«Набзи милитсия» бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
Дар ҳамоиши идонае, ки санаи 11 март ба муносибати 114-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, дар қатори чандин рӯзномаҳои давлативу соҳавӣ ва ҷамъиятӣ нашрияи «Набзи милитсия»-и Академия низ барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва нақши созгор дар тарбияи маънавии насли ҷавони милитсия бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Сипосномаро муовини Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Давлат Сафар ба сардори маркази матбуоти Академия майори милитсия Саида Сафарзода тақдим намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ин бори аввал нест, ки нашрияи «Набзи милитсия» аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешавад. Қаблан низ ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ин нашрияи дохилиакадемӣ борҳо қадршиносӣ гардидааст.
Дар ин ҳамоиши идона мушовири бахши калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода ва муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, инчунин аҳли қалами кишвар иштирок намуданд.
Тавре роҳбарияти Вазорати фарҳанг қайд намуданд: «Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, сомонаҳои иттилоотӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таблиғотӣ дар муаррифии давлат ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мегузоранд».
Ёдовар мешавем, ки солҳои зиёд то таъсиси «Набзи милитсия» ҳаёти ҷамъиятии Академия тавассути рӯзномаҳои деворӣ ва нашрияҳои ҷудогонаи идона инъикос мегардид. Маҳз бо туфайли ташаббуси роҳбарияти Академия нашрияи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо номи «Набзи милитсия» таъсис дода шуда, 24-уми августи соли 2015 таҳти №0383/РЗ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Санаи 12-уми апрели соли 2021 ва такроран 12-уми апрели соли 2024 ин нашрияи Академия дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шуд.
Роҳбарияти Академия ҳайати эҷодии «Набзи милитсия» ва ҳамаи онҳоеро, ки бо нашрияи мазкур ҳамкорӣ доранд, бо ин дастоварди муҳим самимона табрику таҳният гуфта, дар корҳои эҷодии онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно менамоянд.
Маркази матбуоти Академия







































































































































































