Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАВРӮЗ ВА РАСМУ ОЙИНҲОИ МИЛЛӢ

2613Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёнажод ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯза бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон мебошад.
Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин ҷашнҳои мардумони ориёнажод буда, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Чунонки аз номаш бармеояд, Наврӯз маънои «рӯзи нав»-ро дошта, оғози соли нави хуршедиро ифода мекунад. Он ба фарорасии баҳор, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва баробаршавии шабу рӯз рост меояд. Аз нигоҳи ситорашиносӣ, Наврӯз он лаҳзаест, ки Офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мегардад.
Дар таърихи 18 феврали соли 2010, дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, қатъномаи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул гардид. Тибқи он, ҳамасола 21 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мешавад. Ин иқдом бо пешниҳоди Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон сурат гирифтааст.
Маълумоти муфассал дар бораи таърих ва пайдоиши Наврӯз дар сарчашмаҳои классикӣ, аз ҷумла асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ («Шоҳнома»), Умар Хайём («Наврӯзнома»), Абурайҳони Берунӣ («Осор-ул-боқия», «Ат-тафҳим») ва дигар муаррихон зикр шудаанд. Дар ин сарчашмаҳо Ҷамшеди пешдодӣ ҳамчун бунёдгузори Наврӯз муаррифӣ мегардад.
Расму ойинҳои асосии Наврӯз
Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки маҷмӯи мукаммали ойину маросимҳо мебошад, ки дар тӯли таърих шакл гирифтаанд.
Гулгардонӣ. Яке аз ойинҳои қадимист, ки кӯдакон бо гулҳои баҳорӣ (бойчечак, сиёҳгӯш ва ғайраҳо) хона ба хона гашта, муждаи омадани баҳорро мерасонанд.
Ҷуфтбаророн. Маросими оғози корҳои кишоварзӣ буда, бо дуову фотеҳа ва рамзҳои фаровонӣ (пошидани орд, равған молидан ба шохи говҳо) анҷом дода мешавад.
Фолгирӣ. Пешгӯии ҳосили соли оянда тавассути сабзонидани намудҳои гуногуни ғалладона анҷом мегардад.
Хонабаророн. Пеш аз Наврӯз мардум хонаҳоро тоза ва ороста мекунанд, ки рамзи оғози зиндагии нав аст.
Чаҳоршанбесурӣ. Маросими оташпарастӣ, ки дар он одамон аз болои оташ ҷаҳида, покшавии рамзиро таҷассум мекунанд.
Маросими обрезон. Ойини покшавӣ тавассути об, ки об ҳамчун унсури муқаддас ва поккунанда шинохта мешавад.
Суманакпазӣ. Яке аз муҳимтарин маросимҳо мебошад. Суманак - таоми рамзии Наврӯз буда, аз сабзаи гандум омода шуда, нишонаи эҳёи табиат ва фаровонист. Ҳангоми пухтани он сурудҳои махсус, аз ҷумла «Суманак дар дег...» хонда мешаванд.
Хӯрокҳои наврӯзӣ. Таомҳо асосан аз ғалладона (гандумкуча, далда, кашк, боч ва ғайраҳо) омода шуда, рамзи баракат мебошанд.
Сайри наврӯзӣ. Мардум дар боғу чаман, лаби рӯдҳо ва чашмаҳо ҷамъ омада, ҷашнро бо шодиву нишот таҷлил мекунанд.
Оштикунонӣ. Яке аз ойинҳои ахлоқӣ буда, дар он одамони ранҷида оштӣ карда мешаванд.
Бозиҳои варзишӣ. Гӯштин, бузкашӣ, аспдавонӣ ва дигар мусобиқаҳо қисми муҳими ҷашн мебошанд.
Аҳамияти фарҳангии Наврӯз
Наврӯз дар тӯли таърих, сарфи назар аз тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ, мавқеи худро нигоҳ доштааст. Он на танҳо ҷашни табиат, балки рамзи ҳувияти миллӣ, ваҳдат, сулҳ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ мебошад.
Дар адабиёти форсу тоҷик низ Наврӯз мақоми махсус дорад. Шоирон аз давраи классикӣ то имрӯз, аз ҷумла Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ онро васф намуда, зебоии баҳор ва эҳсоси шодмонии инсонро ба қалам додаанд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз яке аз муҳимтарин ҷашнҳои фарҳангии мардуми тоҷик ва дигар халқҳои эронитабор буда, маҷмӯи ғании расму ойинҳоро дар бар мегирад. Он на танҳо таҷлили оғози сол, балки ифодаи робитаи инсон бо табиат, гузашта, арзишҳои маънавӣ мебошад.
Сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Раҳматшозода С.Р.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...