Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВИКТОРИНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ»

2558Бахшида ба рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар толори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет ва курсантони курсҳои сеюм ва чорум санаи 2 марти соли 2026 викторина ташкил ва гузаронида шуд.

2559Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Точикистон оид ба қисми таълим, н.и.ҳ., дотсент подполковники милитсия Абдулло А.Р. кушода эълон намуда, аз суханрониҳои 2560Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдрас намуданд.
2561Қайд карда шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ мақоми хосаро касб менамояд ва мову шуморо зарур аст, ки баҳри беҳтару хубтар омода намудани мутахассисон дар ин самт ҷаҳду талош намоем.
2562Пас аз суханҳои ифтитоҳи аз тарафи муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, капитани милитсия Ревазода М. Р. аъзоёни ҳакамон муаррифӣ карда шуд. Баъдан дастаҳои курси 3 ва 4 ба саҳна давъат гардида, муаррифӣ карда шуданд, ки дастаи курси 3 бо номи «Қонуният» ва дастаи курси 4 бо номи «Ниҳонӣ» номгузори шуданд.
Мақсади баргузории викторинаи мазкур ин таҳким бахшидани дониши курсантон дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин, малакаи дар амал татбиқ намудани донишҳои омӯхташуда мебошад
Викторина аз чор давра ибрат буд:
Давраи якум: шиносоӣ бо даста, номи даста, барои чӣ даста чунин номгузорӣ карда шудааст.
Давраи дуюм – «Саволу ҷавоб».
Давраи сеюм – «Омода намудани саҳнача».
Давраи чорум – «Қироати шеър аз ашъори Ниҳонӣ»
Аз тарафи дастаҳои «Қонуният» ва «Ниҳонӣ» дар алоҳидаги талаботҳо ва шартҳои викторина иҷро карда шуд. Онҳо ба ҳар саволи пешниҳодгардида, посух доданд ва ҷавобҳои онҳо аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва талаботҳои давраҳои викторина буд.
Пас аз посухҳои дастаҳо ба саволҳои додашуда ва иҷрои талаботҳои давраҳои викторина аз тарафи ҳакамон ба ҳар даста оид ба маҳорати ҳозирҷавобӣ ва донишу малакаи онҳо баҳогузорӣ карда шуд.
Мушоҳида шуд, ки ҷиҳати иштирок дар викторина курсантон омодагии амиқ дида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» - ро пурра омӯхтанд ва дар баробари он аз таърихи пайдоиш ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ огоҳанд.
Ҳакамон дар ҳайати муовини сардори факултети № 4 Академияии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, н.и.ҳ., дотсент подполковники милитсия Абдулло А.Р., сардори кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. ва сардори қисми таълими факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Шохолиқзода Ш.Ш., баъд аз натиҷагирӣ муайян намуданд, ки ҷойи аввал ба дастаи «Ниҳонӣ» - и курсантони курси 4 бо гирифтани 39 хол ва ҷойи дуюм ба дастаи «Қонуният» - и курсантони курси сеюм бо гирифтани 35 хол насиб гашт.
Зимни баромад, сардори кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Абдуллозода Н.Р., чунин қайд карданд, ки бояд зикр намуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон василаи муҳими баланд бардоштан ва тайёр намудани мутахассисон ба шумор меравад. Ин имконият медиҳад, ки мутахассисони дорои маълумоти олӣ дошта, қобилияти бештар самаранок ва эҷодкоронаи худро дар фаъолияти амалӣ, комёбиҳои навтарини тараққиёти илму техника истифода баранд. Васеъ ҷалб намудани курсантон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои бартараф намудани мушкилоте, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодааст, мусоидат менамояд.
Ҳамзамон курсантони факултет дар атрофи мавзӯъҳо баҳсу мунозираҳо анҷом дода, дар маҷмӯъ баргузории чунин чорабиниҳоро хеле хуб пазируфтанд. Чунки ташкил намудани ин гуна маҳфилҳо метавонад ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти ватандории курсантонро баланд бардорад. Дар анҷом ғолибон ва иштироккунандагони фаъоли викторина аз тарафи роҳбарияти факултет бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Муаллими кафедраи ФОҶ МКД
факултети №4 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия Ревазода М.Р.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...