Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

2378Дар таърихи ҳар як давлату миллат рамзҳои давлатӣ нақши муҳими сиёсӣ - тарбиявӣ мебозад. Вақте ки дар бораи Парчам сухан меронем моро ифтихори баланди ватандӯстӣ фаро мегирад. Миллати тоҷик ҳамчун миллати қадима ва дорои таъриху фарҳанги бой ҳамеша дорои Парчам буд.
Парчам дар аҳди бостон ҳамчун рамзи давлатдорӣ барои пешрафти ҷомеа нақши муҳими тарбиявӣ дошта, халқи точикро дар атрофи худ доимо муттаҳид месохт. Ин боиси он гардид, ки миллати мо зери Парчам бар зидди аҷнабиёну истилогарон мубориза бурда тули ҳазорсолаҳо истиқлолияти хешро ҳифз намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи парчамдории давлати тоҷикон чунин иброз медорад: “ Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он Парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт”.
Дар осори мутафакири тоҷик Абурайҳони Берунӣ Парчам ҳамчун рамзи муборизаи халқи тоҷик ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолати иҷтимоӣ инъикос ёфтааст. Ҳамчунин парчам дар осори безаволи “Шоҳнома” - и Абулқосим Фирдавсӣ низ тасвир ёфтааст, ки Коваи оҳангар пешдомани чармии худро чун диравш барои озодӣ ва мубориза истифода кардааст.
Парчами тоҷикон баъд аз ғалабаи инқилоби халқии Бухоро 23-юми сентябри соли 1921 таъсис дода шуд, ки аз расми моҳ як ситора ва ду ранг сабз ва сурх иборат буд. Соли 1924 Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки Парчами худро дошт . Ин Парчам аз ранги сурх ва дар тарафи чапи он нишонаи гирд тасвир ёфта буд. Соли 1929 баъди аз ҳайати Узбекистон баромадани Тоҷикистон Парчами давлатӣ дигаргун гашт, ки он аз ранги сурх бо тасвири нишон дар тарафи чап тасвир ёфта буд. Ин Парчами давлатӣ шаш маротиба солҳои 1931, 1935, 1936, 1938, 1940 ва 1953 намуди худро иваз намуд. Махсусан тасвири соли 1953 - юм, ки иборат аз ранги сурх, сафед сабз бо тасвири досу болға дар кунҷи тарафи чап то давраи истиқлолият идома ёфт. Ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зарурияти тасвир ва қабули Парчами навро тақозо менамуд.
Барои қабули ин парчам коммисияи давлатӣ таъсис дода шуд, ки аз бист нафар олимону мутахассисон иборат буд. Дар кори коммисия академикҳо: Осимӣ М.С., Масов Р. М., Тоҳиров Ф.Т. ва дигарон дохил буданд. Коммисия зиёда аз дусад адад лоиҳаи Парчамро пешниҳод намуд, ки дар он тарҳи рассом Маҳмадулло Сайдалиев қобили қабул дониста шуда барои тасдиқ ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар қабули Парчами нави давлатӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бағоят бузург аст. Чунки Ӯ дар иҷлосияи 16 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда таклиф намуд, ки ҳарчи зудтар мо бояд парчами давлатиро қабул намоем ва халқи тоҷикро дар атрофи Парчами давлатӣ муттаҳид созем. Ин иқдоми бузурги Раиси Шурои Олиро намояндагони халқ якдилона қабул намуда Парчами нави давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлолро қабул намуданд.
Ҳамин тариқ дар ҷаласаи таърихии 16 - уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд тарҳи нави Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки то рӯзҳои мо амал менамояд.
Парчами нави давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рангҳои сурх, сафед ва сабз иборат буда дар байни он тоҷ ва 7 ситора инъикос гардидааст. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ мустаҳкам гардида аст. Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 02 майи соли 2007 низ дар бораи эҳтироми волои парчами давлатӣ сухан меравад.Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэҳтироми нисбати Парчам ҷавобгарӣ муқарар намудаанд.
Иқдоми бузурге, ки Пешвои миллат дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, яъне ҳамасола 24 -уми ноябр падидаи бузурги таърихӣ буда боиси арҷгузорӣ нисбати парчами давлатӣ мебошад.
Ин падидаи таърихӣ, инъикоси дустию бародарӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагии давлат ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ мебошад.Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон борҳо иброз менамоянд: ” Ҷашни Рӯзи Парчам эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷонисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд”.
Ҳамин тариқ, мо таърихи мухтасари парчамдории миллати куҳанбунёди давлати тоҷиконро варақ зада ба хулосае омадем, ки Парчам чун инъикосгари мубориза, озодӣ ва истиқлолияти тоҷикон дар масири таърих маҳсуб меёбад. Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал - майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо ширкати олимони ҷумҳурӣ, ходимони давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чорабиниҳои муфиди тарбиявӣ ва муттаҳидкунандаи халқу миллат дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатти миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешаванд, ки бо парафшонии Парчами давлатӣ, аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва идеологӣ дорад.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак ҳамдиёрони азиз!
Профессори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия
Зиёратшозода М.З.
Курсанти курси 2 факултети №2
Академияи ВКД
Назриддинов Ҷамшед

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...