Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 - ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА ҚОНУНИЯТ

2355Аз Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол сипарӣ гашт, ки ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамо ва рӯйдоди бузурги таърихии тақозои замон, яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон аст.
Ҳамасола 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукуҳу ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузории комил аз дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи санаҳои фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басе азизу мукаррам аст, таҷлил менамоянд. Инак сию як сол ҳаст, ки дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, саъю талош менамоянд.
Истиқлолияти давлатӣ боиси рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат гардида, дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳилаи нави сохтмони давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро оғоз бахшидааст.
Дар ин марҳилаи паси сар намудаи пурбаракаташ Тоҷикистони мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландаш роҳи пуршараферо тай намуда, имрӯз давраи комилан нави рушду инкишофро аз сар гузаронида истодааст.
Давлати соҳибистиқлоли мо, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо таҳаввули ҳаёти ҷомеа муҳтавои арзишҳое, ки барои мардум фазои ҳамкории мусолиҳатомезро фароҳам месозанд, тадриҷан мукаммалу дигаргун мешаванд ва он дар навбати худ зарурати такомули фаъолияти гуногунҷанбаи аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Ин дигаргунию пешравиҳо ба Ватани азизамон аз бисёр ҷиҳат дар заминаи Конститутсияи мамлакат муяссар гардид, ки имсол 31-солагии қабули онро ҷашн хоҳем гирифт.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, ифодагари ормонҳои давлати муосир, аз ҷумла, соҳибихтиёрии давлатдории миллӣ, модулҳои нави инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, падидаҳои нави ҳокимияти давлатӣ, инкишоф ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро доро мебошад.
Дар иртибот ба ин амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Эълони Истиқлолияти давлатӣ оғози таърихи навини Тоҷикистон аст. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷикон воқеаи хушу фараҳманд рух дод – давлатдории тоҷикон эҳё гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки бо ба даст овардани истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили мамлакат равандҳои сиёсӣ, плюрализм, демократияхоҳӣ, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ки онҳо даъвои ҳокимиятхоҳӣ карданд, як раванди бенизомиро дар кишвар ба вуҷуд овард. Дар натиҷа майдонишинию намоишҳо ва роҳпаймоиҳои беҳуда миллатро бо гурӯҳҳои бо ҳам муқобил ҷудо кард. Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки миллат ба вартаи моҷарои мусаллаҳонаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ паёмадҳои зиёдеро ба бор овард, ки он ҳамчун таҳдид ба манфиатҳои миллӣ гардид ва рушду инкишофи давлатро даҳсолаҳо қафо бурда ба маънавиёт ва ҷони инсонҳо таъсири ҷиддии манфие расонид, ки онҳо ҳаргиз барқарорнашаванда буданд. Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори босо мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992) баргузор мегардид, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто масъулияти роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд.
Дар чунин ҳолати хавфу хатарҳо ва таҳдидҳои пай дар пай вакили халқӣ, шахси лоиқу арзанда ва сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва аҳаммияти таърихии иҷлосияи мазкур низ аз ҳамин иборат аст. Сулҳу ваҳдат, баргардонидани фирориён ва пешрафти минбаъдаи мамлакат ба номи ӯ вобастагӣ дорад ва муҳаққиқ Озода Раҳмон аҳаммияти таърихии иҷлосияро таъкид намуда, қайд кардааст, ки «...Иҷлосияи XVI нуқтаи сарҳисобест, ки дар худшиносии воқеии миллӣ таҳаввулоти куллӣ ба миён овард». Мавсуф андешарониҳои хешро перомуни иҷлосия идома дода, чунин таъкид кардааст: «Муҳимтар аз ҳама дар иҷлосия шахсияти бузурги миллӣ рӯйи кор омад, ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ миллату кишварро аз вартаи парокандагӣ ва нобудӣ берун кашид».
Тасдиқи ин гуфтаҳо Муроҷиатномаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданаш дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Аз ибтидо дар суханронию фаъолияти кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум буд, ки ин шахс инсони фавқуллодаест, ки сухану кораш якест. Дар он айёми пурфоҷиа, ки кам касон вазифаи роҳбарии давлатро ба уҳда мегирифтанд ӯ ягона чеҳраи мондагоре буд, ки манфиатҳои худро пушти по зада барои ҳифзи манфиатҳои омма, ба хусус қишри осебдида талош варзид ва ба мақсади худ расид.
Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз ба шарофати ин Иҷлосия шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлаташонро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуданд. Қабули Конститутсия ва дар асоси он интихоб намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ ҷумҳуриро ба сӯи таҳкими ҳокимият ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳидоят менамуд.
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқаррарсозӣ ва кафолати арзишҳои дар моддаи якум нишон додашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ омили муҳим мебошад. Тибқи Конститутсия шакли идораи давлатии Тоҷикистон ҷумҳурӣ мебошад ва сарвари давлат Президент аст. Вобаста ба ин омил вазъи конститутсионии Президент муайян карда шуда, салоҳияти он ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия нишон дода шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкурсии ҳуқуқӣ-сиёсии ягонагии давлат ва таъмини бехатарии он мебошад. Мувофиқи он ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои қудратии он масъулияти таъмини бехатарӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзии давлатӣ ва истиқлолияти Тоҷикистонро ба ӯҳда доранд.
Яке аз нишонаҳои давлати ягона доштани рамзҳои давлатӣ мебошад, ки аз Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ ва пойтахт иборат мебошад. Конститутсия дар боби асосҳои сохтори конститутсионӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистонро муайян кардааст ва қонунҳои ҷумҳурӣ онҳоро муфассал танзим намудаанд. Маврид ба ёдоварист, ки конститутсия ягона санади асосии халқи тоҷик мебошад, ки таҷзияи ҳокимиятро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо намудааст. Дар асоси ин меъёри конститутсия қонунҳои конститутсионии зиёде қабул ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бо шарофати қабули конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Дар асоси ин санади муқаддас халқи Тоҷикистонро ҷомеаи башар чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохт. Миллати сарбаланди тоҷик аз конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат намуданро ба қонунҳо омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёди тоҷик мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст. Конститутсия дастгиру раҳнамои халқи тоҷик мебошад ва вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат аст, то онро риояву ҳифз намояд.
Қосимов Файзалӣ Маҳмадович - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Ҳуснидин Холмуҳаммадзода - профессори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...