Иштироку омузгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия
Қонуни асосии ҳар як давлат Конститутсия буда, дар асоси он хусусиятиҳои давлати муайян карда мешавад. Дар байни қонунҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсусро ишғол менамояд.
Дар он асосҳои сохти давлатӣ, ҳуқуқҳои асосӣ ва вазифаҳои шаҳрвандон, салоҳияти Маҷлиси Олӣ, Президент ва амсоли инҳо мустаҳкам карда мешавад.
Санаи 30 октябри соли 2025 соати 14:00 дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултети филологияи тоҷик конференсияи илмию – амалӣ ҷумҳурияви дар мавзӯи «Конститутсия – бахтномаи миллат» ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Конференсияи илмӣ – амалиро муовини декани илм ва иноватсияи факултети филологияи тоҷик Мирзозода Ноил кушода иштирокчиёнро ба баромадкунандагон шинос намуда ва аз гуфтаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомал Раҳмон, ки ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ муяссар гардид, ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардид, ки онҳо дар пойдории рукнҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳокимияти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва тақвияти раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд замина ва зербиноӣ мустаҳкам гузоштанд суханронӣ намуда конференсияро оғоз намуд ва баъдан сухани навбатиро ба муаллими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети № 4, кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, лейтенанти калони милитсия Ревазода Муқаддас Рева дода шуд, ки бо маърӯзаи худ дар мавзӯи «Конститутсия – шиносномаи миллат», ва муаллими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети № 4, муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, лейтенанти калони милитсия Муродзода Фарҳод Ғайрат бо маъруза дар мавзӯи «Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз», инчунин номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Тоҷибоев Шарифҷон Ғайбуллоевич дар мавзӯи «Конститутсия – асоси устувории давлат ва рушди ҳуқуқбунёд» иштирок ва баромад намуданд. Дар конференсияи илмӣ -амалӣ ҳайати омӯзгорону донищҷуёни курси якум ва дуюм низ иштирок доштанд.
Конститутсияи ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ба амалӣ намудани марому мақсадҳои дар он гузоштаи миллати тоҷик куҳанбунёдамон, барои бунёди давлати муосире, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил дода дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар он аст, ки он чун ҳуҷҷати сиёсӣ дар баробари таъмини пойдории ҳокимияти конститутсионӣ барои таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти идоракунии давлатӣ замина гузошта дар асоси он ислоҳоти ҳуқуқӣ бомаром амалӣ гардидааст.
Муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, лейтенанти калони милитсия Ревазода Муқаддас Рева







































































































































































