Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАВРӮЗ МЕРОСИ НИЁГОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

навруз

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Точикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар бошад. Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷмад ва куҳантар нест.

Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадими марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Дар Нишони наврӯз, ки ба шакли кураи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб нуравшонии офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед ва фасли баҳору шукуфоӣ ҳа ҳамчунин тоҷи зарини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.

Наврӯз ба қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Мутатҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки соли нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осёи Марказӣ ҷашн гирифта мешаванд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нишони ҷашни Наврӯз таҳия ва тасдиқ карда шуд.

        Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарбӣ сарзамини Чин оғлоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Афроқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Зикр када шуд, ки Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардида, шукуҳу шаҳомати миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хӯрам нигоҳ медорад.

Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерубахшӣ сусҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст. Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

Бо гузашти замон маросимҳои Наврӯзӣ шомили орзую омили бани башар гардидааст. Масалан, маълум аст, ки адади “ҳафсин” ва “ҳафтшин” дар миёни мардум бо хосияти хеш муътабар дониста мешавад.

Дар иди Наврӯз низ ин адад мақом пайдо карда ва дар рӯйи дастархони Наврӯзӣ хурданиҳое мегузоранд, ки бо ҳарфи “син” ва “шин” шуруъ мегарданд.

Бо ҳарфи “син” суманак, сир, сипанд, сирко, санҷид, себ ва ҳарфи “шин” шир, шакароб, шароб, ширинӣ, ширбиринҷ бо ҳамин номҳо маъуманд. Ниёгони мо бар ин ақида буданд, ки фарорасии соли нав (Наврӯз) ҳама бояд поку тамиз бошад ва дар ҳар хонавода ғубори куҳнагӣ набояд боқи монд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдати ҷомеа ва эҳтироми мероси таърихиву фарҳангии ниёгон таҷлил мегардад. Бо сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми шоиста пайдо намуда, ба яке аз рамзҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди анъанаҳои наврӯзӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Бигзор Наврӯз ҳамеша рамзи сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ ва пешрафти ҷомеаи инсонӣ бошад. Ҳаминтавр Наврӯз рамзи зиндашавии табиат, оғози зиндагии нав ва умед ба ояндаи беҳтар мебошад.

Ин ҷашни зебо наслҳоро ба ҳам мепайвандад ва арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷикро аз насл ба насл мегузорад. Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукуҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми точик табдил ёфт.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гур гулфикани Наврӯз аст,

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 

Муаллими кафедраи бехатарӣ                  

аз сӯхторӣ факултети №5,

лейтенанти милитсия

Шоҳзода Б.М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...