Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТУТСИЯ РАҲНАМОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

2373Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 бо иродаи мустақили мардуми тоҷик қабул гардид, санади сарнавиштсоз ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Ин ҳуҷҷати муқаддас роҳи пешрафт, оромӣ ва ваҳдати миллиро барои миллат кушод ва Тоҷикистонро ба марҳилаи нави таърих давраи ҳуқуқбунёдӣ, демократӣ ва дунявӣ ворид сохт. Дар саҳифаҳои тозаи таърихи миллат Конститутсия ҳамчун рамзи ваҳдату давлатдорӣ, меъёри адолату озодӣ ва сипари ҳуқуқи инсон сабт шудааст. Он натиҷаи заҳмати фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ақлу заковати сиёсӣ ва иродаи қавӣ тавонистанд кишварро аз гирдоби низоъ берун оварда, ба сӯи сулҳу субот ва эъмори давлати навин роҳнамоӣ намоянд.Маҳз Конститутсия заминаи устувори пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт гардид аз эҳёи иқтисод то таҳкими истиқлолияти фарҳангӣ ва миллӣ. Дар рӯҳияи ҳамин санад Тоҷикистони навин бунёд ёфт, қонунҳо такмил ёфтанд, арзишҳои инсонӣ эҳё шуданд ва шаҳрвандон эҳсоси масъулияту соҳибихтиёрӣ пайдо карданд. Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди кишвар на танҳо як китоб, балки қиблаи маънавии давлат аст. Он меъёрҳои ҳаёти давлатиро муайян мекунад, ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад ва ҳамзамон масъулияти шаҳрвандро дар назди Ватан ва ҷомеа таъкид менамояд.Имрӯз, дар шароити ҷаҳони пуртазод, нақши Конститутсия боз ҳам муҳимтар мегардад. Зеро маҳз он ҳифзгари истиқлолият, кафили суботи сиёсӣ ва заминаи иттиҳоду ҳамбастагии шаҳрвандон мебошад. Конститутсия моро водор месозад, ки Ватанро дӯст дорем, қонунро эҳтиром намоем ва дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳм гузорем. Насли ҷавон бояд бо ифтихор донад, ки соҳиби чунин сарчашмаи муқаддаси ҳуқуқ аст сарчашмае, ки ба ӯ озодӣ, имконият ва масъулияти шаҳрвандиро ато намудааст. Конститутсия дар асл, на танҳо қонун, балки паймони давлат бо миллат аст, ки рӯҳи ваҳдату ҳамбастагиро дар қалби ҳар як тоҷик зинда нигоҳ медорад.Имрӯз, вақте ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувор ворид шудааст, эҳтиром ва иҷрои Конститутсия нишонаи баланди ватандӯстӣ ва хирадмандии шаҳрвандон аст. Зеро ҳар қадам, ҳар дастоварди давлат ва ҳар муваффақияти миллат дар сояи ҳамин санади муқаддас қарор дорад.Ҳар як халқу миллат дар саҳифаҳои зиндагии худ лаҳзаҳои сарнавиштсоз дорад лаҳзаҳое, ки на танҳо роҳи рушди минбаъдаро муайян мекунанд, балки арзишҳои олию инсонӣ ва ормонҳои миллиро таҷассум мебахшанд. Маҳз 6 ноябри соли 1994 барои миллати тоҷик чунин рӯзе буд, ки қонунҳои зиндагии ҷомеаи нав, давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи демократиро ба низом даровард.
Бигзор Конститутсия ҳамчун рамзи адолат, ваҳдат ва истиқлолият ҳамеша болои сари миллати тоҷик парафшон бошад! Бигзор ҳар як тоҷик дар қалб эҳсос намояд, ки зери сояи ин санад ӯ соҳиби озодӣ, шараф ва масъулияти шаҳрвандист!
Муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии
Факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия
Некрузи Ҳ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...