Иштироки омӯзгорони Академия дар Намоишгоҳи “Китоби Душанбе”
20-уми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки то 22 октябр идома меёбад.
Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри беш аз даҳ давлати ҷаҳон ва ноширони Тоҷикистон китобҳои тозанашрро ба намоиш гузоштанд.
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.
Китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» гушаи Китобҳои Академия ва дигар олимони соҳавӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.







































































































































































