МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЧУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ДУРНАМОИ ОН»
Бо мақсади таъмини иҷрои фасли 4, банди 33 нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотии Академияи, фасли 3, банди 9 нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотии факултет, фасли 3, банди 3 нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотии кафедра аз тарафи кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ санаи 23 октябри соли 2025 дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва дурнамои он» ташкил ва гузаронида шуд.
Мизи мудавваро муовини сардори факултет, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро барои ташриф овардан ба факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, баъдан қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон экстремизм ва терроризм аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амъоли он гувоҳ аст, ки экстремист ва террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст, баъдан сухани навбатиро ба сардори шуъбачаи ШММЗҶМ дар вилояти Суғд РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Рауфзода Хуршед дода шуд, ки подполковники милитсия Рауфзода Хуршед дар мавзуи.
«Сабабу омилҳои шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ ва хатарҳои муосири экстремизм ва терроризми байналмиллӣ» баромад намуда қайд намуданд, ки имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйиистифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Сабабу омилҳои пайдоиши чунин гуруҳҳо дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъ парастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ равона мекунанд.
Дар идомаи чорабини муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии факултети № 4 Академияии ВКД Ҷумҳҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Абдураҳмонзода И.И. дар мавзуи «Экстремизм дар замони муосир» баромад намуда қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатари экстремизм ва терроризм дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ изҳори нигаронӣ намуда, қайд намуданд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ, барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд
Инчунин аз тарафи курсантон низ баромадҳои вобаста оид ба мавзуи мизи мудаввар хело ҷолиб ва пурмуҳтаво шунида шуд. Ба монанди, курсанти курси 3, гуруҳи 304, сержанти хурди милитсия Юсуфзода Сайёра дар мавзӯи «Экстремизми динӣ ва гуруҳи радикалӣ», курсанти курси 2, гурӯҳи 201, милитсияи қаторӣ Исроилзода Манучеҳр дар мавзӯи «Пайдоиши экстремизм ва асосхои хукукии мубориза ба экстремизм» бо маърӯза баромад намуданд.
Ҳамзамон дар мизи мудаввар сардори кафедраи ФОҶ МКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. баромад намуда қайд намуданд, ку Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдрас гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ мақоми хосаро касб менамояд ва мову шуморо зарур аст, ки баҳри беҳтару хубтар омода намудани мутахассисон дар ин самт ҷаҳду талош намоем.
Баъди баромадҳо иштирокчиёни ҳамоиши илмии мазкур ба саволу ҷавобҳои додаашон оид ба мавзӯи тадрисшаванда посухи мушаххас гирифтанд.
Инчунин дар қисмати охир муовини сардори факултет, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф ба сардори шуъбачаи ШММЗҶМ дар вилояти Суғд РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳамкорӣ, иштирок ва баромад изҳори миннатдории худро расониданд.
Муаллими кафедраи ФОҶ МКД,
лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р.







































































































































































