ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ТОҶИКИСТОН ОМИЛИ ДУРАХШОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамасола дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паём санади муҳими расмӣ ва барномавӣ ба шумор рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунад. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ паёми солонаи Президенти кишвар дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Дар паём дастовардҳо дар як марҳилаи муайян мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҳамзамон барои таҳкими фаъолият дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвар вазифагузорӣ карда мешавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегирад. Дар моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳури баромад менамояд. Муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар асоси моддаи 69 Конститутсия ба салоҳияти Президенти кишвар шомил аст. Яъне, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар заминаи ҳуқуқӣ дошта, он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Ҳар як паёми Президенти кишвар ба марҳилаи муайяни рушду инкишоф рабт дошта, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд. Дар оғози паёми имсолаи Пешвои миллат зикр намуданд:
Натиҷаи таҳлили паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат қарор дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои ҳарсола иброз мегарданд, имкон медиҳад, ки ободии Ватан ва пешрафти давлат таъмин карда шуда, халқи тоҷик ба тамоми ҳадафҳои муайяншуда ноил гардад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, гумруку андоз, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушд ва таҳкими муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байнамиллалиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, барои ислоҳ ва пешбурди ҳар соҳа дастуру пешниҳодҳои муфид баён намуданд.
Соли 2025 новобаста аз баъзе норасоиҳо соле буд, ки дар он ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи дохилӣ то 173 миллиард сомониро ташкил намуд. Умуман, дар 5 соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст. Дар доираи нақшаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, шукуфоӣ ва ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ ба муносибати 35-солагии истиқлолият сохта, ба истифода додани 29 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Давоми 4 сол, яъне то имрӯз 26 ҳазор иншоот сохта, ба истифода дода шудааст. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо бояд суръати иҷрои корҳоро тезонида, кӯшиш намоем, ки сохтмони иншооти боқимонда низ ба анҷом расонида шавад.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Давоми 10 соли охир, яъне дар давраи татбиқи 2 барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдоми муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд карда шуда, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Паёми Пешвои миллат на танҳо дастовардҳои гузаштаро таҳлил мекунад, балки ба вазифаҳои мушаххас барои ояндаи наздик ва дурнамои дарозмуддат то соли 2030 диққати махсус медиҳад. Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030, барои таҳкими рушди минбаъда аҳаммияти стратегӣ дорад.
Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ҳамин давра даромади пулии аҳолӣ аз 26 ҳазор сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Сарвари давлат таъкид намуданд, ин масъалаҳои иҷтимоӣ буд. Тадбирҳои дар ин соҳа амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд. Масалан, маблағи ба ин соҳаҳо ҷудогардида агар соли 2024 20,9 миллиард сомониро ташкил дода бошад, соли 2026 дар ин соҳаҳо 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 41,8 фоиз зиёд мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии халқ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1 сентябри соли 2025 супориш доданд, ки моҳонаи вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз, моҳонаи вазифавии муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ниҳодҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ, вазоратҳои қудратӣ, суду прокуратура ва дигар идороти буҷетӣ, ҳамчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Тамоми намудҳои нафақа 15 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли маош дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҳаҷми 1300 сомонӣ таъйин карда шавад.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба соҳаи маориф ва илм фармуданд, ки «ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлату миллат аз пешрафти илму маорифи пешрафта вобаста мебошад, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад». Ба ибораи дигар, «…ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам». Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузорӣ ба ин соҳаҳои муҳимро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол саҳми умумии он беш аз 21 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба 10 соли қабл, яъне 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад. Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон бо таъкид иброз намуданд, ки мо бояд дар солҳои наздик ба системаи нави таълими 12-сола гузарем. Дар ин ҳолат шумораи хонандагони мактаб 25 сол баъд ба 4 миллион нафар мерасад. Бинобар он моро зарур аст, ки аз ҳоло ба ин кор омода бошем, яъне сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани кадрҳои педагогиро зиёдтар намоем. Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм дар 25 соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ вазифадор аст, ки бо истифодаи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ва бо инобати вазифаҳои гузошташуда барои ба таълим ва тарбия фаро гирифтани 4 миллион хонанда омода бошанд.
Дар баробари ин, дар давраи истиқлолият 117 ҳазор нафар ҷавони соҳибистеъдод ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 мамлакати пешрафтаи ҷаҳон барои таҳсил фиристода шуданд. Ҳоло беш аз 42 ҳазору 400 нафар аз ҳисоби ҷавонони ҷумҳурӣ дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсил доранд, ки 13 ҳазор ё 30 фоизи онро духтарон ташкил медиҳанд.
Аз ҳисоби ҷавонон тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат омода кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд. Бо ҳамин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои таълим ё бозомӯзии калонсолон таъсис ва то имрӯз дар онҳо бештар аз 700 ҳазор шаҳрванд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор сокинони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, имрӯз дар 54 муассисаи касбомӯзии калонсолон 80 ҳазор шаҳрванд ба омӯхтани касбу ҳунар машғуланд. Масъулинро зарур аст, ки бо назардошти афзоиши аҳолии қобили меҳнат ин равандро тақвият бахшанд.
Бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии ҷумҳурӣ ва рақобатнок гардонидани қувваи корӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои сераҳолии мамлакат таъсис додани чунин марказҳо ва рушди малакаҳоро таъмин намоянд ва ҳар сол фаро гирифтани на кам аз 120 ҳазор шаҳрвандон ба онҳо таъмин карда шавад. Ҳамчунин Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Дар маҷмуъ, Кумитаро зарур аст, ки дар панҷ соли оянда беш аз 1 миллион шаҳрвандонро ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирад.
Ҷавонони ғаюри ҷумҳуриро зарур аст, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун дастури ҳаётан муҳими ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон қабул намуда, барои иҷрои ин супоришу дастурҳо фурсатро ғанимат шуморида, бештари вақти худро барои соҳибкасб шудан, забон омӯхтан, кор бо компютерро амиқ ва ҳамаҷониба азхуд кардан ва хондани китобҳои бадеӣ сарф намоянд.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бештар дар масъалаи сиёсати хориҷию дохилӣ корҳои то имрӯз ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдода, нуқсону норасоиҳо дар фаъолияти соҳаи маориф ва илм, тандурустӣ, ҷавонон ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимро таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷониба намуда, роҳҳои ислоҳи норасоиҳоро ба таври дақиқ нишон доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди суханашон чунин иброз доштанд: «Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиямон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ҳар хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем. Хусусан, мо тамоми саъю талоши худро бояд барои амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон, иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминони комил дорам».
Ҳамин тариқ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ як ҳуҷҷати ҳамаҷонибаест, ки дастовардҳои бузурги кишварро дар соли 2025 ва дар тӯли даҳсолаи охир муайян намуда, самтҳои асосии рушди ояндаро то соли 2030 мушаххас месозад. Ин дастовардҳо, ки дар бахшҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба даст омадаанд, гувоҳи сиёсати оқилона ва пешгиронаи Ҳукумати мамлакат ва меҳнати содиқонаи мардум мебошанд. Тоҷикистон бо қатъият ба сӯи ҳадафҳои стратегии худ қадам мезанад ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини ояндаи дурахшони ҳар як шаҳрванд талош меварзад. Шиори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон ин «Тоҷикистон ба пеш!!!» аст.
Акрамзода Ш.М.
Холмуҳаммадзода Ҳ.Х.







































































































































































