Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

2359Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - қонуни асосии Тоҷикистон буда, 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумӣ қабул карда шуд ва 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003 ва 22-уми майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҳама сол дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябро ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.Зеро қонуни асосии кишвар кафили амнияти ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад.
Дар ин рӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷашни пуршукӯҳ ва як рӯзи таърихӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор карда мешаванд.
Маҳз ин санад расман ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро кафолат дод. Вобаста ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1990 кор оғоз шуда буд, ки он се давраро дар бар мегирад, Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид. Ҳануз 23 августи соли 1990 мувофиқи Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи Конститутсионӣ оид ба тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 53 нафар таъсис дода шуд, тобистони соли 1991 онҳо шакли аввали лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода сохтанд.Бо пош хӯрдани Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалисти идомаи кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқуф гузошта шуд.Давраи дуюми фаъолият оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр оғоз мешавад. Гурӯҳи корӣ дар мӯҳлати муқарраршуда лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, ба муҳокимаи умумиҳалқӣ тавсия намуданд.Давраи сеюми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Иҷлосияи Шурои Олӣ аз санаи 26 июни соли 1993 дар бораи тағйир додани Комиссияи Конститутсионӣ алоқаманд аст.
Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсия дар ду матн, яъне Республикаи Президентӣ ва Республикаи Парламентӣ пешниҳод гардид. Баъди омӯхтани дақиқ ва ҳамаҷониба Комиссияи Конститутсионӣ лоиҳаи Республикаи Президентиро барои муҳокимаи халқ тавсия мекунад, ки он бо қарори Раёсати Шурои Олӣ аз 13 апрели соли 1994 расман қонунӣ гардонида мешавад.
Санаҳои 21-22 июли соли 1994 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, барои райпурсии умумиҳалқӣ тавсия гардид. Хушбахтона ҳамин лоиҳаи Конститутсия 6 -ноябри соли 1994 аз ҷониби халқ дастгирӣ ёфта, қабул гардид. Солҳои минбаъда пешравиҳо и ҷомеа ва ҷиҳати демократикунонии ҳарчи бештари он зарурияти ворид кардани тағйироту иловаҳоро ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овард. Ин буд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба тағйироту иловаҳо ворид шуд, аз ҷумла 22 июни соли 2003 ба 56 моддаи он тағйироту иловаҳо ворид шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқи давлатӣ яке аз дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда дар он соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон, эълон шудаанд.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми худ давлати моро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократии дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар Конситутсияи ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода ёфтааст.
Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро узви ҷомеаи башар, такягоҳи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ҳамзамон бо ин пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ пеш аз ҳама, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.
Конститутсия Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда пешбинӣ шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони ҳориҷӣ, аз ҷумла таъминоти моддиву иҷтимоии нафақаҳӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри Конститутсионӣ ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, аз ин лиҳоз қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул шуда, дигар чорабиниҳои дахлдори давлатӣ амалӣ мешавад.
Конститутсия нахустин Қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, ки дар он таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтааст. Таҷрибаи амалӣ гаштани ин меъёрҳои конститутсионӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ заминаи ташкилу фаъолияти мӯътадили ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид.
Конститутсия муҳимтарин рукнҳои зоҳирёбии инсон ҳуқуқу озодиҳои онро низ ҳамҷун арзиши олӣ эътироф намудааст, зеро бе арзиши олӣ эълон намудани ҳуқуқи инсон, таъмини волоияти қадру манзалати он имконнопазир аст. Аз ин рӯ, дар фарқият аз таълимоту назарияҳои фалсафӣ Конститутсия чун воситаи муҳими гиромидошт ва таъминкунандаи арзиши олии инсон ҳуқуқу озодиҳои ӯро мавриди ҳимоя ва эътироф қарор медиҳад. Таъмини мақоми инсон дар ҷомеа танҳо дар натиҷаи риояи волоияти ҳуқуқу озодиҳо ва иҷрои масъулияти қонун имконпазир мегардад. Амали ҳимояи ин ҳуқуқҳо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар бо нишондоди Конститутсия сурат мегирад. Вобаста ба риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дода шудааст, чунончӣ, дар моддаи 5-ум ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шудааст. «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».Ҳаёти инсон бузургтарин неъмат аст, ки бидуни он дигар арзишу ченакҳо қиммати худро гум мекунанд. Бо эътирофи дахлнопазирии қадр, номус, мо муҳимтарин қисмати зоҳирёбии инсон ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии ӯро ҳимоя меқунем.
Воқеан, натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Имрӯз мо ифтихор дорем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошем ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунем. Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо моро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.
Асламов Б.С. - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э. - дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...