Таҳқиқи милитияи тоҷик дар солҳои истиқлолияти давлатӣ
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Комиссариати халқии корҳои дохилӣ-КХКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи расмии фаъолияти худро 6-феврали соли 1925 дар бинои имрӯзаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шурӯъ намуд.
Аммо ба ақидаи профессор Розиқзода А.Ш. мақомоти милитсия (политсия) - и Тоҷикистон дар ибтидои таъсисёбӣ ба се давраи таърихӣ ҷудо мешавад: давраи якум солҳои 1917-1924 дар қисмати шимоли Тоҷикистон ва Бадахшони Кӯҳӣ дар ҳайати генерал-губернатори Туркистон; давраи дуюм 1920-1924 дар Бухорои шарқӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро; давраи сеюм 1924-1929 баъд аз тақсимоти маъмурӣ-марзии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон.
Маълумотҳо дар бораи фаъолияти политсия дар аморати Бухоро ба ҳайси «миршаб» маълум буданд, ки дар ин бора маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш (1827-1897) дар асарҳояш маълумот додааст. Миршаб ҳамчун «полисмейстер» бар зидди дуздӣ, авбошӣ, тангаҳои қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мубориза мебурд. Сохтори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар нимаи дуюми асри XIX ва асри XX дар асарҳои олимони рус аз қабили Семенов А.А., Арандаренко Г.А., Липский В.И., Логофет В.И., Маев М.А., Снесарев А.Е., Стремаухов Н., Хаников Б. ва дигарон инъикоси худро ёфтааст. Дар бораи фаъолияти политсияи тоҷик то инқилоб дар Хуҷанд Стеско И.А., Турсунов Х.Т., Каримов Т.Р., Б.Ғафуров, Искандаров Б.И., Раҷабов З.Ш., Мулукаев Р.С. низ иттилои васеъ доданд.
Соли 1924 моҳи сентябр дар назди Комиссариати Халқии Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии мухтори Туркистон бо роҳбарии Петров Г. «Комиссияи Марказии мураттабсозии милитсияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Мухтори Туркистон» таъсис дода мешавад, ки бинобар сабаби тақсимоти маъмурӣ - марзии Осиёи Миёна он мутаассифона пурра амалӣ намегардад.
Ба омӯзиши таърихи милитсияи тоҷик солҳои 60-уми асри XX Мотилёв Я.С., Лисенко Е.А. машғул шуда, якчанд очеркҳои публисистӣ ба нашр расид, ки паҳлуҳои гуногуни номаълуми таърихи милитсияи Тоҷикистон ошкор гардид.
Аз соли 1867 то соли 1929 политсия дар қисматҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони ҷанубу шарқӣ, Бадахшони Кӯҳӣ, вилоятҳои Самарқанд, Фарғона фаъолият дошт. Дар ин бора якчанд ҳуҷҷатҳои бойгонӣ «Комиссияи диктатории фавқулодаи КМИБ оид ба парвандаҳои Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-1), «КМИ Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-2), «Раёсати Марказии муҳофизаи Бухорои Шарқӣ», «Кумитаи иҷроияи шурои коргарон, деҳқонон ва аскарони сурхи вилояти Душанбеи Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-6) нигоҳдорӣ шуда, дар бораи тартиби фаъолияти милитсия (политсия) дар ин солҳо иттилоъ медиҳанд.
Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳайати милитсияи Шуравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 - сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шуравӣ муаррифӣ карда мешуд.
Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта, хусусиятҳои ба худ хосро касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф меёфт. Паҳлуҳои гуногуни фаъолияти милитсияи тоҷик дар асарҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Р.Ҳ. «Фаъолияти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ: таърих ва давраи муосир», доктори илмҳои таърих Розиқзода А.Ш. - «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон», доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назаров Н.Ҷ.- «Милитсияи Тоҷикистон дар шароити истиқлолият (1991-2009)», доктори илмҳои таърих Назаршоев Н.М. - «Таърихи ҳарбии Тоҷикистон», доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зоир Ҷ.М. - «Заминаҳои ҳуқуқии пайдоиш ва инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих Имомёрбеков А. - «Дар роҳи адолат», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қосимов Ф.М. - «Ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих, полковники мустаъфӣ Абдулов А.М. - «Асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи низоми пенитенсиарии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ва дигар олимони ватанӣ ба таври васеъ дарҷ гардидаанд.
Туробзода Ф.Р., Ҳикматуллозода А.Ҳ. -
курсантони курси 5-уми факултети №2







































































































































































