Пайки Наврӯз
Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти
давлатӣ эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо
кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси
миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон.
Наврӯз яке аз қадимтарин ва муҳимтарин ҷашнҳои мардумони форсзабон буда, ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки дар асоси меҳру садоқат, хираду заковат ва сулҳу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст, ки дар давоми таърихи беш аз панҷҳазорсола ва роҳи пуршебу фарози хеш мазмуни аниқу васеи иҷтимоӣ ва оммавӣ касб намудааст. Ин ид бо фарорасии баҳор, бедоршавии табиат ва зиндашавии дарахтону гиёҳҳо, инчунин оғози соли нав дар тақвими астрономӣ (баробаршавии шабу рӯз) ҷашн гирифта мешавад.
Пайдоиши Наврӯз ба давраҳои давлатдории Шоҳ Ҷамшед мансуб дониста мешавад. Дар китобҳои қадимӣ, аз ҷумла «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ки Ҷамшед подшоҳи одилу донишманд буд, вай барои мардум бисёр пешрафтҳо овард ҳунарҳо, тарзи зиндагӣ, либоспӯшӣ, сохтмон ва ғайра. Рӯзе Ҷамшед ба тахти тиллоии худ нишаст ва бо ёрии девон ба осмон бардошта шуд, ки мардум аз дидани ин саҳна шод шуданд ва он рӯзро рӯзи нав номиданд, ки ин ба 21 март рост меомадааст. Аз ин рӯ Наврӯз ба тамаддуни қадимии мардуми эронитабор ва минтақаҳои Осиёи Маказӣ, Эрон, Афғонистон вобаста аст. Номи «Наврӯз» аз ду калимаи форсӣ «нав» (нав,тоза) ва «рӯз» (рӯз) гирифта шуда, маънояш «рӯзи нав» мебошад. Бисёре аз олимон пайдоиши онро ба давраи дини Зардуштӣ низ нисбат медиҳанд. Дар ин дин табиат, нур ва покӣ аҳаммияти калон доштааст, бинобар ин оғози баҳор ҳамчун рамзи эҳё ва ҳаёти нав ҷашн гирифта мешуд.
Наврӯз, ки ҷашни бостонӣ ба ҳисоб меравад ва таърихи пайдоиши он пеш аз паҳншавии дини ислом мебошад. Аз ин рӯ ин иди миллӣ ва фарҳангӣ буда, ба ақидаи аксари олимон агар ҳангоми таҷлили он ба амалҳои зиддиисломӣ аз қабили хурофот ва зиёдаравӣ роҳ надиҳем дигар ба дин алоқамандӣ надорад
Дар давраи сулолаи Хахоманишиён (асрҳои 6-4 томелод) Наврӯз яке аз идҳои давлатӣ ба шумор мерафт.
Замони сулолаи Сосониён низ иди Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил менамуданд.
Дар давраи ҳукмронии шоҳони сулолаи Сомониён, алалхусус дар шоҳигарии Исмоили Сомонӣ Наврӯз яке аз идҳои муҳимтарини давлатӣ ва мардумӣ буд. Подшоҳон ва мардум онро бо расму оинҳои махсус ҷашн мегирифтанд: амир дар тахт менишаст, олимону шоирон ба дарбор омада, базму бозӣ ва шеъргӯйӣ мекарданд, ба подшоҳ туҳфаҳо медоданд ва подшоҳ низ дар навбати худ ба мардум туҳфаҳо ба монанди танга, либос ва хурока тақдим мекард.
Ба хотири арҷгузорӣ ба суннатҳои қадимӣ ва зинда нигоҳ доштани оини гузаштагон соли 2009 бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии Юнеско ворид карда шуд ва 23 фаврали соли 2010 таҳти рақами А/REC/64/253 Маҷмааи умумии Созмони Миллили Муттаҳид 21-уми мартро «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон кард ва давлатҳоро даъват намуд, ки таърих ва анъанаҳои Наврӯзиро ҳифз ва тарғиб намоянд.
Аз ин рӯ Наврӯз дар баъзан кишварҳои ҷаҳон, ки бо ҳам ҳамфарҳанг ҳастанд бо тамоми расму оинҳояш ҷашн гирифта мешавад, ба монанди: Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Озорбойҷон, Туркманистон ва ғайра.
