ДАРСИ ОЗМОИШӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ АРЗЁБИИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ
Дарси озмоишӣ яке аз шаклҳои муҳими арзёбии сифати таълим ва сатҳи омодагии методии устодон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки ҳар як омӯзгор бояд таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд. Бояд қайд намуд, ки айни ҳол соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ба раванди таълиму тарбияи ҷавонон ва нақши каллидии он барои ояндаи миллат ҳамеша таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани савияи дониши курсантон – ин ташкил намудани дарсҳои гуногун, аз қабили дарсҳои намунавӣ, дарсҳои озмоишӣ ва дарсҳои кушод ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки ҳар як дарс мақсад ва хусусиятҳои худро доро мебошад. Тавре маълум аст, дарсҳои намунавӣ бештар аз тарафи омӯзгорони таҷрибадор бо тарғиб ва ташвиқи таҷрибаи пешқадам дар байни омӯзгорони ҷавон гузаронида шуда, дарёфти роҳу усулҳои самарабахшро дар фаъолияти минбаъдаи онҳо ба миён меоварад. Дарсҳои кушод бошад бо мақсади омӯхтан ва ҷамъбасти таҷрибаю маҳорати дарсдиҳии омӯзгорон гузаронида шуда, кӯмаки методӣ ба фаъолияти онҳо дар назар дорад.
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили дуруст ва самараноки корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ (эҷодӣ ва варзишӣ) ва иҷтимоӣ-тарбиявӣ бо мақсади тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши муҳим дорад.
Ҷиҳати амалисозии банди 12 фасли 2 Нақшаи кории кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025-2026 санаи 27 ноябри соли равон аз ҷониби муаллими кафедраи мазкур, капитани милитсия Карамшозода Фазолат Шоди дарси озмоишӣ аз фанни «Психологияи касбӣ» дар мавзуи «Психологияи ҷабрдида ва ҷинояткор» дар гуруҳи таълимии 302 курси се ташкил ва баргузор карда шуд
Минбаъд таҳлили бевосита баъди дарс, дар ҷаласаи кафедра гузаронида шуд. Ҳайати профессорону омӯзгорон дар раванди ҷаласа тарафҳои мусбат ва манфии дарсро қайд намуда, фикрҳои худро оиди беҳбудии сифати дарс, маҳорати муаллим, тарзу усулҳои гузаронидани дарс, истифодаи воситаҳою таҷҳизоти техникӣ ва ғайра иброз намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур сардори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Заробиддинзода С.З., профессор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Аҳёзода Ш.Т., муаллими калон, полковники милитсия Файззода С.С., ҳамчунин омӯзгорони кафедра — капитани милитсия Файзализода Ф.С., капитани милитсия Анвариён Ш.Ш., Сафаров Ш.Ҷ. ва дигар устодони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дид худро иброз намуданд. Қайд гардид, ки дар ҷараёни дарс алоқамандии бо сифат миёни омӯзгор ва курсантон таъмин гардид, ки ин ба фаъолу ҷолиб гузаштани муҳити таълимӣ мусоидат намуд. Омӯзгор аз ҷиҳати равонӣ пурра омода буда, дар рафтор ва суханронии ӯ оромӣ ва устуворӣ эҳсос мешуд, ки ба идоракунии дурусти раванд таъсири мусбат расонд.
Маводҳои намоишӣ (слайдҳо) дар шакли мувофиқ ва мукаммал таҳия шуда, дар онҳо мафҳумҳо ва тасвирҳои марбут ба мавзуъ курсантонро ба дарс бештар ҷалб менамуданд. Суханронии омӯзгор бо забони адабии тоҷикӣ, равону дақиқ сурат гирифта, бе истифодаи калимаҳои лаҳҷавӣ ё ибораҳои бегона анҷом ёфт.
Дар раванди дарс курсантоне, ки қаблан фаъол набуданд, ба муҳокима ва саволу ҷавобҳо ҷалб карда шуданд, ки ин нишондиҳандаи сатҳи баланди идоракунии синф ва қобилияти омодагии методии омӯзгор мебошад. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба таҷрибаи амалии фаъолияти ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, иртиботи назария бо амал таъмин шуд.
Дар маҷмуъ, дарси озмоишӣ бо сатҳи хуби омодагӣ ва услуби босифати таълимӣ гузаронида шуда, ба талаботи методӣ ва стандартҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
Омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Анвариён Ш.Ш., Файзализода Ф.С.







































































































































































