Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суманак – рамзи Наврӯз

2614Боиси ифтихору сарфарозии мо, тоҷикон, кулли форсизабонони олам ва дигар кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аст, ки аз соли 2010-ум инҷониб Наврӯзи аҷам дар сатҳи байналмилалӣ ва бо шукуҳӯ шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз имкон медиҳад, ки аҳли башар ба ин падидаи нодири бостонӣ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро Наврӯз ва мазмуну муҳтавои он хоси фақат қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонад ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Наврӯз яке аз бузургтарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад ва таърихи онро метавон ба ҳазорсолаҳо расондан мумкин аст. Дар сарнавишти фарҳанг ва анъанаҳои мардуми тоҷик ҳеч як расму ойин ва ҷашн ба қадри Наврӯз арҷманд ва муҳтарам набуд. Ин ҷашн на танҳо рамзи фарорасии соли нав, балки ифодагари арзишҳои миллӣ, суннатҳо ва анъанаҳои қадимаи тоҷикон мебошад. Маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо намояндагони кишварҳои ҳамҷавору ҳамхун, ҳамсояю ҳамзабон ва дӯсту бародари мо 23 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги сулҳ»-ро дошт, қатъномаи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» ба тасвиб расид, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» таҷлил мегардад, ки ин худ гувоҳи амонию амният, сулҳу салоҳ ва муттаҳҳидию сарҷамъии аҳли башар мебошад. Ба таври расмӣ эътироф шудани ин ҷашни тоҷикон ба сифати як падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ дар шароити имрӯза бори дигар исбот менамояд, ки тоҷикон воқеан, аз зумраи он халқҳое мебошанд, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми муносиб доранд.
Яке аз муҳимтарин суннатҳои Наврӯзӣ пухтани суманак мебошад, ки ҳамчун рамзи фаровонӣ, баракат ва зиндагии нав дар фарҳанги мардум ҷойгоҳи махсус дорад. Суманак аз гандуми сабзида омода карда мешавад. Гандум дар фарҳанги кишоварзии тоҷикон рамзи зиндагӣ, ризқу рӯзӣ ва неъматҳои замин маҳсуб мешавад. Аз ҳамин сабаб, тайёр кардани суманак дар рӯзҳои Наврӯз нишонаи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва умед ба соли пурфайзу баракат ба ҳисоб меравад. Пухтани суманак бештар ҳамчун як маросими ҷамъиятӣ баргузор мегардад. Одатан занону духтарон шоми пеш аз Наврӯз гирди ҳам омада, деги суманакро бар оташ мегузоранд. Машҳуртарин суруд “Суманак дар ҷӯш…” мебошад, ки фазои идонаро боз ҳам гармтар месозад. Ин анъана рамзи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми якдигар аст. Ин раванд то саҳар идома меёбад ва дар ин муддат иштирокчиён бо сурудҳои мардумӣ, суҳбатҳои дӯстона ва орзуву ниятҳои нек фазои гарму самимӣ ба вуҷуд меоранд.
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Пухтани суманак сабру тоқат ва меҳнати зиёд талаб мекунад. Онро соатҳои дароз, баъзан тамоми шаб мепазанд. Ин раванд ба инсон меомӯзонад, ки барои ба даст овардани неъмат ва муваффақият, бояд заҳмат кашид ва сабр дошт. Аз ҳамин сабаб, суманак рамзи меҳнатдӯстӣ ва иродаи қавӣ низ ба ҳисоб меравад. Суманак инчунин рамзи фаровонӣ ва баракат аст. Бовар меравад, ки агар суманак бо нияти пок ва дили соф пухта шавад, соли нав барои хонадон пур аз ризқу рӯзӣ ва хушбахтӣ мегардад. Аз ин рӯ, мардум ҳангоми пухтани он орзуҳои нек мекунанд. Дар маҷмӯъ, суманак танҳо як хӯрок нест, балки ҷузъи муҳимми фарҳанг ва мероси миллӣ мебошад. Он арзишҳои инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, сабр, меҳнат ва умедро таҷассум мекунад. Бо ҳамин маъно, суманак ҳамчун рамзи ҷовидонаи Наврӯз дар қалби мардум ҷойгоҳи устувор дорад.
Суманак ҳамчун яке аз рамзҳои муҳимми Наврӯз дар тарбияи маънавии ҷомеа низ аҳамияти бузург дорад. Он мардумро ба меҳнатдӯстӣ, ҳамкорӣ ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад. Ҳамзамон, ин суннат ба ҷавонон имконият медиҳад, то бо мероси фарҳангии ниёгон бештар ошно гарданд ва онро ҳифзу идома диҳанд. Дар шароити имрӯза нигоҳдорӣ ва эҳёи чунин анъанаҳои арзишманд барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва густариши фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Суманак на танҳо як таоми Наврӯзӣ, балки рамзи дӯстӣ, ваҳдат ва пайванди наслҳо мебошад.
Дар интиҳо, ҳамаи шаҳрвандони кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо дар кору фаъолияти шахсӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ барору комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Муаллими кафедраи мурофиаи
ҷиноятии факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия Давлатзода Саидмуҳаммад Мустафо

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...