Наврӯз дар Тоҷикистон ба қатори Садаву Меҳргон яке аз идҳои муҳими миллӣ мебошад, ки оғози он ба эҳёи табиат ва соли нави офтобиро таҷассум мекунад. Мардуми фарҳангдӯстдор ва оинпарвари Тоҷикистон ин идро бо расму оин ва анъанаҳои гуногун ҷашн мегиранд.
Расму оин ва анъанаҳои Наврӯзӣ дар Тоҷикистон:
- тозакунии хона (хонабурорӣ) мебошад, ки пеш аз фарорасии Наврӯз мардум хона, ҳавлӣ, боғу майдон ва кучаҳоро тоза мекунанд. Ин рамзи поксозӣ ва оғози зиндагии нав мебошад;
- сабза рӯёнидан- тақрибан 8-10 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз гандум, ҷав ё наскро дар об ба муддати 1-2 шобонарӯз тар мекунанд ва баъдан онро ба табақ гирифта, дар ҷойи равшан ва гарм мегузоранд. Пас аз 5-7 рӯз сабз ва зебо мешавад. Ин сабза рамзи зиндагӣ, сабзиш ва фаровонаст, ки онро дар дастархони идона мегузоранд;
- пухтани суманак- дигар аз анъанаҳои машҳури ин ид пухтани суманак мебошад, ки гандуми сабзадаро бо дастгоҳ майда карда, каме об ҳамроҳ карда мекӯбанд ва шираи аз он ҷудошударо ба дег рехта дар оташи паст аз 8 то 12 соат меҷӯшонанд. Барои насӯхтани суманак ба дег якчанд сангча ва дар баъзан минтақаҳо чормағз мепартоянд ва то қаҳваранг шудани суманак, ки аз тайёр шудани он дарак медиҳад дегро кофта меистанд. Одатан занҳо шабона ҷамъ шуда, суманак мепазанд. Дар вақти пухтани суманак, ки машаққати зиёдро талаб мекунад базму бозӣ, доиразанӣ ва сурудхониҳо мекунанд. Ба монанди сурудҳои:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем…
Далели гуфтаҳои боло мебошад, ки ин таҷассумгари рамзи баракат ва фаровонии сол маҳсуб меёбад;
- дастархони наврӯзӣ -дар наврӯз дастархони идона ороста мешавад, ки онро одатан бо хӯрокҳои миллии тоҷикона аз қабили: суманак, оши бурида, оши палав, ширбиринҷ, ҳалиса ё ҳалим ( аз гандум ва гушт тайёр мешавад), самбӯса (бо гушт, каду ва алаф) чак-чак, қаталма, фатир, кулча ва нонҳои идона инчунин «ҳафтсину ҳафтшин» меороянд.
Ҳафтсин ва рамзҳои хоси он:
1). Сабза - рамзи ҳаёт ва сабзидан;
2). Себ - рамзи зебоӣ ва саломатӣ;
3). Сир - рамзи муҳофизат ва тандурустӣ;
4). Сирко - рамзи сабр ва таҷриба;
5). Суманак - рамзи баракат ва фаровонӣ;
6). Синҷид - рамзи муҳаббат;
7). Сумоқ ¬- рамзи тулӯи офтоб ва ғалаба бар торикӣ.
Ҳафтшин ва рамзҳои хоси он:
1). Шир - рамзи покӣ ва саломатӣ;
2). Шакар - рамзи ширинии зиндагӣ;
3). Шона - рамзи зебоӣ ва тартиб;
4). Шамъ - рамзи нур ва равшанӣ;
5). Шарбати ширин - рамзи хушҳолӣ;
6). Шоҳона (шоҳтут) - рамзи фаровонӣ;
7). Шонагул ё шоҳиспанд- рамзи муҳофизат аз бадӣ.
