Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШИРИ МОДАР АЗ ТАРОВИШҲОИ ХУНИ ҶИГАР АСТ...

2564Зиндагии ҳар яки мо аз ин вуҷуди муқаддас, ки Модар ном дорад, ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст. Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми ӯ рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мо фарзандон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонем, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарони азиз, дилсӯзиву ғамхории бедареғи онҳо арҷи шоиставу сазовор гузорем.
Ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом- «Биҳишт зери қудуми модарон аст» тамоми инсониятро даъват мекунад, ки дар ҳама ҳолат зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд.
Чун номи Модарро ба забон меоварӣ, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, саропо нуру зиё, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи замин, пайвандгари наслҳо, сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва дар маҷмӯъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Сарчашмаи тамоми покиҳо домони модар аст. Домони модар нахустин мактаби кӯдак аст. Дар ин мактаб на фақат забони гуфтору пои рафтор меомӯзанд, балки нахустин хишти бинои фикрӣ ва рӯҳии кӯдакро мегузоранд ва шаклгирии ибтидоии шахсияти тифл низ оғоз мегардад. Тифл аввалин дарсҳои худро бо нигоҳ аз модар меомӯзад. Агар модар босавод асту тарбиядида ва соҳибистеъдод, бештар фарзандони ин гуна модарон манфиатрасони ҷомеа хоҳанд шуд. Дар натиҷа тифл агарчи ба мактаб меравад ва муҳиташ дигар мешавад, боз ҳам нақши тарбияи модар бар тарбияи падар, устод ва ҷомеа бартарӣ дорад.
Иди 8-уми март, пеш аз ҳама ҷашни модарон аст, ки дар оғози фасли ниҳоят зебои сол, яъне баҳори хуррам ва эҳёи табиат, дар арафаи фарорасии соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи Аҷам, доир мегардад. Ва ба андешаи Пешвои муаззами миллат, мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд. Дар ҳақиқат модар барои фарзанд ҳам мактаб аст, ҳам муаллим. Шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишқу самимияти хешро нисбат ба модар чунин иброз доштаанд: «Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад».
Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ ва кӯшишу талошҳои занон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тӯли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти классикиву муосири тоҷику форс тасвиру тавсиф шудаанд.
Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ба тарзи арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то ба имрӯз сазовори таваҷҷӯҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст. Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва айни замон низ дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
«Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2025. С. 40).
Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст.
Аз ин рӯ, устоди зиндаёди тоҷик Мирзо Турсунзода мефармояд:

Зан агар оташ намебуд хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб бе ном мемондем мо.

Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бо нангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда буд, ҳаст ва мебошад. Мо аз модарони тоҷики худ ифтихор дорем.
Сари таъзим пеши пойи Модари ғампарвари тоҷик.

Шири модар аз таровишҳои хуни ҷигар аст,
З-ин сабаб ҳам модаронро сӯзиши дил дигар аст.

Чун дар арафаи ҷашни Рӯзи модар қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи модарон, хоҳарон ва духтарони иззатманди Ватани соҳибистиқлоламон, Тоҷикистонро самимона табрик мегӯем ва ба ҳар яко яки онҳо пеш аз ҳама сулҳу амонӣ, саломативу хушбахтӣ, саодати рӯзгор, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем, ки ҳеҷ гоҳ қалби модарон ғам ва чашмашон намро набинад.
Файзалӣ ҚОСИМОВ
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...