Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад...

2313Сиёсати хирадмандонаву адабпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносию худогоҳӣ, эҳёи анъанаву ойинҳои пешин, арҷ гузоштан ба осори инсонпарваронаи адибону олимони гузаштаи халқи тоҷик вусъати тоза пайдо намуд. 2314Ҳадаф аз иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони мардуми кишвар тақдим намудани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 аз он иборат аст, ки мардуми фарҳангпарвари мо аз гузаштаи дурахшони миллати худ огоҳии бештар пайдо кунанд ва ба қадри ин кишвари обод ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ бирасанд.
2315Баргузор намудани озмуни “Беҳтарин донандаи “Шоҳнома”-и А. 2316Фирдавсӣ” дар байни кормандзанони ВКД ва ҷузъу томҳои он иштирокчиёнро ба заҳматҳо, омӯзишу таҳлилҳо, ковишҳои таърихию фарҳангӣ, муборизаҳои паҳлавонону шоҳон барои ҳифзи марзу бум, ифтихори ватандорӣ, шаҳомати бузурги ориёӣ ва дигар арзишҳои муҳимми эҷодӣ ошно месозад.
2317Озмуни “Беҳтарин донандаи “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ”, ки дар байни кормандзанони ВКД ва ҷузъу томҳои он моҳи июли соли 2025 эълон гардида буд ва аз ду давр иборат буда, даври якум – моҳҳои август-сентябри соли 2025 ва даври дуюм, яъне даври ниҳоӣ 8-уми октябри соли 2025 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни ғолибони даври якум баргузор ва ҷамъбаст гардид.
2318Озмун дар доираи наминатсияҳои зерин ба роҳ монда шуд: 2319Маълумоти мухтасар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абулқосим Фирдавсӣ, қироати порчаи назмӣ аз достонҳои “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ, маълумот дар бораи қаҳрамонони “Шоҳнома”, мақсади асосии Абулқосим Фирдавсӣ аз таълифи “Шоҳнома”. Кормандзанони ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари суханронӣ дар доираи номинатсияҳо боз ба саволҳои иловагии ҳакамони озмун посух медоданд. Дар фарҷоми озмун аз ҷониби ҳакамон ғолибони озмун муайян гардиданд ва соҳиби мукофотҳо гардиданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар байни кормандзанони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани чунин озмунҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар давоми сол Озмунҳои “Беҳтарин донандагони забонҳои хориҷӣ”, “Тоҷикона мепӯшем”, “Кадбонуи беҳтарин” ва “Донандаи беҳтарини “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ” дар байни кормандзанони ВКД ва ҷузъу томҳои он баргузор гардиданд, ки мақсадии асосии доир намудани озмунҳо ин таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад. Тибқи нақшаи Ассотсиатсияи шурои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ чунин озмунҳо дар байни кормандзанони ҷузъу томҳои ВКД баргузор хоҳанд шуд.
Давлатшозода Азиза, Раиси Ассотсиатсияи шурои занони
ВКД, н.и.пед., дотсент, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...