Наврӯз — оинаи фарҳанги тоҷикон
Наврӯз яке аз куҳантарин ва пуршукӯҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки аз умқи асрҳо сарчашма гирифта, то имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин ҷашни муқаддас на танҳо оғози фасли баҳор, балки рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва бедории руҳу равони инсон мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз, гӯё нафаси тозае ба зиндагӣ ворид мегардад ва инсон худро ба оғози як саҳифаи нав омода месозад.
Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз ҷойгоҳи вижа дорад. Он ҳамчун ойинае мебошад, ки тамоми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо ва суннатҳои аҷдодиро бо тамоми зебоиҳояш инъикос мекунад. Аз поксозии хонаҳо, ки рамзи покии ботин аст, то оростани дастархони идона бо ҳафтсину ҳафтшин ҳама баёнгари ҷаҳонбинии амиқи ниёгони мост. Дар ин рӯзҳо ҳар як амали инсон маънои рамзӣ дорад: тозагӣ нишонаи оғози нав, сабзидан рамзи зиндагӣ ва фаровонӣ, ва шодӣ нишонаи умед ба фардои беҳтар.
Яке аз зеботарин анъанаҳои Наврӯзӣ пухтани суманак аст, ки он на танҳо як таоми миллӣ, балки рамзи сабру таҳаммул, меҳнати дастаҷамъона ва ҳамбастагии мардум мебошад. Дар гирди деги суманак ҷамъ омадани занону духтарон, хондани сурудҳои суннатӣ ва шабзиндадорӣ ин ҳама ҷузъи фарҳанги зиндаи мост, ки аз насл ба насл мегузарад ва рӯҳи ягонагии ҷомеаро тақвият мебахшад.
Наврӯз инчунин ҷашни эҳтиром ба табиат аст. Дар ин айём инсон ба табиат бо чашми дигар менигарад ҳамчун манбаи зиндагӣ, неъмат ва зебоӣ. Дарахтон шукуфо мешаванд, замин сабз мегардад ва осмон софу беғубор мешавад. Ҳамаи ин гӯё инсонро ба андеша водор мекунад, ки бо табиат дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ намояд, онро ҳифз кунад ва ба наслҳои оянда солим ба мерос гузорад.
Ин ҷашн мардумро ба ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Дар рӯзҳои Наврӯз кинаҳо фаромӯш мешаванд, дилҳо ба ҳам наздик мегарданд ва муҳаббату самимият дар ҷомеа бештар эҳсос мешавад. Аёдати хешу табор, ёд кардани бузургон ва кумак ба ниёзмандон ҳама нишонаи инсондӯстӣ ва ахлоқи баланд аст, ки Наврӯз онро тарғиб мекунад.
Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки як мактаби ахлоқ ва маърифат аст. Он инсонро ба қадршиносии меҳнат, эҳтиром ба калонсолон ва ғамхорӣ нисбат ба хурдсолон ҳидоят мекунад. Дар ин айём, ҳар як шахс мекӯшад, ки бо нияти пок, бо дилу виҷдони соф ба соли нав ворид гардад. Зеро бовар бар он аст, ки чӣ гуна инсон соли навро оғоз мекунад, ҳамон гуна онро идома медиҳад.
Бо гузашти замон, Наврӯз ҳеҷ гоҳ аҳамияти худро аз даст надодааст. Баръакс, он бештар рушд ёфта, ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин эътирофи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки Наврӯз дорои арзишҳои умумибашарӣ мебошад арзишҳое чун сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба табиат.
Барои мардуми тоҷик Наврӯз танҳо як ҷашн нест, балки як бахши ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ мебошад. Он пайванди мустаҳками гузашта, имрӯз ва фардои моро таъмин мекунад. Дар оинаи Наврӯз мо на танҳо анъанаҳои ниёгонро мебинем, балки орзуҳо ва умедҳои худро низ инъикос менамоем.
Дар ҳақиқат, Наврӯз ойинаест, ки дар он рӯҳи миллат, зебоии фарҳанг ва бузургии таърих таҷассум ёфтааст. То замоне ки Наврӯз бо ҳамин шукӯҳ таҷлил мегардад, фарҳанги тоҷикон низ зиндаву ҷовид боқӣ хоҳад монд. Ин ҷашн моро ба он даъват мекунад, ки гузаштаамонро эҳтиром намоем, имрӯзамонро бо маънӣ зиндагӣ кунем ва барои фардои равшан талош варзем.
Иди Наврӯз муборак бошад!
Муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
подполковники милитсия
Муҳитдинзода Ф.







































































































































































