Хусусиятҳои хосси мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз солхои 80-уми асри 20 ба ҳайси депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб оғоз гардид. Дар охири солҳои 80-уми асри 20 занҷирҳои собиқ давлати Шуравӣ тадриҷан суст гардида мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои он ба ҳисоб мерафт, рӯз аз рӯз зиёд мегардид, ки ин ба вазъи сиёсӣ низ таъсири манфии худро мегузошт.
Дар ҳамин лаҳзаҳои мураккаби таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи халқ дар ҷаласаҳои Шурои Олии Тоҷикистон диққати депутатҳоро ба мушкилотҳои рӯзмарраи мардуми тоҷик ҷалб намуда, дар суханрониҳои худ қайд менамуд, ки чаро намояндагони мардум ба масъалаҳои муҳими хаётӣ, аз қабили маош ва таъминоти иҷтимои бетарафӣ зоҳир менамоянд. Ин гуна муносибат ба андешаи ӯ оқибатҳои хуб надорад.Суст шудани иқтидори давлати Шуравӣ ба он оварда расонид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ зери ниқоби дин бо дастгири хоҷагони хориҷии худ даст ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ заданд. Дар натиҷаи ҷанги дохилӣ Тоҷикистон, махсусан вилояти Кӯлоб (ҳоло минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон) зери муҳосираи шадиди иқтисодӣ қарор дода шуда, саросари кишварро гуруснагӣ, қашшоқӣ, бемориҳои сирояткунанда фаро гирифта, боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид. Оғоз аз моҳи майи соли 1992 то моҳи ноябри соли 1992 тамоми шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ фалаҷ гардида, вилоятҳо ба маркази давлат итоат намекарданд.Хатари пора-пора гаштани давлати Тоҷикистон ба миён омад, шаҳри Душанбе зери фишори гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ қарор гирифта, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҳар қадам поймол мегардид. Намояндагони аксар миллатҳо, мутахассисони варзида, олимону зиёиён қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд.Норасогии маводи озуқа рӯз аз рӯз мушоҳида мешуд, ба хусус дар дукону мағозаҳо нон намерасид.
Дар чунин вазъи ногувори иҷтимоӣ-сиёсӣ, депутатҳои Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси кумитаи ҳокимияти иҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб намуда, аз ӯ дархост карданд, ки роҳи халосиро аз ин бӯҳрони шадид ҷустуҷӯ намояд. Дар пойтахти кишварамон ноҳияҳои гирду атрофи он гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷинояткор даст ба ғоратгарию роҳзанӣ зада, хуни одамони бегуноҳро мерехтанд. Мамлакат дар ҳолати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт. Ниҳоят бо ташаббуси фаъолони Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардид.Депутатҳои халқ ба вазъи мураккаби сиёсӣ чандон сарфаҳм намерафтанд, дар шаҳру деҳот ҷанги дохилӣ идома дошт. Дар ҷаласаи рӯзи 19-ноябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи раиси пешинаи шурои Олӣ бо хоҳиши худ раисии Президиуми Иҷлосияро ба зиммаи дигар депутат вогузор намуд. Бо дастгирии аксарияти намояндагони халқ шахси таҷрибадор Ҳабибулло Табаров раиси Президиуми Иҷлосия интихоб гардид. Баъди танаффуси кӯтоҳ пешниҳоди номзадҳо ба мансаби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Депутат Мирзоев А., аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ №47 ноҳияи Ҳисор номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намуд. Депутат Ғафуров Х., аз ҳавзаи интихоботии Варзоб, №11 шаҳри Душанбе номзадии ходими собиқадори давлатӣ Ҳаёев И.- ро пешниҳод намуд. Ӯ бо сабаби беморӣ аз ин вазифа даст кашид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 бюллетен ба тарафдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 186-депутат овоз дода ҳамагӣ 11-депутат зид баромаданд. Тибқи банди 58 санади интихоботи раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар асоси моддаи 109-и Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабули соли 1978) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамчун сардори давлат ба ҳисоб мерафт.
Дар ин шароити беҳад вазнини сиёсӣ ягон ходими ҷамъиятиву давлатӣ чунин масъулияти баландро ба уҳда намегирифт. Ба гуфтаи худи Пешвои муаззами миллат ба ҳеҷ кас он давра вазифа лозим набуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нав сини 40-солагиро пурра карда буд, дар айёми ҷавонӣ ба мушкили давлати тоҷикон нигоҳ накарда ин масъулияти баландро ба зиммаи худ гирифт ва иброз намуд, ки « … манро ба ин вазифаи пурмасъул бовар намудед, акнун биёед вакилони мардумӣ якҷоя пеши роҳи хунрезиро гирем ва Тоҷикистонро аз ин вартаи нобудӣ наҷот диҳем. Ба ман, ки бовар кардед, ба Шумо ваъда медиҳам, ки ҳар чӣ зудтар пеши роҳи хунрезиро мегирам, ба халқи азизам сулҳу салоҳ меорам. То он, ки охирин ҳамватани мо аз хориҷи кишвар барнагардад, ман худро ҳамчун сарвари давлат ором ҳис карда наметавонам».