- Пӯшидани либосҳои миллӣ - дар Наврӯз занону мардон либосҳои миллии ба худ хосро ба бар мекунанд
Либосҳои занонаи Наврӯзӣ: курта ва лозим ин либоси анъанавии занона бо матоъҳои атлас, адрас ва чакан мебошад. Чакан куртаи гулдузишудаи миллии тоҷикона буда, хело маъмул аст. Атлас ё адрас бошад матоъҳои рангобаранг бо нақшҳои миллӣ. Инчунин рӯймол ё тоқӣ, ҳар гуна гарданбанду гӯшвор ва дастпонаҳоро ба бар менамоянд барои пурра кардина либоси миллӣ.
Либосҳои мардонаи Наврӯзӣ бошад аз қабили куртаи миллӣ бо шим, аз матоҳои якхелаи оддӣ (сафед, сиёҳ, кабуд ё сабз) ё адрас, чапон- ҷомаи болопуш бо нақшҳои миллӣ, камарбанд ва тоқии тоҷикона ё кулоҳи миллӣ. Пӯшидани либоси нав ин рамзи зиндагии нав ва бахти хуб аст;
- боздид аз хешу ақрабо - бо фарорасии иди Наврӯз одамон аз рӯйи суннати ниёгонамон барои аёдати хешу табор, ҳамсоягон, шахсони солхӯрдаю барҷомонда, ятимону бепарасторон рафта, аз ҳолу аҳволшон хабардор мешаванд. Ба шахсони ниёзманд туҳфаҳо тақдим мекунанд.
- бозиҳои миллӣ – дар иди Наврӯз одамон дар бисёр ҷойҳо бозиҳои анъанавӣ аз қабили: бузкашӣ, гуштин, пойгаи аспон ва ғайраҳо ташкил намуда, ба шахсоне, ки ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд туҳфаҳо ба монанди маблағҳои пулӣ, қолинҳо ва ё дигар таҷҳизотҳои рузғор тақдим карда мешаванд.
-барномаҳои фарҳангӣ - Наврӯз, ки ҷашни фараҳу шодӣ ва хурсандӣ мебошад, бинобар шурӯъ аз омад омади ин ид қариб тули ду ҳафта дар саросари кишвари азизамон барномаҳои консертию театрӣ, рақсу бозӣ, суруду мусиқиҳои хоси Наврӯзӣ идома меёбад, ки дар он тамоми аҳли ҳунар, пиру барно иштирок менамоянд;
-асбобҳои мусиқинавозии Наврӯзӣ- мусаллам аст, ки ҳамаи ҷашну маросимҳои миллӣ бо созу навои мусиқӣ оғоз мегарданд. Аз ин рӯ бо фаро расидани ин ҷашни фархундаи аҷдодӣ, ҳаваскорону мутрибон аз асбобҳои мусиқинавозии сирф миллии тоҷикӣ ба монанди: доира, карнай, сурнай, таблак (ё нақора), рубоб, дутор мусиқиҳои хоси Наврӯзӣ менавозанд, шунавандаро воқеан ба ваҷд меорад.
Дар ҷаҳонишавии Наврӯз, ки иди шодӣ, дӯстӣ ва умеди нав буда, мардумро ба некӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад саҳми Пешвои миллат ҳамчун як шахси фарҳангпарвар беандоза аст.
Аз ин рӯ мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо Ватани Наврӯз аст ва дар сарзамини мо тантанаҳои Наврӯзӣ ҳамчун оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракоти сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон нерӯи тоза мебахшад. Аз ин лиҳоз идома бахшидан ба суннатҳои неки аҷдодӣ имконияти беҳтарини баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, заҳмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва осоишу пешрафти абадии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад.
Маъруфиён Баҳрулло Маъруф- сардори
кафедраи такмили ихтисоси факултети №3
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия
Сафарзода Абдулло Сафар- муаллими калони
Кафедраи такмили ихтисоси факултети №3
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия







































































































































































