Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ

2602

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кардаст. Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад.

Наврӯз решаҳои амиқи таърихӣ дошта, пайдоиши он ба давраҳои қадим, замони пеш аз ислом рост меояд. Бино ба баъзе манбаъҳо, ин ҷашн ба давраи Ҳахоманишиён рост меояд. Дар он замон, Наврӯз ҳамчун оғози солшумории офтобӣва фарорасии баҳор таҷлил мешуд. Бо мурури замон, ин ҷашн дар байни халқҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон паҳн гардид ва ба як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги онҳо табдил ёфт.

Ҷавҳари таърихӣ, фарҳангӣ ва фалсафии Наврӯз саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба шинохти ҳамдигар, ҳамзистии осоишта, созандагӣ, дарки воқеияти табиат ва арҷгузорӣ ба неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Аҷдоди хирадманди мо тоҷикон ҳанӯз аз даврони хеле қадим рӯзи аввали солшумории шамсиро рӯзи нахустини баҳор - бедоршавии табиат, олами наботот, оғози киштукор ва такмилу танзими олам медонистанд. Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мо мебошад. Чунин арзиш, моҳият ва мазмуни фарҳангӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва табиии ин падидаи нодири тамаддуни инсонӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадами ҳаёти башарият боқӣ мемонад.

Оид ба арзиш ва аҳаммияти зиндагисози Наврӯзи байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ки дар баробари дигар паҳлуҳои созанда ин оини миллии мо – тоҷикон ва пеш аз ҳама, суннатҳои созгори он, ба мисли тозаву озода намудани манзили зист, аз хона берун кардани ашёи куҳнаи рӯзғор, аёдати беморону барҷомондагон, бахшиши гуноҳи ҳамдигар, рафъи кинаву адоват ва душманиву бадбиниҳо ҷавҳари инсонсолориву ҷомеасозӣ доранд.

Маҳз бо ташаббусҳои бевосита ва меҳру муҳаббати бепоён ба фарҳанги миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ чун Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва ғайра бароварда, онро ба ҷашни байналмилалӣ табдил доданд. Иди Наврӯз моҳи сентябри соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд. 19 – уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Истиқболи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” баъд аз қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар байни дигар халқҳои минтақа низ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ҳамчун омили муттаҳидсозии миллатҳо ва халқҳо нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ хизмат мекунад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Ҳар сол дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ баргузор мешаванд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунанд.

Ҳамин тариқ, қобили зикр аст, ки ҳамаи ин дастовардҳо миллӣ маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар чунин як давлати ободу зебо, ором, тараққикарда, зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем ва ҳамасола ин ҷашнро дар ҷумҳурӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Каримзода У.К. – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...