Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

2354Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, давлат риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад. Имсол аз қабули Конститутсияи давлати демокративу ҳуқуқбунёдамон 31 - соли таърихӣ сипарӣ мегардад, ки дар ин вақти начандон тӯлонӣ бо шарофату заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ боз ҳам боло рафт.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии институтҳо ва масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, аз қабили ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ, салоҳият ва вазъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ муқаррар гардид. Инчунин тамомияти арзӣ, моҳияти демократию ҳуқуқбунёдӣ ва дунявию иҷтимоии давлат ва дигар падидаҳои воло боз ҳам мустаҳкамтар гардиданд.
Ин санади олӣ аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад ва ҳар қадар, ки солҳо гузарад, ҳамон қадар аҳамияту муҳиммияти таърихии ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар эҳёи давлатдории миллӣ воло мегардад.
Зарурат ва муҳиммияти қабули Конститутсияи кишварро дар бунёди давлатдории миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992, таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нав намуда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав, давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст». Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои қабулнамудаи ин иҷлосияи таърихӣ ва дар амал тадбиқ кардани вазифаҳои дар муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар ироашуда дар мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ бо суръат идома дода шуда, зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти арзишҳои байналмилалӣ ва вазъияти ҳамонвақта ба миён омад. Он замон ҳама ба хуби дарк мекарданд, ки қабули Конститутсияи нави кишвар аз ҷумлаи вазифаи муҳим ба шумор рафта, пешрафти ҷомеа ва ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва муайян намудани ҳадафҳои пешгирифтаи давлат маҳз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия имконпазир мегардад.
Ҳамин тариқ бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсия бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6 - ноябри соли 1994 қабул карда шуд. Конститутсияи соли 1994 бунёди давраи давлатдории нави миллати тоҷик мебошад.
Ба андешаи академик Маҳмудов М.А. дар қонуни асосии кишвар меъёри муҳим, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мустаҳкам карда шудааст, ки ин меъёри умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ба Эломияи умумии ҳуқуқи башар, ки имрӯз таърихи зиёда аз ҳафтод сола дорад, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ такя мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онро кафолат додааст. Ҳуқуқ ба ҳаёт арзиши табиӣ буда, касе ҳақ надорад, ки шахсро аз ҳаёт маҳрум созад. Ҳамин тавр, бештари меъёрҳои Конститутсия фарогири тамоми самтҳои фаъолияти инсон ва кафолатдиҳандаи амалишавии онҳо аз ҷониби давлат мебошад. Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрам ва асоси пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Воситаи асосии мустаҳкамкунӣ ва эътирофи озодӣ аз ҷониби давлат ин Конститутсия мебошад. Аз ин рӯ, як қатор меъёрҳои Конститутсия ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Далели гуфтаҳои боло ин аст, ки боби дуюми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» ном гирифта, он фарогири 34 модда мебошад. Кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия дар шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Масалан, дар моддаи 5 –и Конститутсия муқаррар гардидааст, ки: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Қисми 1 моддаи 14 Конститутсия низ муқаррар менамояд, ки:« Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд». Вобаста ба ин амалишавии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, аз кафолатҳои муайяни ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Кафолатҳои ҳуқуқӣ барои амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд равона карда шуда, онҳоро аз поймолшавӣ ҳифз мекунад. Дар баробари амалишавии ҳуқуқу озодиҳои пешбининамудаи Конститутсия дар моддаи 14, инчунин маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Гарчанде, ки дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешбинӣ шудааст, моддаи 47 ҳуқуқҳоеро пешбинӣ менамояд, ки онҳо наметавонад ҳатто дар давраи вазъияти фавқулода маҳдуд карда шаванд, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба ҳимоя, дахлнопазири шахс, дахлнопазири манзил, ӯҳдадории давлат барои пешниҳоди маълумот ва ғайраҳо. Кафолатҳои мазкур аҳамияти назаррас дошта, ҳуқуқу озодиҳоро аз поймолшавӣ нигоҳ медорад.
Бо назардошти суханҳои болозикр ба хулосае омадан мумкин аст, ки эътибор ва нуфузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқии асосӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудааст. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқарар намуда, ҳифзи онро кафолат додааст. Аз ин рӯ, ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия муфассал дарҷ гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки мо халқи Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дорем ва дар фазои сулҳу суботи ороми кишвари азизамон умр ба сар мебарем.
Омӯзгори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Давлатзода Саидмуҳаммад Мустафо

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...