Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ОСОРХОНАИ АКАДЕМИЯ – РАМЗИ САДОҚАТ БА КАСБИ ХЕШ

2027“Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад,
халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад,
ҳатман осорхона бунёд мекунад”.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз ибтикороти муҳиме, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба он диққати махсус дода шуд, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бунёди осорхонаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Доир ба аҳамияти фаъолияти осорхонаҳо дар ҳаёти ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ёдоварӣ мекунанд.
Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бинои муҳташаму зебои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфт. Ҳамакнун дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон имкониятҳои хуби пешбурди корҳои ҷамъоварию нигаҳдорӣ, илмию таҳқиқотӣ ва оммавию маърифатӣ мавҷуданд.
Маҳз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури вазири корҳои дохилӣ муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва саъю кушишҳои роҳбарияту ҳайати шахсии Академия Осорхонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябри соли 2001 ба истифода дода шуд, ин имрӯз ба макони маърифатию фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Осори таърихии осорхонаи мазкур, ки фарогири таърихи милитсияи тоҷик ва осори олимони Академия мебошад, насли ҷавони соҳаро ба ифтихору соҳибкасб будан ҳидоят менамояд.
Ҳар сол ба осорхонаи Академия экспонатҳои нав ворид мегарданд, ки ҳангоми шиносои бо Осорхона мо курсантону шунавандагон ин навовариҳоро мушоҳида мекунем.
Ногуфта намонад, ки огоҳ будан аз таърихи миллату касби хеш, корнамоии мардони шуҷоъ ва фаъолияти шабонарӯзиву дастовардҳои тӯли солҳо ба даст овардаи милитсияи тоҷик барои ҳар як корманди милитсия ва фарди ватандӯсту хештаншинос басо муҳиму ибратбахш
аст.
НИЁЗОВ ОЛАМАФРӮЗ
КУРСАНТИ КУРСИ 4
ҶИК «ДУСТДОРОНИ ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ»

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...