ФАРҲАНГШИНОСӢ”- ВОСИТАИ ТАЪЛИМӢ
Китоби номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ”-и факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, шунавандаи факултети №1-и Академияи ВКД Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ таҳти унвони “Фарҳангшиносӣ. Воситаи таълимӣ.- Душанбе: “Бебок”, 2026.-176 с. аз чоп баромад.
Китоби мазкур бо Қарори Шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2026 таҳти №26 ба чоп тавсия гардидааст.
Воситаи таълимии мазкур зери таҳрири номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насуриён Пӯлод Асадулло аз чоп баромадааст.
Муқарризони китоби мазкур:
Назарзода Н. Ҷ.- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
Хокироев Р.Г.- номзади илмҳои филологӣ, дотсент мебошанд.
Муҳтавои дастури таълимии Раҳмонзода А.Ш. дар ҳаҷми 176 саҳифаи чопӣ навишта шуда, аз муқаддима, бисту чор боб ва рӯйхати адабиёти истифодашуда иборат мебошад.
МАЗМУН ВА МУҲТАВОИ ВАСОИТИ ТАЪЛИМӢ
Дар китоби мазкур қайд гардидааст, ки фарҳанг асоси зиндагӣ ва бунёди ҳастии инсон аст. Пайдоиши фарҳанг бо таърихи башарият пайвастагии ногусастанӣ дорад. Он дар робита ба инсон ба вуҷуд омада, баробари инкишофи шууру маънавиёти ӯ ташаккул меёбад.
Воқеъан ҳам, фарҳанг офаридаи худи инсон аст, ки тассавути он одам нафақат тамоми ниёзу ҳасти худро таъмин менамоянд, балки ба муҳити табию иҷтимоӣ дигаргунӣ дароварда, худро низ комилан тағийр медиҳад.
Фарҳанг дар тули таърихи инсоният тамоми паҳлӯҳои рӯзгори мардум ва ҷомеаро фаро гирифта, ба дараҷаи пешрафту қудрати созандагии инсон ривоҷу равнақ мебахшад.
Агар оид ба мафҳуми «фарҳанг» сухан ронем, дар маънидоди ин истилоҳ аз давраи қадим то имрӯз бисёр тафсирҳо пайдо мекунем, ки ҳар яке мувофиқи илми замонаш паҳлӯҳои муҳимтарини ин падидаро муайян менамояд.
Бо дарназардошти ин нуқта дастури таълимии Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ зери унвони “Фарҳангшиносӣ” мубрам ва саривақтӣ буда, муаллиф моҳияти фарҳангро дар ченаки муайянкунанда ва асоси ҳаёти инсон арзёбӣ менамояд.
Илми фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои ҷомеашиносӣ ба шумор рафта, таърихи хеле куҳан ва комёбиҳои давраҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Омӯзиши дастовардҳои мазкур олимони зиёдеро ба чунин хулоса овардааст, ки таълими илми фарҳангшиносиро ба роҳ монанд. Инчунин, мардум аз дастовардҳои бузурги фарҳангиву тамаддуни башарият аз паҳлӯҳои ҷолибу дилпазири адабиёт, санъат ва шеваҳои ҳунармандии халқҳои ҷаҳон баҳраманд гарданд.
Чи тавре муаллиф ишора намудааст: “Яке аз масъалаҳои асосии илмҳои ҷомеашиносӣ дар тамоми муассисаҳои олии ҷумҳурӣ таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ мебошад, ки барои ҳар як фарди ҷомеа ҳамчун заминаи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҳифзи асолати миллӣ хизмат мекунад”.
Дар маҷмӯъ, бояд зикр кард, ки воситаи таълимии Раҳмонзода А.Ш. “Фарҳангшиносӣ” ҳамчун фанни ҳатмӣ барои ҳамаи хонандагон пешбинӣ шудааст. Зеро, омӯзиши фарҳангшиносӣ ба ҳайси назария ва таърихи фарҳанг асос ва пояи ҳамагуна донишҳои гуманитарӣ маҳсуб меёбад.
Дар воситаи таълимӣ маҷмӯаи лексияҳо аз фанни фарҳангшиносӣ барои низоми кредитии таҳсилотӣ, ҳамчун маводи ёрирасон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тибқи талаботи стандарти давлатӣ ва нақшаи таълимии фан омода шудааст.
Асосҳои методологии воситаи таълимро муқаррароти илмии назария ва таърихи фарҳанг ташкил менамояд.
Воситаи таълимии мазкур барои омӯзиш ва баланд бардоштани донишҳои гуманитарӣ ва маърифати фарҳангии омӯзгорон, унвонҷӯён, шунавандагон, курсантон, инчунин тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ судманд хоҳад буд.
Ҳамзамон, истифодаи ин воситаи таълимӣ барои доираи васеи хонандагон низ тавсия мешавад.
НАЗАРЗОДА Н.Ҷ. - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон







































































































































































