Наврӯзи мо наврӯз шуд, з-ин пас ҷаҳонафрӯз шуд
“Ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз ойинҳои дӯстдоштаи мардуми саросари ҷаҳон буда, бо моҳияти инсондӯстонаи худ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди беназири фарҳангии башарият эътироф гардида, ба шарофати фарҳанги худ дар саросари ҷаҳон машҳур гаштааст. Хислатҳои нодире, ки дар кас некию файзу баракат, шодию саодат, бахту саодат ва ишқи зиндагиро талқин мекунанд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!..
Калимаи Наврӯз аз ду калимаи тоҷикии "нав" ва "рӯз" гирифта шуда, маънояш рӯзи нав аст. Наврӯз воқеан ҳам ҷашни хеле зебост, омадани баҳор, оғози шукуфтанҳо, эҳёи табиат, бедор ва зиндашавии саёра, гулпӯш гардидани дарахтон, сурудани хониши булбулон муждаест ба рӯзи наву, соли наву ҳаёти нав.Наврӯз таърихи чандинҳазорсола дорад.Чӣ тавре ки дар «Наварӯзнома»-и Умари Хайём ва «Шоҳнома»-и безаволи А. Фирдавсӣ омадааст гузаштаи ин ид ба шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба қатори Садаву Меҳргон яке аз идҳои муҳими миллӣ мебошад, ки оғози он ба эҳёи табиат ва соли нави офтобиро таҷассум мекунад. Мардуми фарҳангдӯстдор ва оинпарвари Тоҷикистон ин идро бо расму оин ва анъанаҳои гуногун ҷашн мегиранд.
Дар рӯзҳои Наврӯз мардум ба дидорбинии хешу табор мераванд, ба якдигар табрик мегӯянд ва орзуҳои нек мекунанд. Бозиҳои миллӣ, сурудхонӣ ва рақсу шодӣ қисми муҳими ин ҷашн мебошанд.Наврӯз ҳамчун фарҳанг, нигоҳдорандаи асолати милии мо тоҷикону форсизабонони дунё мебошад, яъне забон, урфу одати заминҳо забонписандиву ахлоқи ҳамида, андӯхтани дониш ва амсоли онҳоро ташкил медиҳад.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Дар Тоҷикистони биҳиштосои мо Наврӯз бо анъана ва расму оинҳои хоса таҷлил мешавад. Яке аз анъанаҳои муҳимтарини Наврӯз дар Тоҷикистон «Хонатакон» аст, ки дар он хона ва ҳама чизҳои дар хона бударо тоза мекунанд. Ин анъана аз он шаҳодат медиҳад, ки баҳор ва соли нави фархунда оғоз шавад. Оростани дастурхони наврӯзӣ бо исми “Ҳафт шину ҳафт син”, дигар анъанаҳои маъмули ин ҷашн ба шумор меравад. Ва ҳама он нозу неъматҳое, ки дар дастурхони идонаи “Ҳафт шину ҳафт син” гузошта мешавад, далолат ба пурфайзию пурбаракатии ин ҷашн аст, ки ҳар кадоми он нозу неъматҳо дорои рамзҳои хос мебошанд. Омода намудани хурокҳои суннатӣ, аз чумла суманак, ош, ҳалво, шириниҳои гуногун ва дигар таомҳои миллиро ба маъраз мегузоранд. Бозиҳои миллии наврӯзӣ гуштин, бузкашӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ғайраҳо. Дидани пиронсолону барнодилон, хешовандон, ҳамдигарро шодбош гуфтани мардум ва эҳтироми пирон яке аз суннатҳои муҳими Наврӯзӣ аст. Шинонидани дарахтон ва сабзаву гулҳо баёнгари пайванди инсон бо табиат ва муҳити зист аст. Дигар анъана ва расму оини тоҷикона дар ҷашни Наврӯз ба бар намудани либоси тоза ва либоси миллии тоҷикӣ аз ҷумла атласу адрас ва чакану гулдӯзӣ мебошад. Эҳё кардани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла чакандӯзӣ, атласбофӣ, гулдӯзӣ, чубтарошӣ, кандакорӣ марбут ба расму оинҳои Наврӯзӣ мебошанд. Эҳё кардан ва зинда нигоҳ доштани мероси ниёгон аз он шаҳодат медиҳад, ки инҳо симои зоҳирии худро гум накунанд, аз ин лиҳоз зарур бояд шуморид, ки дар ҳамаи ҷашнҳои фарҳангӣ, ру овардан ба анъана ва расму оинҳои неки ниёгонамон арҷ гузоштан ба онҳост. Зеро ин расму анъанаҳо давлати мо – Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифгар аст. Маҳз бо доштани ҳамин оинҳову суннатҳост, ки миллати тоҷик соҳибмақому соҳибэҳтиром аст, шинохти мо тоҷикон маҳз ана ҳамин анъанаву расму оину суннатҳост.Бе ягон шаку шубҳа гуфтан мумкин аст, ки маҳз пос доштан, зинда нигоҳ доштан, арҷ гузоштан ба расму суннатҳои неки ниёгонамон буд, ки ин ҷашни миллии тоҷикии мо дар арсаи байналмиллалӣ мақоми хосеро пайдо намуда ҷойгоҳи баланди олиро ишғол намудааст. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. “Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.Вобаста ба ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд.Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ин ҷашн хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст.Чунончи, дар асари машҳури Умари Хайём – «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин суханҳои пурмаънӣ омадааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд».
Тавре аз таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун ҷашн гирифта мешудааст. Баргузории Ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзии кӯчак ё Наврӯзии омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) Ҷашни Наврӯзӣ бузург ё Наврӯзии хоса барпо мегашт. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро пайдо кард. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.
Файззода С.С. муовини сардори курси
воҳиди таълими низомӣ факултети №2 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия







































































































































































