НАВРӮЗ ЭҲЁИ ТАБИАТ ВА ЗИНДАГӢ
“Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамадунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое дорад, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои морро ҳамроҳи мекунанд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз яке аз қадимтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор ба ҳисоб меравад. Ин ид оғози соли нави шамсӣ ва фарорасии фасли баҳорро таҷассум мекунад. Калимаи «Наврӯз» маънои «рӯзи нав»-ро дошта, рамзи эҳё, покӣ, дӯстӣ ва умед ба фардои нек мебошад. Барои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои минтақа Наврӯз на танҳо як ҷашни оддӣ, балки мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва нишонаи пайванди инсон бо табиат ва суннатҳои ниёгон аст.
Ҷашни Наврӯзро қариб дар тамоми гӯшаю канори Осиёи Марказӣ , дар бисёр кишварҳои Ховарзамин ҷашн мегиранд. Дар баъзе минтақаҳо ҷашни Наврӯзро Сари сол ва Соли нав низ ном мебаранд.Дар шаҳру деҳоти Моваруннаҳр дар арафаи Наврӯз ба ҳам гул тақдим мекарданд, ба якдигар гулоб мепошиданд ва шарбату шириниҳо мечашониданд . Ҳангоми вуруди Наврӯз мувофиқи анъана ҳамаи аҳли хонавода ба сари хони Наврӯзӣ ҳозир мешуданд.Вобаста ба рӯзи аввали сол мардумони форсизабон фол мегирифтанд, ки дар ин рӯз ба хона ашёи сиёҳ намеоварданд, чунки чизи сиёҳ аломати қувваи бадӣ –Аҳриман ва ашёи сафед нишонаи хуби хушнудӣ–Ҳурмузд ба ҳисоб мерафт.Инчунин мардумони ориённажод аз аҳди бостон то ба рӯзгори мо дар Наврӯз пероҳани сафед ба бар мекарданд ва тановули таоми солинавиро аз шири навдӯшида ва қанди сафед оғоз менамуданд, ки ҳоло ҳам дар рӯзгори бисёр маҳалҳои тоҷикнишин ин расм боқӣ мондааст. Шаби соли нав 21 март хӯрокҳоро аз сафедӣ омода менамоянд ба монанди ширбиринҷ, ширкаду ва ғайра. Бояд тазаккур дод, ки роҷеъ ба Наврӯзи хуҷастапай дар сарчашмаҳои таърихӣ ривоятҳо хеле зиёданд. Дар мисоли зерин :”Ҳар касе, ки субҳи ин рӯз сухани нек гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани хешро чарб бикунад, яъне тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд”. Баъдан мардум аз нав ба ҳолати эътидол мерасанд, файзу баракат ва фаровонӣ бар онҳо бар мегардад аз руҳафтодагию бадбахтӣ раҳоӣ меёфтанд. Дар чунин рӯзи фархунда Офтоб намудор мегардад ва нур аз ӯ дурахшон мешавад.
Агар Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо тавассути хотираи таърихии халқ зинда монда бошад, пас дар марҳилаи нави давлатдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷони тозабахшида, онро аз сатҳи як расми деҳқонӣ ба сатҳияк ҷашни сиёсӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣбардоштанд. Ин иқдом боис шуд, ки тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва Наврӯз ҳамчун рамзи ҷовидонаи ин миллатшинохта шавад.Дар саросари кишвар ба ифтихори ин ҷашни бузург чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд. Мардум дар майдонҳо ва боғҳои фарҳангӣ ҷамъ омада, сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва дигар расму оинҳои қадимии миллиро иҷро мекунанд. Ин ҷашн фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шодиро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад.
Наврӯз бо расму анъанаҳои зебо ва рамзии худ машҳур аст. Пеш аз фаро расидани ин ид мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, то соли навро бо покӣ ва тартиб оғоз намоянд. Ин амал рамзи покии рӯҳ ва оғози зиндагии нав ба ҳисоб меравад. Дар рӯзҳои ид дастархони пурнозу неъмат ороста мешавад ва таомҳои миллии гуногун омода мегарданд. Яке аз таомҳои маъруфи наврӯзӣ суманак мебошад, ки рамзи баракат, фаровонӣ ва некрӯзӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин анъанаи гузоштани ҳафт ашёи рамзӣ, ки бо номи «Ҳафтсин» ё «Ҳафтшин» маъруф аст, роиҷ мебошад. Дар ин дастархон ашёҳое гузошта мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо маънои махсус доранд ва рамзи ҳаёт, саломатӣ, фаровонӣ ва хушбахтӣ мебошанд. Дар айёми Наврӯз аёдати калонсолон низ яке аз суннатҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ва фарзандон ба дидорбинии падару модар, бобову бибиҳо ва хешу табор рафта, эҳтироми худро нисбат ба онҳо баён мекунанд.Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки ҷашни дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Ин ид инсонҳоро ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми табиат даъват мекунад. Маҳз ҳамин арзишҳо сабаб шудаанд, ки Наврӯз дар байни халқҳои гуногуни ҷаҳон маҳбубият пайдо кунад ва ба рамзи фарҳанги муштарак табдил ёбад.Пос доштани Наврӯз нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва суннатҳои ниёгон мебошад. Маҳз ҳамин арзишҳо Наврӯзро ба яке аз зеботарин ва пурмаънотарин ҷашнҳои ҷаҳон табдил додаанд.
Хушвахтзода Х.Х.
Сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия







































































































































































