Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии тоҷикон
Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва навшавии зиндагии инсон мебошад. Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо аз насл ба насл гузашта, ба як арзиши муҳими фарҳангӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни як миллат, балки ҷашни халқҳои гуногуни ҷаҳон мебошад. Он мардумро ба сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ даъват менамояд.
Таърихи пайдоиши Наврӯз ба давраҳои хеле қадими тамаддуни башарӣ рост меояд. Бисёре аз муҳаққиқон бар он назаранд, ки Наврӯз дар байни халқҳои ориёӣ пайдо шуда, баъдтар дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн гардидааст.Мувофиқи ривоятҳои таърихӣ, пайдоиши ин ҷашн ба номи подшоҳи афсонавӣ Ҷамшед вобаста аст. Дар ривоятҳо гуфта мешавад, ки Ҷамшед рӯзи баробар шудани шабу рӯзро ҷашн гирифта, онро Наврӯз номид. Вожаи "Навруз" ба маьнои рузи нав буда, бо фарорасии эьтидолибахорй ва баробаршавии рузу шаб такрибан аз 18 то 22-юми марти хисоби мелодӣ оғоз меёбад. Аз ҳамон вақт ин рӯз ҳамчун оғози соли нав ва ҷашни баҳор таҷлил мегардад. Наврӯз бо падидаи астрономии баробар шудани шабу рӯз алоқаманд мебошад. Ин ҳолат ҳар сол дар рӯзҳои аввали баҳор ба амал омада, оғози давраи нави табиатро нишон медиҳад. Бедоршавии табиат, сабзидани гиёҳҳо ва гарм шудани ҳаво ба инсон ҳисси умед ва навсозиро мебахшад.
Ин чашни милли 23 феврали соли 2010 дарИҷлосияи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои муаззами миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба як ҷашни воқеан байналмилалӣ табдил ёфтааст. Соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният ворид намуд. Соли 2010 бошад, Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Дар Тоҷикистон Наврӯз яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҷлили Наврӯз боз ҳам бошукӯҳтар гардид. Давлат барои эҳё ва рушди суннатҳои миллии марбут ба ин ҷашн тадбирҳои муҳим меандешад. Дар ин самт саҳми бузурги сарвари давлат назаррас мебошад. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Наврӯз ба сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид ва дар ҷаҳон ҳамчун ҷашни фарҳангии мардумони ориёӣ шинохта шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста аҳамияти фарҳангӣ ва инсонпарваронаи Наврӯзро таъкид менамоянд:«Наврӯз ҷашни ниёгони тамаддунофари мо буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва эҳтироми инсон ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад».
Инчунин муҳтарам ҷаноби Олӣ борҳо таъкид намудаанд, ки таҷлили Наврӯз ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии халқ мусоидат мекунад: «Наврӯз мардумро ба сулҳ, дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят намуда, яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги башарият ба ҳисоб меравад». Наврӯз барои таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии халқ нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва нигоҳдории суннатҳои ин ҷашн вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Навруз на танҳо чашн балки чахонбинӣ аст, сархати саҳифаи навест дар китобе бо номи хаёт - зиндагӣ . Он бар пояи андешаҳои нек, гуфтори нек, кирдор ва рафтори нек устувор мебошад. Шоирони бузург чун Абуабдуллохи Рудакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон"Навруз" - ро бисёр ситоиш мекарданд.Барои мисол Ҳофизи Шерозӣ дар газалиёташ борҳо аз Навруз, баҳор ва эҳёи табиат ёд мекунад.Гарчанд девонашро, оиди суруди Наврузӣ дар шакли алоҳида надорад, аммо дар бисёр газалиёташ руҳияи Наврузӣ васф шудааст:
Зи куи ёр меояд насими боди Наврузӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳи, чароғи дил барафрузй.
Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бинфони,
Ба гулзор ой, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзи.
Ҳофизи Шерозӣ ин иди баҳориро тавсиф намуда,таъкид менамояд, ки он панч руз давом меёбад.
Сухан дар парда мегуям, чу гул аз ғунча беруной,
Ки беш аз панҷ руз нест ҳукми мири Наврузӣ.
Наврӯз дорои анъанаҳо ва расму ойинҳои гуногун мебошад. Омодагӣ ба ҷашн аз тоза кардани хона, шинонидани сабза ва омода намудани таомҳои миллӣ оғоз мегардад. Яке аз рамзҳои муҳими Наврӯз дастархони идона мебошад. Дар он анвои гуногуни ғизо ва рамзҳои баҳорӣ гузошта мешаванд. Аз ҷумла, сабза, шириниҳо ва таомҳои миллӣ омода мегарданд. Дар рӯзҳои Наврӯз чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд.Аз ҷумла, мусобиқаҳои гӯштингирӣ, бузкашӣ ва дигар бозиҳои суннатӣ мардумро ба ҳам меоранд.
Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимӣ ва пурмазмун дар таърихи тамаддуни инсонӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Он рамзи эҳёи табиат, сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумон мебошад.Эътирофи байналмилалии Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти бузурги фарҳангии онро барои тамоми инсоният нишон медиҳад.Имрӯз вазифаи ҳар як ҷомеа аз он иборат аст, ки ин мероси ғании фарҳангиро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда расонад. Наврӯз на танҳо хотираи гузашта, балки рамзи умед ва ояндаи дурахшони инсоният мебошад.
Ҳамин тавр, Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимӣ ва пурмазмун дар таърихи фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Он рамзи эҳёи табиат, сулҳ, дӯстӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Ҳифз ва рушди анъанаҳои Наврӯз барои наслҳои имрӯза ва оянда аҳамияти бузург дорад.
Курсанти курси 4 Факултети 2
Гуруҳи таълимии 409
сержанти милитсия
Шерзодзода Асадуллоҳ Шерзод







































































































































































