Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ - ОПЕРАТИВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ 4-И АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2337Санаи 16-октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи Фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ ва иштироки курсантони курсҳои 3 ва 4 бахшида ба Рӯзи кормандони оперативӣ конференсияи илмӣ амалӣ баргузор гардид. 2338Конференсияро муовини сардори факултет оиб ба қисми таълим н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки кормандони оперативӣ бояд ҳамеша ҳушёру зирак чолоку чаққон ва дурандешу нексиришт бояд бошанд. 2339Ҳамаруза марому манзалати самти оперативӣ руз аз руз афзуда истода мақому нуфузи милиса ин самтро ташкил медиҳад ва баҳри ошкор намудан огоҳонидан ва кушодани ҷиноятҳо кормандони оперативӣ кушишу талоши зиёд хоҳанд кард то, ки ҳар як ҷинояту ҷинояткори изи ҷиноят ноошкор намонад. 2340Мо кормандонро зарур аст, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи кори оперативӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем.
2341Дар идомаи конференсия якчанд нафар меҳмонон омӯзгорон ва курсантон баромад карданд ва ҳар яки онҳо вобаста ба мавзӯҳои баромадиашон таассуротҳои ҷолиб ва маълумотҳои муфидро қайд карда гузаштанд, зеро мавзӯҳои онҳо баҳри иштирокчиёни ин конференсия таассуроти зиёд бахшид.
2342БАРОМАДКУНАНДАГОН:
- Сардори шӯъбачаи ШКҶ РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Саидмирзозода Аббос дар мавзуи " Асосҳои оғоз ва қатъ намудани парвандаи ҷустуҷӯӣ "
- муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенанти калони милитсия Муродзода Фарҳод Ғайрат дар мавзуи " Заминаҳои ташаккулёбӣ фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ"дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "
- Курсанти курси 3, гурӯҳи 301 сержанти хурди милитсия Раҳмонзода Эҳсон дар мавзӯи " Инкишофи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар даврони истиқлолият "
- Курсанти курси 3, гурӯҳи 301, сержанти хурди милитсия Султонзода Манучеҳр дар мавзӯи " Саҳми Вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милитсия, д.и.ҳ., дотсент Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар инкишофи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ "
Дар охир конференсияи илмӣ- амалӣ бахшида ба рӯзи кормандони оперативӣ бо ибрози андешаҳои созанда ва пешниҳоди таклифу мулоҳизаҳои илмӣ оид ба мақоми корманди оперативӣ ва рушди минбаъдаи он ҷамъбаст гардид.

Муаллими кафедраи фаъолияти. оперативӣ ҷустуҷӯӣ МКД факултети 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия. Муродзода Ф.Ғ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...