Суманак-рамзи муҳаббат ва садоқат
Суманак (сумалак) зеббахши асосии дастархони наврӯзи ба ҳисоб меравад. Аммо шояд кам одамон дар бораи пайдоиши ин хӯроки миллии тоҷикон маълумоти дақиқ дошта бошад. Ривояту қиссаҳои зиёде вуҷуд доранд,ки таърихи куҳан доштани ин анвои хӯрокаро далолат менамояд Тибқи як ривоят дар замонҳои хеле қадим қавме дар тараддуди ҷашнгирии Наврӯз буданд. Бевазане соҳиби 7 фарзанд низ мехост, ки дар ҷашн барои кӯдаконаш хӯроки лазизе омода карда, хотири онҳоро шод кунад. Вале ҳар чанд ҷуст дар анбораш гарде орд пайдо накард. Кӯдакон талаби таом мекарданд. Пиразан ночор монду даст ба дуо бардошт ва деги холиро болои оташдон ниҳоду худ барои намак ба хона даромад. Вақте берун омад, таоме дар дег меҷӯшиду даври дег занони фариштамилсоле доира зада мерақсиданд. Ҳайрати пиразанро дида, яке аз он паричеҳраҳо гуфт – он чи аз Худо хости ҳозир кард, акнун ҳамсояҳоро даъват куну таомро бо онҳо ҳамро бин.
Аз ҳамон вақт инҷониб суманак (сумалак) яке аз таомҳои асосии руи дастархони наврӯзист ва онро танҳо дар ҳамин фасл мепазанд. Имрӯз Суманак ба яке аз хӯрокҳои асосии наврӯзӣ табдил ёфта, метавон онро ҳамчун рамзи наврӯзӣ номид. Дар кишвари мо-Тоҷикистон модарон 15-20 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, бо мақсади тайёр кардани ин таоми анъанавӣ-суманак аз гандум, омодагӣ мебинанд. Дар омода намудани Суманак занҳо дастаҷамъона иштирок мекунанд, зеро як-ду нафар зан наметавонад аз уҳдаи тайёр намудани он барояд. Занҳое, ки аз як деҳа в аё як маҳал барои пухтани суманак ҷамъ шудаанд, онро бо навбат то субҳ, то омода шуданаш бе танафус мекобанд. Дастаҷамъона омода намудани Суманак худ як навъ таҳаммулу сабру бардошти инсонро ифода менамояд, яъне одамон соли нави оянда дар иҷрои ҳамаи корҳо босабру таҳаммул бошанд, инчунин ҳар мушкилоти зиндагиро бо тавоноӣ ва шодмонӣ дар якҷоягӣ бартараф намоянд.
Суманак рамзи меҳру муҳаббату садоқат аст, ки пас аз пухтан ҳатман онро ба ҳамсоягони гирду атроф низ медиҳанд. Ҳатто ҳангоме, ки занҳо дар рӯзҳои Наврӯз ба хонаи ҳамдигар мераванд, ҳатман ҳамчун пайки наврӯзу баҳору муҳаббату самимияту садоқат бо худ Суманак мебаранд. Зеро суманак рамзи таваҷҷуҳ ба дигарон, рафоқат ва дӯстӣ ба наздикон низ мебошад. Як хусусияти дигари суманак дар он аст, ки дар омода кардани он танҳо занҳо ширкат меварзанд, иштироки мардон тибқи расму оинҳо манъ аст.
Занон-модарон аз шом то субҳ дар омода кардани он ширакат варзида, сурудҳо дар васфи Суманак мехонаду рақсу шодӣ мекунанд. Яке аз сурудҳои маъмул дар васфи суманак ин суруди "Суманак дар ҷӯш мо кафча занем” мебошад.
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Суманак бӯйи баҳор аст,
Суманак авҷу барор аст.
Мелаи шабзиндадор аст,
Иди Наврӯзӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Суманак ширинии ёр аст,
Суманак аҷаб нигор аст,
Суманак зеби баҳор аст,
Иди Наврӯзӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Суманак рамзи шодӣ, хушбахтӣ, бахту саодат, рӯзгори осуда мебошад.
Дар кишвари азизи мо- Тоҷикистон якчанд роҳҳои тайёр кардани суманак вуҷуд дорад, ки маъмултарин он Суманаки дегӣ буда, дар баъзе минтақаҳои ватанамон тайёр намудани Суманаки тагиаловӣ ва ё Суманаки кулчагӣ низ маъмуланд. Таоми Суманак, бахусус дар ҷашни Наврӯз нақши асосӣ ва муҳимро мебозад.
Сабзаи суманак, рамзи зиндагӣ, баҳор, бедоршавии табиат, хушбахтӣ, шодмонӣ, осудаҳолӣ, инчунин гирифтани ҳосили хуб дар соли нав аст, ки боз аз он суманак омода мекунанд. Барои кишварзон ва деҳқонони кишвари мо Тоҷикистони азиз Наврӯз, пеш аз ҳама оғози кишту кори баҳорӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳосилашро дар фасли ҳосилғундорӣ- Меҳргон ба даст меоранду дар таомҳои наврӯзии оянда, ки аз гандум ва зироатҳои ғалладона истифода мебаранд, инъикос ёфтааст.
Хулоса, Суманак яке аз хӯрокҳои асосии наврӯзӣ буда, метавон онро ҳамчун рамзи наврӯзӣ номид.
Азида Давлатшозода
полковники милитсия







































































































































































