Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

2373”Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Барои инкишофи давлат ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва бо мақсади ба як низоми муайян даровардани ҷомеа ва танзими муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, санади роҳнамое лозим аст, ки дар асоси он ҳуқуқу озодиҳо, рушду танзим мегарданд. Ин санади роҳнамо дар ҳақиқат Конститутсия мебошад. Ҳамаи қонунҳои танзимкунандаи соҳавӣ аз конститутсия манша гирифта, баъдан мавриди амал қарор дода шуда сипас ба табъ мерасанд. Ин равандҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, рушди ҷомеа ва нишонаи арҷгузории асосҳои давлатдорӣ, ба шумор меравад.
Ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқии мамлакат роҳнамо ва танзимгари дигар қонунҳо низ ба шумор рафта, шаҳомати сиёсии мамлакатро маълум намуда ва ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро муқаррар намуда ва таъмини онро кафолат медиҳад.Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муайян кардааст ва назар ба дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ бартарии зиёд дорад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои соҳибистиқлолии дунё ба шумор рафта ба зиёда аз 186 давлати кураи замин муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст ва зиёда аз 200 мамлакати дигар истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё ба шумор меравад ва ҳамин дастовардҳои бузурги конститутсионӣ боиси баланд шудани нуфузу шаҳомати он дар дунё гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардид ва барои рушду дигаргуниҳои сиёсию иқтисодии мамлакат се маротиба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Агар мо ба таърихи начандон тулонии мамлакатамон назар андозем аз марҳилаи оғози қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз он қадар муддати зиёд нагузаштааст, аммо дар кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Бо шарофати ин санади бузург заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои мамлакат гузошта шуд. Конститутсия роҳнамои рушди ояндани равшани мамлакатро муайян намуд.
Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати бузурги пешрафтаи сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил гардидааст.
Аввалин маротиба дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва санадҳои олии ҳуқуқӣ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.
Асли ин санади олии ҳуқуқӣ дар он инъикос мегардад, ки ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёри - ҳуқуқӣ бояд ба он мутобиқат карда шавад, чунки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат, низоми ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин, муносибатҳои байни онҳо аниқ ва дақиқ муайян карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар вохӯриҳои худ ва ҷаласаҳо иброз намудаанд, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва кафили рушди давлатдории тоҷикон аст». Ин андешаи Пешвои миллат дар он таҷассум мегардад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рамзи соҳибихтиёрӣ ва муносибатҳои ҷамъиятию сиёсии мамлакатамонро дар тули таърихи начандон бисёрсола инъикос намудааст.
Бояд иброз намуд, ки Конститутсияи ҳамчун арзкунанда ва роҳе ба сӯи фардои нек моро водор месозад, ки дар оянда низ бо риояи арзишҳои воло ҷомеаи худро тавонем аз ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ нигоҳ дорем ва Ватани азизамонро гулгулшукуфон намоем.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин на танҳо як ҳуҷҷат,санади ҳуқуқӣ балки рамзи ваҳдат, пойдории давлат ва иттиҳоди миллат ба шумор меравад.
Арҷ гузоштан, риоя ва эҳтироми он вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванд барои таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа вазифадор аст, ки саҳми бевоситаи худро бояд гузорад.
Профессори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия
Зиёратшозода М.З.
Курсанти курси 2 факултети №2
Назруддинов Ҷамшед

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...