Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМ РОҲНАМОИ МО

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, ба масъалахои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, хусусан дар самти маориф ва илм, рӯшанӣ андохт. Ин паём на танҳо як ҳуҷҷати стратегӣ, балки роҳнамоӣ сиёсиву иҷтимоии кишвар барои солҳои наздик ба шумор меравад.
Президенти кишвар дар Паём изҳор доштанд,ки рушди сармояи инсонӣ яке аз афзалиятҳои калидии сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи маориф дода мешавад, зеро маориф омили асосии таъмини ояндаи бо суботи кишвар мебошад. Мо, миллати соҳибтамаддуни тоҷик имрӯз шоҳиди бузургтарину муҳимтарин рӯйдоди сол баргузории Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гардидем. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи маорифу илм, ки дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мақоми шоистаю муҳимро касб менамояд, ҳамчун омили асосии пешрафт таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллатро аз илму маорифи пешрафта вобаста донистанд.
Дар Паём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Ин омор далели он аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифу илм ба дастовардҳои нодиру бузург ноил шуда, барои таҳсили донишомӯзон ва фаъолияти омӯзгорон беҳтарин шароитҳо муҳайё шудаанд.
Роҳбари давлат бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Инчунин маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ 20 фоиз зиёд гардид.
Ин дастгирии навбатӣ ва ташаббуси бузургу арзишманди Президенти кишварамон мебошад мо, кормандони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, ки барои таълиму тарбияи насли ояндасози миллат наврасону ҷавонони саодатманди диёр саҳми шоиста гузошта, шогирдонамонро дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, омӯзиши донишҳои муосир ва таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати худ ҳидоят намоем.
Дар Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, чунин изҳор доштанд: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.” Аз ин ҷост, ки бо мақсади тақвияти ҳисси худогоҳиву ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, Роҳбари давлат ба ниҳодҳои мазкур супориш доданд, ки бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Ногуфта намонад, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда барои огоҳии ҷомеа, аз ҷумла, насли наврасу ҷавон аз таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик мусоидат карда, дар муаррифии таъриху забони ноби тоҷикӣ ва арзишҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳимму арзишманд мегузорад.
Ин сатрҳои тиллоӣ, ин иқдоми таърихиву мондагор ва ин дастурҳои муҳимми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи шонаҳои ҳар кадоми мо масъулиятҳои азимеро дар роҳи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон гузошта, вазифадорамон мекунад, то бо эҳсоси баланди ватандӯстиву худогоҳӣ баҳри фардои дурахшони диёрамон ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ диҳем. Бояд қайд кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қишри фаъолу ояндасози миллат эътироф шуда, баҳри онҳо шароитҳои зарурӣ дар роҳи донишандӯзию фаъолияти корӣ муҳайё гардидаанд. Роҳбари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.” Боиси қайд аст,ки маориф ва илм дар ҳар ҷомеъа пояи асосии рушд ва пешрафти давлат маҳсуб мегардад. Тарбияи ватандӯсти дар шароити муосир ин раванди ҳадафмандонаи насли наврас мебошад.
Хулоса, ин сухани Президенти мамлакат мо, кормандони факултети №4 Академияи ВКД-ро вазифадор менамояд, ки барои боз ҳам боло бардоштани сифати таҳсилот ва пурра ҷорӣ кардани технологияҳои муосир дар раванди дарсҳо чораҳои зарурӣ андешида, курсантонро дар роҳи донишандӯзию забономӯзӣ ва содиқонаву самимона хизмат кардан ба халқу ватан ва диёри худ роҳнамоӣ кунем. Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои амалӣ кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷомеаи соҳибистиқлоли моро ба сӯйи дастовардҳои бузург ҳидоят мекунад.

Сардори кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
майори милитсия
Азимзода Шуҳрат Ҷӯрамурод.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...