобноҳо балкӣ аз Ҳинд то Туркияву Бағдод ҳукумронӣ дошт, дар аксар биноҳои таърихии ин давлатҳо аз қабили Тоҷмаҳали ҳинд, мақбари шоҳ Сулаймони турк навиштаҷотҳои забони мо нигоҳдорӣ мешавад, ки аз нуфуз ва қудрати забони тоҷикӣ дар он замонҳо шаҳодат медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки надоштани давлати соҳибистиқлол ва пуштибони забони таҷикӣ ба аҷнабиён шароит фароҳам овард то, ки забони тоҷикиро нақз карда дар баъзе мамлакатҳо ва шаҳрҳои тоҷикнишин ба ҷои ӯ забони ақалиятҳои бегонаро ба таври иҷборӣ ба сари мардум бор карда, забони тоҷикиро ба забони хонагӣ ё бозору кӯча табдил доданд. Мисоли равшан мо дар замони имрӯза вазъияти тоҷикони Афғонистонро гуфта метавоне, ки 60% мардуми бумии ин мамлакатро такил медиҳанд, Аммо надоштани истиқлолияти миллӣ, аз ҷониби паштуҳо ҳувият ва забони модариашон рӯз то рӯз маҳдуд гардида ба ҷои ӯ дар сиёсат ва корҳои давлатӣ забони паштугӣ ворид гардида истодааст. Бояд қайд намоем, дар тули даърихи дуру дароз, ки тоҷикон истиқлолият надоштанд забон ва дигар арзишохи миллияшон ба ҳамин шакл аз байн бурда мешуд. Чихеле, ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон қайд менамояд: “душманони тоҷик аввал забон, фарҳанг, дигар ҳувияту арзиҳои милиро нест карда, баъдан давлатро аз байн мебаранд”.
Дар замони шуравӣ тоҷикон соҳиби як порчаи заминҳои бобогии худ грдаданд, ки ин барои ин миллати бумии Осиёи миёна бисёр ҳудуди кам ба ҳисоб мерафт, ки аз рӯи 5% худуди ба таҷикон таалуқ доштаро ташкил медиҳад. Дар ин замон тоҷикон ҳарчанд давлати худро дар зертобеи шуравӣ соҳиб шуда бошад ҳам истиқлолияти забонӣ надошт. Зобони сиёсат, ҳуҷҷатгузорӣ ва давлатдорӣ дар ин давра забони русӣ ба ҳисоб мерафт ва тоҷикӣ ҳамчун забони муоширатӣ ва хонаву кӯча маҳсуб меёфт. То ҳатто дар баъзан шаҳрҳои Тоҷикистони онвақта фарзандони бисёре аз мансабдорони тоҷик зобни модариашонро фаромуш карда ба забони русӣ ҳарф мезадонд, ки ин манзалати забони тоҷикиро дар ҷомеа рӯз то рӯз заифтар мегардонид. Дар баробари ин боз тоҷиконе кам набуданд, ки даъвои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро мекарданд ва дар охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта пеш аз пош хурдани Иттиҳоди шуравӣ зобони тоҷикӣ мақом пайдо кард.
Аз рӯзи аввали пош хурдани Иттиҳоди шуравӣ забони тоҷикӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлолро ба даст оварда, мақоми давлатиро соҳиб гардида, дар сиёст ва корҳои давлатӣ нуфуз пайдо кард. Забони тоҷикӣ аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони баромад ва муоширати раҳбарияти олии ҷумҳурӣ баромад карда исбот кард, ки ин забон забони илм, сиёсат ва фарҳанг аст. Ҳол он ки дар баъзе давлатҳои пасошурваӣ то ҳол забони русӣ дар сиёсат ва корҳои давлатӣ ҳукумфармост ва забони модарии худашон онқадар дар корҳои далватӣ ва сиёсӣ истифрда намешавад.
Бояд тазаккур дод, ки истиқлолият барои забони тоҷикӣ як давраи навини эҳёшавиро ба вуҷуд оварда, зобони тоҷикиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун забони расмӣ маъруф кард. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ хеле мақоми хос пайдо кард, зеро баъди мақоми давлатӣ пайдо кардан ва ба бавуҷуд омадани кумитаи забон ви ислоҳот, забони тоҷикӣ аз ҳаргуна калима ва ибораҳои ғалат ва аз дигар зобонҳои бегона воридгардида тоза гардида, рӯз то рӯз як шакли мукаммал ва нобро соҳиб гардид. Истиқлолият ба забони тоҷикӣ имконят дод, ки тамоми ҳуҷатгузорӣ ва коргузории давлатӣ ба забони тоҷикӣ карда шавад, ҳар як шахси мансабдор, ки мансаби муаяни давлатиро соҳиб гардидааст забони тоҷикиро дар сатҳи олӣ донад, дар Созмони миллали муттаҳид забони расмии як давлати мустақил эътироф гардад ва инчунин намояндагони дипломатии консулгарӣ ва сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷа, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд забони тоҷикиро омӯзанд. Дар ин баробар забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат такмил ёфта рушд карда истодааст.
Курсанти курси 5 гурухи таълимии 504 сержанти милитсия Холов Муҳаммад (аъзои ҶИК кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ)







































































































































