Дар ин Иҷлосияи таърихӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти конститутсионӣ барқарор карда шуда, тасмим гирифта шуд, ки ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе биёянд. Шахсоне буданд, ки ба ин монеагӣ менамуданд, аммо истодагирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳокимияти конститутсионӣ дар як муддати кутоҳ таъсис дода шуда, кори худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуд. Теъдоди зиёда аз 70 санадҳои ҳуқуқӣ дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ қабул гардид, ки роҳи ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайн намуд. «Шахсан ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам» иброз намуд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ. Дар Иҷлосияи мазкур тамоми роҳбарони мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ тайин гаштанд. Ба вазъи душвору мураккаби шаҳри Душанбе нигоҳ накарда, шахсан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоату далерӣ ба пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ворид гашт.
Бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо таври интихоботи умумихалқӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ,сарҷамъии миллат, хомӯш кардан ва бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ талош меварзид. Дар шаҳри Душанбе дар як утоқи хурди меҳмонхона роҳи халосӣ аз вартаи нобудии давлат ва миллати тоҷикро ҷӯста, худро қурбони роҳи наҷоти миллат меҳисобид, ки дигар чашми модари тоҷик ашкро набинад ва танҳо хандаи тифлон ҳувайдо бошад.
Бо барқарор гаштани ҳокимияти президентӣ дар Тоҷикистон заминаҳои сулҳи тоҷикон гузошта шуда, 8-даври музокироти расмӣ дар кишварҳои гуногун баргузор гардида , мураккабтарин мулоқот моҳи декабри соли 1996 дар деҳаи Хосдеҳи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сурат гирифт, ки ҳеҷ гуна кафолати амниятӣ вуҷуд надошт. Ба ҳамаи ин хатару мушкилот нигоҳ накарда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Афғонистон сафар намуданд. Ин мулоқот бо мусоидати роҳбари онвақтаи давлати Афғонистон, устод Бурҳониддин Раббонӣ ва фармондеҳи Эътилофи Шимол Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор гардид, ки дар он Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин ба тавофуқ расида, соати 00 шаби 12-декабри соли 1996 оташбаси умумӣ дар қаламрави Тоҷикистон эълон гардид. Ниҳоят дар ин замина 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид, аммо муборизаҳои муссалаҳона то солҳои 2000-ум идома ёфта, ба иқтисоди кишвар зиёни калон расонид. Дар солҳои 90-ум ягон давлати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба ин гуна буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги дохилӣ гирифтор нашуда буд.
Шурӯъ аз соли 2002-юм Ҳукумати Тоҷикистон ба марҳилаи рушди иқтисодӣ ворид гардид. Ҳадафҳои стратегии давлат - истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат эълон гардида, марҳила ба марҳила онҳо тадбиқ гардида, Тоҷикистон ба руйхати давлатҳои рушднамудаи ҷаҳон ворид гардид.
Дар маҷмӯъ агар мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври хронологӣ ва консептуалӣ таҳлил карда бароем, чунин ба назар мерасад:
- сарфаҳм рафтан ба вазъи мураккаби сиёсию таърихии солҳои 90-уми асри 20 ва дарёфти саривақтии роҳи наҷоти давлатдории тоҷикон дар вазъияти душвори геополитикӣ ва бархурди манфиатҳо;
- ба ҳайси сарвари ягонаи сиёсӣ эътироф шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- матонату ҷасорати шахсӣ дар мулоқоти деҳаи Хосдеҳи вилояти Тахори Афғонистон бо мухолифин дар моҳи декабри соли 1996;
- имзои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва 27- уми июни соли 1997;
- ширкат дар пешниҳоди лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи умумихалқии президент, 6-уми ноябри соли 1994, интихоб шудани ӯ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- имзои Созишномаи ризояти миллӣ ҳамаи ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ақалиятҳои миллии ҷумҳурӣ ва аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳи тоҷикон;
- созмон додан ва роҳбарии ҳаракати мардумии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон;
- ба феҳристи 500-мусулмони бонуфузи ҷаҳон ворид гаштани Пешвои миллат ва эълони соли 2009- соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҷалби рӯҳониёни мусулмони ҷаҳон ба масоили таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеаи мутамаддин.
