Парчами миллӣ ва варзиш ҷудонопазиранд.
Парчам яке аз муқаддасоти асосии ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Он рамзи давлатдорӣ, ҳувият, ягонагӣ ва ифтихори миллӣ аст. Барои мардуми Тоҷикистон низ Парчами миллӣ арзиши бузург дорад, зеро он на танҳо нишондиҳандаи истиқлолияти кишвар, балки рамзи муттаҳидӣ ва саодатмандии миллат аст. Ҳамасола 24-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин сана барои эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси давлат имкони хуб фароҳам меорад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранги сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар қисми марказии он тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Ҳар як рангу нишона дорои маънои амиқ ва фарҳангии худ мебошад.
• Сурх рамзи шуҷоату ҷасорат, мубориза барои озодӣ ва давлатдорӣ мебошад.
• Сафед рамзи покиву виҷдон, ва инчунин рамзи роҳ ба истиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар аст.
• Сабз рамзи табиати зебо, ҳаёт ва ободии тоҷикон мебошад.
• Тоҷ ва ситораҳо бошад рамзи соҳибтамаддунӣ, соҳибдавлатӣ, ва орзуву омоли олии миллат мебошанд.
Ин рамзи муқаддас дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар соҳаи варзиш низ ҷойгоҳи хосса дорад.
Варзиш аз қадимулайём майдоне буд, ки дар он давлатҳо ва миллатҳо нерӯи ҷисмонӣ, рӯҳия ва фарҳанги худро нишон медоданд. Дар замони муосир бошад, парчами миллӣ яке аз муҳимтарин рамзҳоест, ки варзишгар ҳангоми баромад ба арсаи байналмилалӣ ҳамеша бо ифтихор мебардорад.
Ҳар варзишгаре, ки бо номи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баромад мекунад, масъулияти бузурге ба дӯш дорад. Онҳо медонанд, ки дар қафои онҳо тамоми миллат меистад ва парчами кишварро намояндагӣ мекунанд.
Парчам барои варзишгар нерӯи руҳонӣ мебахшад ва ӯро водор месозад, ки бо тамоми қувва барои комёбӣ мубориза барад.
Боло рафтани парчами кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ яке аз хушбахттарин лаҳзаҳо барои миллат ва худи варзишгар мебошад. Вақте варзишгари тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ё олимпӣ медали тилло ба даст меорад ва парчам бо садои Суруди миллӣ баланд мешавад, ин на танҳо дастоварди варзишгар, балки пирӯзии тамоми кишвар аст. Ин ҳолат руҳияи миллиро баланд мебардорад ва эҳсоси ватандӯстиро қавитар мекунад. Бори дигар хотиррасон намуд, ки дар арсаи байналмилалӣ парчами миллиро баланд намудан ин дар ду лаҳза амалӣ мешавад:
1. Барои пешвоз ё қабули Роҳбари давлат;
2. Ба хотири рақобат ё пирузии варзишгарони тоҷик.
Парчам на танҳо дар чорабиниҳои калон, балки дар мактабҳо, чорабиниҳои варзишии маҳаллӣ ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ низ ҷойгоҳи калон дорад. Бисёр ҷавонон ва наврасон бо дидани бардоштани парчам аз ҷониби қаҳрамонҳои тоҷик, ба варзиш шавқу ҳавас пайдо мекунанд.
Дар тамоми либосҳои тими миллӣ ва рамзҳои варзишии кишвар (логотип, нишони федератсияҳо, либоси варзишгарон) ҳамеша парчам ё рангҳои он ҷой дода мешавад. Ин амал на танҳо баёнгари ҳувияти кишвар аст, балки варзишгарро пайваста ба ассиломи ватандӯстӣ ҳидоят мекунад.
Дар даврони истиқлолият варзишгарони тоҷик борҳо парчами кишварро дар арсаи ҷаҳон боло бардоштаанд. Аз қаҳрамонҳои ҷаҳон дар гуштӣ ва ҷудо то ғолибони Бозиҳои осиёӣ ва олимпӣ — ҳамаи онҳо саҳми бузург дар баланд бардоштани номи Парчами миллӣ доранд. Ҳар як комёбии онҳо имрӯз Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Парчами давлатӣ барои ҳар фарди кишвар рамзи ифтихор, ваҳдат ва меҳанпарастӣ мебошад. Дар варзиш бошад, он ба рамзи ғолибият ва муаррифии миллат табдил меёбад. Ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ мо бояд на танҳо ба ин рамзи муқаддас эҳтиром гузорем, балки бо амалҳои худ — ҷисмонан солим будан, дар зиндагӣ фаъол будан ва Ватанро дар ҳар майдон муаррифӣ кардан — ба баланд бурдани ҷойгоҳи он саҳм гузорем.
Парчами миллӣ — рамзи ягонагии миллат ва илҳомбахши пирӯзиҳои нав мебошад.
Рузи парчам муборак ҳамдиёрони азиз!!!
Латиф Муҳиб







































































































































































