Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия омили пешрафти давлати демократӣ

2371«Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023.
Зери мафҳуми “Конститутсия” дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан Қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори марзӣ – давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст.
Агар аз ҷиҳати луғавӣ бигирем, конститутсия аз калимаи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънояш “муқарраркунӣ”, “сохтор” мебошад. Мафҳуми конститутсия дар вақти ба амал омадани инқилобҳои буржуазӣ ба миён омадааст. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, танзимкунандаи муносибатҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёри давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошанд.
Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муқаррар менамоянд.Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия ҳуҷҷати одӣ набуда, ҳуҷҷати муҳимми созишест, ки дар он манфиати тарафҳо ба қадри зарурӣ инъикос ёфтааст. Тағйирёбии манфиати қувваҳои дар ҳокимиятдорӣ иштирок дошта вобаста ба мавқеи онҳо дар таркиби ҷамъият, ба тағйирёбӣ ва ба дигаргуншавии конститутсия сабаб мегардад. Яъне нафақат пайдоиш, балки мавҷудият ва инкишофи Конститутсия низ ба созиши қувваҳои иҷтимоӣ-сиёсии ҷамъият алоқаманд аст. Устувории Конститутсия бо пойдории муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра, ки дар марҳалаи муайян дар ҷамъият амал мекунанд, вобаста аст.Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад.
Дар давлате, ки Конститутсия мавқеи устувори шикастнопазирӣ дорад, ин мустаҳкамии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро ифода менамояд.Конститутсия яке аз ҳуҷҷатҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта таъсири муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, принсипҳои ҳуқуқиро муаян мекунад.
Пайдоиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташакули давлати тоҷикон буда, панҷ давраро дар бар мегирад. Якум давра соли 1929, дуюм соли 1931, сеюм соли 1937, чорум соли 1978, панҷум бошад 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида қувваи қонунӣ гирифт.Мардуми куҳанбунёди тоҷик Конститутсияи худро қабул намуда ва ҳуқуқи озодиҳои инсонро муқаддас шумурданд. Конститутсияи мазкур дорои 10 бобу 100 модда иборат мебошад. Инчунин дар он то ин вақт 3 маротиба тағиру иловаҳо солҳои 1999, 2003, 2016 ворид карда шудааст.
Конститутсияе ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид гувоҳи соҳибихтиёри, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани миллату давлати тоҷик мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда барои ҳар як шаҳрванд беҳтарин шароити зиндагӣ фароҳам меоварад. Мо ҷавонон аз он меболем ки дорои Конститутсияи худ ҳастем ва ба тариқи он ҳуқуқи ӯҳдадориҳои худро риоя намуда орому осуда умр ба сар мебарем.Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як воқеаи тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гардид. Ин санад натиҷаи иродаи умумихалқӣ буда, заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ гузошт. Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Конститутсия омили бақои давлат, ваҳдати миллат ва кафили ҳаёти осоиштаи мардум аст».Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи адолат, озодӣ ва ҳувияти миллӣ боқӣ монда, барои наслҳои оянда роҳи равшан ба сӯйи давлати демократӣ маҳсуб меёбад.
Сардори курси 3-юми воҳиди таълимӣ факултети №2 Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шоҳиён Ш.Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...