Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ДАСТГИРИИ ЗАНОН ДАР ПАЁМҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

2565Дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.
2566Марҳилаи нави таҳкими мавқеи бонувон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар бо тасдиқи Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» ва сипас интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бароаи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» оғоз гардид. 2567Дар канори ин иқдомҳо, таъсиси квотаҳои президентӣ дар соли 1997 барои ба таҳсилот фаро гирифтани духтарони деҳоти дурдаст яке аз дурахшонтарин тасмимҳои Пешвои миллат арзёбӣ мегардад. Ин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзгори мардуми тоҷик таҳавулоти бузургоре ба вуҷуд оварда, сафи занони соҳибмаълумоту роҳбар ва фаъоли ҷомеаро ба таври назаррас афзоиш дод. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки имрӯз шумораи зиёди бонувон дар соҳаҳои калидӣ фаъолият дошта, аз ҷумла «дар соҳаи маориф беш аз 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, олимон 37 фоиз, соҳибкорон 30 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 25 фоизро» ташкил медиҳанд. Ҳаминро қайд кардан бо маврид аст, ки маҳз зани босавод ва бомаърифат метавонад як ҷомеаи солим ва пешрафтаро тарбият кунад. Сарвари давлат дар ин бора хеле бомаврид таъкид намудаанд «Модари босавод, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ ва маърифати баланди ҳуқуқиву иҷтимоӣ мебошад, метавонад фарзанди худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва илмдустӣ тарбия намояд. Саводнокии зан ин саводнокии миллат аст». Бинобар ин, дастгирии духтарон дар роҳи гирифтани таҳсилотӣ олӣ ва касбӣ танҳо як ҳадафи иҷтимоӣ набуда, балки заминаи асосии ташаккулӣ насли бомаърифати оянда мебошад. Зани босавод на танҳо чароғи хонадон, балки роҳнамои маънавии ҷомеа аст, ки бо донишу фазилати худ пеши роҳи хурофот ва ҷаҳолатро мегирад. Маҳз дар ҳамин замина, имрӯз зани тоҷик дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» нақши аввалиндараҷа дорад. Модар ҳамчун сипари маънавӣ фарзандонро аз таъсири мафкураҳои бегона ва ифротӣ ҳифз намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба забонӣ модарӣ ва анъанаҳои миллии ниёгон ба воя мерасонад.
Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Эҳтиром ва қадршиносии зан-модар дар сиёсати Пешвои миллат на танҳо дар санадҳои расмӣ, балки арҷгузорӣ ба манзалати маънавии ӯ таҷассум меёбад. Маҳз бо ташабуси Сарвари давлат дар кишвар эълон гардидани Рӯзи модар ва дар сатҳи баланди давлатӣ ҷашн гирифтани санаи 8-уми март гувоҳи равшанӣ, таваҷҷуҳи иззату икроми хосса ба бонувон аст. Ин иқдом ба ҷомеа ёдовар мешавад, ки зан-модар сарчашмаи ҳаёт ва бақои миллат буда, сазовори тамоми қадршиносиҳост. Пешвои миллат муҳтарам Эмомали раҳмон дар яке аз суханрониҳои ин ҷойгоҳро чунин васф намудаанд: «Модар ягона мавҷудоти муқаддасест, ки инсониятро ба вуҷуд меорад, уро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Бинобар ин, эҳтироми зан-модар барои ҳар як фарди соҳибхирад вазифаи муқаддаси фарзанди ва қарзи виҷдонист». Ин суханони Сарвари давлат бори дигар собит месозад, ки ҷашни Рӯзи модар на танҳо як санаи тақвимӣ, балки иди шукӯҳу шаҳомат, иффату зебоӣ ва эътирофи заҳматҳои шабонарӯзии модари тоҷик дар роҳи ободии Ватан ва тарбияи насли солим мебошад. Давлату Ҳукумати кишвар минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳамин тариқ, баланд бардоштани мақоми зан дар Паёмҳои Сарвари давлат стратегияи ҳаётан муҳимест, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон хизмат мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ нақши бонувонро бо чунин ибораҳо арзёбӣ намуданд: «Мо нақши зан модарро дар ҷомеаи демократии худ хеле баланд меҳисобем ва минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар ҳамаи соҳаҳо ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии бонувон чораҳои заруриро амалӣ мегардонем». Ин таъкиди Сарвари давлат бори дигар собит месозад, ки эҳтиром ба зан-модар ва таъмини саводнокию фаъолнокии ӯ кафолати субот, пешрафти маънавӣ ва шукуфоии давлату миллат мебошад.

Муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминология ва психологияи
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия Файзализода Ф.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...