КОНСТИТУТСИЯ ШОҲСУТУНИ МИЛЛАТ
Конститутсия ҳуҷҷати муқаддасест, ки асоси ҳастии давлат, рамзи ягонагии миллат ва кафолати зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди озодро таъмин менамояд. Барои ҳар миллат Конститутсия чун шоҳсутуни бақои давлатдорӣ ва рамзи муқаддасоти миллӣ арзиш дорад. Ба ин маънӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пояи устувори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва василаи мустаҳкамгардонии ваҳдати миллӣ мебошад.Дар таърихи навини тоҷикон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 на танҳо рӯйдоди ҳуқуқӣ, балки лаҳзаи эҳёи давлатдории миллӣ ва мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ буд. Ин сана ҳамчун рамзи шинохти навини давлатдории тоҷикон, нишондиҳандаи ҳадафҳои бузурги миллат ва шоҳасари фикрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудааст.Ҳар давлат пояи устувори худро дар рӯйи қонун мегузорад. Аммо дар миёни тамоми қонунҳо танҳо як қонун аст, ки боло ва муқаддастар аз дигарон аст он Конститутсия мебошад. Конститутсия барои давлат монанди сутуни асосии хона аст: агар ин сутун суст шавад, пояи давлатдорӣ низ метаҳлука меафтад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони душвор давраи ҷанги шаҳрвандӣ қабул гардид. Маҳз бо шарофати иродаи устувори Пешвои миллат ва ваҳдати ақлонии ҷомеа ин ҳуҷҷати таърихӣ тавонист миллати парокандаро муттаҳид созад ва роҳ ба сӯи сулҳ, субот ва ободиро ҳамвор намояд. Бо қабули Конститутсия тоҷикон на танҳо давлатдории худро эҳё намуданд, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит карданд, ки миллати тоҷик соҳиби фарҳанги волои ҳуқуқӣ ва арзишҳои баланди давлатсозист.Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, вақте ки кишвар гирифтори низоъ ва парокандагии сиёсӣ буд, зарурати таҳияи як санади ҳуқуқии асосӣ ба миён омад. Бо ташаббуси Президенти тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 Комиссияи таҳияи Конститутсия таъсис дода шуд. Ин комиссия бо ҷалби мутахассисони варзида, ҳуқуқшиносон ва олимони кишвар дар муҳити пурташаннуҷ ва бо масъулияти азим лоиҳаи Конститутсияро омода сохт. Ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ ба лоиҳаи пешниҳодшуда овоз доданд ва онро бо аксарияти комил қабул карданд. Аз ҳамон рӯз Тоҷикистон дорои Конститутсияи миллии худ гардид, ки пояи тамоми қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии дигар мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мазмун ва моҳият ҳуҷҷати миллӣ ва мардумсолор аст. Он аз рӯҳи таърих, фарҳанг, анъана ва таҷрибаи давлатдории тоҷикон илҳом гирифтааст. Дар он арзишҳои умумибашарӣ, озодии инсон, баробарии шаҳрвандон, соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллӣ таҷассум ёфтаанд. Дар баробари ин, Конститутсия давлатро вазифадор месозад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст, ки Тоҷикистон бо ифтихор дар зери сояи ин арзишҳо рушд мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки муаллифи маънавии Конститутсияи кишвар мебошанд. Дар давраи таҳия ва қабули он шахсан роҳбарӣ намуда, тавонистанд ба ин санади таърихӣ рӯҳияи миллӣ, мазмуни инсонгароёна ва вижагиҳои фарҳанги давлатдории тоҷиконро ворид созанд.Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки Конститутсия на танҳо қонун, балки “шартномаи виҷдонии ҳар фарди ҷомеа бо Ватан” аст. Бо ҳамин маънӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пайгирии устувор тамоми ислоҳоти минбаъдаи конститутсиониро низ бо назардошти манфиати мардум ва эҳтироми арзишҳои миллӣ роҳандозӣ намуданд.Ислоҳоти солҳои 1999, 2003 ва 2016 марҳилаҳои муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таҳвили сохтори сиёсӣ ва мутобиқсозии Конститутсия ба воқеияти замон буданд. Агар Конститутсия қабул намешуд, шояд сулҳ ва ваҳдати миллӣ низ бо ин шиддат ва устуворӣ пойдор намегашт. Зеро маҳз ин ҳуҷҷат меъёри ягонагии давлат ва ҷомеа гардид. Он миллати тоҷикро аз парокандагии сиёсӣ ба сӯи иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмӣ раҳнамун сохт.Имрӯз ҳар як фарди ватандӯст ба хубӣ медонад, ки ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ зодаи қонуният, адолат ва риояи меъёрҳои Конститутсия мебошанд. Яке аз ҳадафҳои аслии Конститутсия сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст, ки дар он қонун бар ҳама боло бошад. Бар пояи ҳамин принсип дар Тоҷикистон низоми қонунгузорӣ ва судӣ такмил ёфта, адолати иҷтимоӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ устувор гаштааст.Давоми се даҳсола қонунҳо, барномаҳо ва сиёсати давлатӣ бо такя ба Конститутсия таҳия ва иҷро мешаванд. Ҳама ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҳамин сарчашма об мехӯранд. Ҷавонон ояндаи давлатанд. Аз ин рӯ, Конститутсия дар моддаҳои худ аҳамияти хосса ба тарбия ва таҳсили насли ҷавон медиҳад. Он ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, озодии андеша ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятиро кафолат медиҳад. Пешвои миллат борҳо зикр намудаанд, ки “ҷавонон бояд посдори арзишҳои Конститутсия бошанд, зеро онҳо соҳибони ояндаи давлатанд”. Имрӯз ин андешаҳо дар сиёсати ҷавонон, барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии кишвар амалӣ мегарданд. Дар тӯли солҳои истиқлолият Конститутсия собит намуд, ки он танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нест, балки рамзи ягонагӣ, сулҳ ва давомнокии давлат аст. Ҳеҷ як дигар санад наметавонад чунин таъсири густарда ба ҳаёти маънавию сиёсӣ дошта бошад.Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи беҳтарин қонунҳои асосии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Созмонҳои байналмилалӣ онро ҳамчун намунаи тавозуни арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ эътироф кардаанд.Хулоса Конститутсия ин оинаи равшани давлат ва миллат аст. Он на танҳо қонуни асосии кишвар, балки рамзи шараф, худшиносӣ ва иттиҳоди миллӣ мебошад. Ҳар тоҷики соҳибвиҷдон бояд онро чун муқаддасоти миллӣ эҳтиром намояд ва риояи онро қарзи шаҳрвандии худ донад. Имрӯз, дар шароити ҷаҳони пуртазод, вақте ки субот ва ваҳдат арзиши бузург дорад, ҳифзи Конститутсия ва риояи меъёрҳои он маънои ҳифзи давлат, сулҳ ва истиқлолиятро дорад. Бигузор, ин ҳуҷҷати муқаддас ҳамеша чун шоҳсутуни миллат, сутуни устувори давлатдорӣ ва рамзи ваҳдати миллӣ боқӣ монад.
Муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии
факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
майори милитсия Муҳитдинзода Ф.







































































































































































