Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкмими Истиқлолияти давлатӣ
Вазъи ноороми Душанбешаҳр моҳи ноябри соли 1992 намегузошт, ки дар он Иҷлосияи Шурои Олии ҷумҳурӣ озодона фаъолият кунад. Вале дар ин замони ҳам вазъият муътадил нагардид. Яке аз талабҳои вакилони мардумӣ ин дар шаҳри Хуҷанд даъват намудани Иҷлосияи Шурои Олии ҷумҳурӣ ва дар он ташкил намудани ҳокимияти қонунии Тоҷикистон буд.
9 –уми ноябри соли 1992 қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи 16-уми ноябри ҳамон сол, дар шаҳри Хуҷанд даъват намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (даъвати 12 - ум) баромад. Иҷлосия дар вақти муайяншуда, дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ҷамъ омад. Дар Иҷлосия дар қатори намояндагони халқ, арбобони илму фарҳанг, номояндагони ҳизбу ҳаракатҳо, командирҳои майдонҳои ҷангӣ аз ҳар ду тарафи бо ҳам муқобил, меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳузур доштанд. Мақсади асосии Иҷлосия – ин ноил гардидан ба мусолиҳаи миллӣ ва бунёди ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Комиссияи муросо ба рӯзномаи иҷлосияи 23 масъаларо дохил кард. Аз ҷумлаи масъалаҳои ба рӯзномаи Иҷлосия воридшуда: бозхонди раиси Шурои Олӣ; баррасии аризаи Р. Набиев оиди истеъфо аз мансаби Президентӣ; аризаи аъзоёни раёсати Шурои Олӣ, Девони Вазирон; муроҷиат ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; авфи умум; интихоби раиси нави Шурои Олӣ; ташкили Шурои Вазирон; аз муҳосираи иқтисодӣ озод намудани минтақаҳои алоҳида ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд.
Дар ҷойи намоёни Қасри Арбоб чунин шиор намоён буд: «Намояндагони муҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!».
Намояндагони халқ дар марҳилаи аввал зарур шумориданд, ки аз тарзи идоракунии президентӣ муваққатан даст кашида, боз ба идоракунии парламентӣ гузаранд. Дар натиҷа 19-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
27-уми ноябри соли 1992 бошад ҳукумати нави ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Ҳукумати иҷроияи ҷумҳурӣ ҳамон вақт иборат аз 20 вазоратҳо ташкил ёфт.
Рафти фаъолияти Иҷлосия нисбатан мӯътадил буд. Ин ҳам аз он гувоҳӣ медод, ки ҳар ду тарафи муқобил майли сулҳро доранд. 26-уми ноябр ҳатто барои иштирокчиёни Иҷлосия оши оштӣ ташкил карда шуд. Умуман Иҷлосияи Хуҷандӣ, ки то 2-юми декабри ҳамон сол кори худро давом дод, тамоми масъалаҳои пешниҳод гардидаро муҳокима намуда, оиди онҳо қарорҳои дахлдори таърихӣ оид ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ қабул намуд.
Аз ҳама муҳимтарин, ин Иҷлосия ҳукумати қонунии Тоҷикистонро бунёд намуд, ки онро ҳамагон эътироф намуданд. Аҳамияти бузргтарини ин Иҷлосия ҳам дар ҳамин аст. Дар чунин ҳолат ба пойтахти ҷумҳурӣ омада, ба фаъолият шурӯъ намудани ҳукумати қонунӣ хеле душвор буд.
Бо ташаббуси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби қисмҳои беҳтарини ҷабҳаҳои халқӣ Артиши миллии ҷумҳуриро ташкил дода шуд. Ин қӯшун давра ба давра бо техникаи навини ҷангӣ хубтар мусаллаҳ гардида, дар ҷангҳои минбаъда маҳорати ҷангии худро боз ҳам беҳтар сайқал медод. Ин ҳама имконият дод, ки ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар чӣ зудтар аз қувваҳои асосии мухолифин озод карда шавад. Бо ҳамин сабабҳо, минбаъд дар ҷумҳурии мо рӯзи 23-уми феврал ҳамчун Рӯзи Артиши миллӣ қайд карда мешавад.
Аз ҳамон рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёр гардид, зарурияти қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва қонунӣ гардонидани дастовардҳои истиқлолият ба миён омад. Зеро, қонунҳои дигари мамлакат бояд дар асоси он омада ва қабул карда мешуд. Ба ғайр аз ин зарурияти Конститутсияи навро муносибат бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба миён оварданд. Аз ҷумла барои онҳо маълум набуд, ки минбаъд мамлакати мустақили Тоҷикистон чӣ гуна давлат мешавад. Ҳамаи ин ҳолатҳо зарурияти қабули Конститутсияи навро ба вуҷуд оварданд.
Барои омода намудани лоиҳаи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ аз чумлаи олимон, махсусан ҳуқуқшиносон, гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Лоиҳаи омода намудаи ин гурӯҳ 13-уми апрели соли 1994, бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мӯҳлати то 15 июни ҳамон сол ба муҳокима гузошта шуд.
Баъди ба инобат гирифтани фикру андешаҳои мардум, лоиҳаи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ба райпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райпурсии умумихалқии мамлакат қабул карда шуд.
Ҳамин тариқ, Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкмими Истиқлолияти давлатӣ нақши асосӣ бозида, роҳи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистонро муайян намуд.
Сардори курси воҳиди таълимӣ низомии
факултети №2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон, полковники милитсия Шоҳиён Ш.Ш.