Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!

2602Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳуввияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад.Наврӯз айёми тавозуни рӯзу шаб буда, баробари эҳёи куллии табиат ба инсон рӯҳу равони тоза мебахшад, ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ин суханони Пешвои миллат ҳақиқате аст, ки дар он ҷойи шубҳа нест, зеро Наврӯз дар баробари Сада, Тиргон ва Меҳргон аз ҷашнҳои қадимтарини миллии мо аст, ки аз даврони бостон, аз замони подшоҳии Ҷамшед ва дигар хусравони аҳди қадим ба мо мерос мондааст.
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик маҳсуб шуда, тоҷикон онро беҳтар аз ҳамаи дигар ориёитаборон таҷлил ва баргузор менамоянд. Наврӯз дар байни тоҷикон аз даврони бостон барҷой мондааст, ки ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад. Дар эҳё ва пайдо намудани ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии ҷашни Наврӯз хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ҷашни бостонии Наврӯз на танҳо дар сатҳи давлатию байналмилалӣ, балки дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ботантана ва ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад, ки шинохту дарки моҳияту муҳиммияти он амиқтар мегардад. Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёгони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Анъанаҳои зебою пур аз ҳикмати тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон беҳисобанд. Аз ҷумла, ниёгони мо аз қадимулайём дар ин давра анъанаеро ба ҷо меоранд, ки дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад. Ба расми маъмул, гузаштагони мо дар рӯзи Наврӯз либоси нав ё тозаву озода дар бар карда, аҳли ҳар хонавода бар сари хони наврӯзӣ менишастанд. Хони наврӯзӣ аз ҳафт син, яъне сипанд, себ, сиёҳдона, санҷид, суманак, сикка ва сабзӣ ё гандуми сабзида ва ҳафт шин, яъне шакар, шир, шароб, шиннӣ, шамшод, шамъ, шона иборат буд.Маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонатаконӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд намудани руҳи гузаштагон, навозиши сари ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ва ғайра аз суннатҳои неки наврӯзӣ мебошанд, ки аксари ин ойинҳо то имрӯз дар мамлакати мо вуҷуд доранд. Бахусус, ёд кардани гузаштагон ва дастгирии бечорагону дармондагон аз анъанаҳои хуби Наврӯз ба шумор мераванд.Мардуми моро аз рӯзгори қадим дар баробари «ориёӣ» бо сифати «озодагон» ҳам ном мебурданд, ки ин вожа бо «ориёӣ», яъне озодаву наҷибзода ҳаммаъно аст. Устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва бузургони дигар дар сурудаҳову нигоштаҳояшон сареҳан гузаштагони моро «озодагон» ном бурдаанд. Бинобар ин, як суннати муҳимми Наврӯзи озодагон озодагию покизагӣ ва покизарӯзгорӣ аст.19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.Он маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Соли 2016 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар Ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоноид ба мақоми ҷашни Наврӯз чунин изҳори андеша намудаанд: «Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад. Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад».Аз ин хотир, бо байналмилалӣ шудани ҷашни Наврӯз тамоми халқҳои олам – турку тотору озариву паштуву ҳинду – ин ҷашнро, ки ному ниҳод ва аслу насаби тахту бахташ– тоҷикӣ мебошад, таҷлил менамоянд. Мардуми тоҷик аз он хушнуд ҳастанд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодии тоҷикон фаромиллӣ шуда, дар саросари олам бо номи тоҷикии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад ва тамоми башариятро гирди худ ҷамъ овардааст.
Рисолати таърихӣ ва қудрати фарҳангэҷодкунии ниёгони тоҷикон аст, ки ҳамин падидаи табиии мутааллиқ ба тамоми халқҳои сайёраро дар фарҳанги тоҷикӣ ба падидаи фарҳангӣ-маънавии созанда табдил диҳанд. Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёгони мо, тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Дар ин маврид донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» меоварад: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Берунӣ мегӯяд: «ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросими гуногун, аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро таъкид медорад, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзор ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану перостани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.Дар баъзе асарҳои куҳан, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст. Дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ба нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусияту оинҳои он таваҷҷуҳ шудааст. Муҳимтарин нуқта он аст, ки пайдоиши Наврӯз ба масъалаи офариниш, арзи ҳастӣ кардани гардиши кайҳонии табиат, ба монанди фасли баҳору эҳёи табиат, ки аҳамияти ҳастибахшӣ ва умумиинсонӣ дорад, вобаста аст. Анъанаи хеле қадимӣ будани ҷашни Наврӯз дар бисёр сарчашмаҳои дигар низ баён ёфтааст. Ба монанди «Ал-бидаъ ва-т-таърих»-и Шафеъи Кадканӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абусаид Маҳмуди Гардезӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ ва ғайра. Наврӯз ягона ҷашни миллии мо аст, ки давоми ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашамату азамати хешро нигоҳ доштааст. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб барҳақ Тоҷикистонро Ватани Наврӯз номидааст. Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз меҳру муҳаббат, садоқат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ, давлатӣ, ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, дурнамои нек, кору пайкор ва самимиятро дар дили ҳар фард ба таври доимӣ маскун менамояд.
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Муҳаммад Ғоиб
Фарҳанги Наврӯз баёнгари покии тан, руҳи озоду озодагӣ, наҷобати пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори неки ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳатии инсон, парвариши руҳи солим мебошад. Наврӯз дар дӯстию баҳамойии аҳли сайёра ва дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳони муосир саҳмгузор аст. Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон ва расму оин буда, давоми мавҷудияташ арзишҳои фарҳангиву миллиро дар таркиби худ ҳифз намудааст. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар яки мо ба хотири ободию шукуфоии ҳарчи бештари сарзамини аҷдодиамон суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла озодагию покизагии зоҳиру ботинамон ва шаҳру деҳоти мамлакатро шиори зиндагӣ қарор диҳем ва барои тантанаи Наврӯзи оламафрӯз дар ҳар чор фасли сол ва ҳамасола ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз содиқона хизмат намоем.
Сардори курси 3-юми воҳиди таълимӣ факултети №2 Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шоҳиён Ш.Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...