- эълон доштан ва амалӣ намудани сиёсати «Дарҳои кушод» дар самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборизаи зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ;
- пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон марбути экология ба СММ оид ба 10-солаи амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015», даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028»;
- мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, таъсис ва пурқувват намудани Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар;
-эълон ва амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон: Истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар;
-бунёди неругоҳҳои хурду бузург, бахусус НБО-и Роғун;
- инкишоф ва рушди соҳаи маориф ва илм – ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ;
- эҳёи анъана, фарҳанги миллӣ ва мақоми байналмилалӣ пайдо намудани онҳо;
- ба руйхати мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид намудан мусиқии «Шашмақом», «Фалак», сузании «Чакан», оши Палав;
- дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, нафақахурон, кӯдакону ятимон, мактаб-интернатҳо. Дастгирии кӯдакони лаёқатманд-кушодани мактаб ва фондҳои президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд;
- рушд ва дастгирии фарҳанг, тандурустӣ ва варзиши миллӣ дар Тоҷикистон;
- қабули аввалин Фармон дар фазои давлатҳои ИДМ «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷумҳурӣ» (03-декабри соли1999). Ба идоракунии давлатӣ ҷалб намудани занону духтарон;
- пешниҳоди Консепсияи дурнамои фарҳангӣ миллӣ то соли 2050 ҳангоми вохурӣ бо зиёиёни кишвар дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз, соли 2015;Ҷаҳонӣ гардонидани “Навруз”.
- таъмини пайвастаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рушди арзишҳои демократӣ, таъмини озодии баён, гуногунандешӣ ва матбуот. Дар фазои пасошуравӣ Тоҷикистон яке аз демократитарин давлатҳо эътироф гаштани Тоҷикистон.
-ҳимояи ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ, дастрасӣ ба маориф, таъмини фазои таҳаммулпазирии ҷомеа;
- дастгирӣ ва пуштибонии бевосита аз мақомои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, алалхусус ВКД, дастаҳои таъиноти махсус, беҳдошти иҷтимоии онҳо ва аҳли оилаҳои онҳо, сохтмон ва ба истифода додани бинои Академияи ВКД ва дигар иншоотҳои муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ;
- роҳбарӣ дар СААД, СҲШ, ва таъмини амнияти минтақавӣ ва марзи миллӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ;
- фаъолияти босамари Тоҷикистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД, САҲА, Конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ.
-густариши равобит бо Чин, Россия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ, кишварҳои мамолики Араб ва дигар кишварҳои дорои манфиатҳои стратегӣ.
-аъзои созмони ҷаҳонии тиҷоратӣ гаштани Тоҷикистон ва афзоиши сармоягузорӣ дар кишвар; ворид гаштани пули миллӣ.
- дар рейтинги давлатҳои босубот ва амният ворид гаштани пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе;
- рушди хоҷагии қишлоқ, хоҷагиҳои фермерӣ, ба дасти деҳқон додани замин, афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, фаровонии бозори истеъмолӣ;
- рушди устувори шабакаҳои телекоммуникатсия ва алоқаи мобилӣ-интернетӣ, радио ва телевизиони рақамӣ;
- рушди устувори минтақаҳо ва дастгирии ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ, эълони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар.
- барқарор намудани равобити дӯстонаи иттифоқӣ ва таърихӣ бо кишвари бародари Узбекистон;
-пешниҳоди роҳи мусолиматонаи ҳалли қазияи Афғонистон, кушодани пулҳо ва роҳҳои транзитӣ бо кишвари ҳаммарзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;
- ба муомилот баровардани пули миллӣ ва таъсиси низоми мустақили молиявӣ ва аъзои Созмони ҷаҳонии тиҷорат намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рушди деҳот, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитии туризми байналмилалӣ;
- эълон намудани «20 - солаи омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ», дасгирии истеъдодҳои ҷавон тавасути озмунҳои ҷумхуриявӣ;
- эълони солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»;
- ба руйхати бистгонаи кишварҳои ислоҳотхоҳи иқтисодии ҷаҳон ворид намудани Тоҷикистон;
- ба даҳгонаи кишварҳои рушднамудаи иқтисодии ҷаҳон ворид намудани Тоҷикистон;
- бознашри китоби «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров ва туҳфа ба ҳар як оилаи кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- тухфа ба ҳар як оилаи кишвар «Шоҳнома» -и безаволи А.Фирдавсӣ.
Хулоса, мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии хизмати содиқона ба халқу Ватан, намунаи барҷастаи хизматчии давлатӣ ба шумор рафта, ҳамчун мактаби давлатдории Тоҷикистони навин дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва пазируфта шудааст.
Асламов Б.С. - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э. - дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илм, полковники милитсия







































































































































































