Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАҲЛИЛИ ФАРҲАНГӢ ВА ИҶТИМОИИ НАВРӮЗ АЗ НАЗАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2623Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мост, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед марбут медонанд. Тибқи маълумот, ин ҷашн ҳанӯз дар давраи шоҳаншоҳии ӯ оғоз гардидааст.
Эҳёи Наврӯз дар асри XXI ва мақоми байналмилалӣ гирифтани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ бо ном ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд дорад. Миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашни бостонӣ буда, дар воқеъ метавон онро миллати Наврӯз номид.
Маврид ба зикр аст, ки Истиқлоли давлатӣ дар фазои сулҳу субот ва созандагию ободкорӣ бо маром идома дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии орому осуда ба сар бурда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад.
Роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ дар ин давраи пурмасъулияти таърихӣ тавонистанд давлати мутамаддинеро, ки ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат мебошад, дар шароити мураккаби ибтидои соҳибистиқлолӣ бо тамоми аркони давлатдории демократӣ бунёд намоянд. Имрӯз ин дастовардҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.
Аҷдоди хирадманди тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рӯзи аввали солшумории шамсиро ба рӯзи нахустини баҳор — замони бедоршавии табиат, эҳёи олами наботот, оғози киштукор ва танзими ҳаёт мансуб медонистанд. Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат аст, балки рамзи таҳаммулгароӣ, ваҳдат ва сарҷамъии инсоният низ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, он омили муҳимми таҳкими ифтихори миллӣ ва иттиҳоди ҷомеа мебошад.
Оид ба арзиш ва аҳаммияти зиндагисози Наврӯзи байналмилалӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки дар баробари дигар паҳлуҳои созанда, ин ойини миллии тоҷикон ва пеш аз ҳама суннатҳои неки он, аз ҷумла тозаву озода намудани манзили зист, берун кардани ашёи куҳнаи рӯзгор, аёдати беморон ва ниёзмандон, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рафъи кинаву адоват ва душманиву бадбинӣ дорои ҷавҳари баланди инсонсолорӣ ва ҷомеасозӣ мебошанд.
Маҳз бо ташаббусҳои бевосита ва муҳаббати амиқ ба фарҳанги миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО муаррифӣ намуда, барои ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он саҳми арзанда гузоштанд.
Дар натиҷа, моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият шомил гардид. Ҳамчунин, 19 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул намуд, ки тибқи он Наврӯз мақоми ҷашни байналмилалиро касб кард.
Пас аз ин қарор, “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, ба яке аз рамзҳои муҳимми ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва дӯстии байни халқҳо табдил ёфтааст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Наврӯз дар Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Ҳар сол дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор мегарданд, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва густариши ваҳдати ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи ин дастовардҳои муҳим маҳз ба шарофати талошу заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд. Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот, дар як давлати ободу зебо ва рӯ ба рушд зиндагӣ ва фаъолият намуда, ҳамасола ҷашни Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунем.
Суханҳои пандомӯзи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Наврӯз асосан моҳияти тарбиявӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ доранд. Дар онҳо Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав, рамзи сулҳу дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ тавсиф мегардад. Ҳамчунин таъкид мегардад, ки арзишҳои Наврӯз покизагӣ, бахшиш, некӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром ба якдигар дар таҳкими ҷомеаи солим ва пешрафти давлат нақши бузург доранд. Аз ин рӯ, риоя ва гиромидошти ин арзишҳо барои ҳар як фарди ҷомеа аҳаммияти махсус касб намуда, овардани фишурдаи бархе аз онҳо низ амали нек ва судманд арзёбӣ мегардад.
Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Дар масири таърихи инсоният ва муборизаҳои тезутунди геополитикиву фарҳангӣ фақат арзишҳое қобилияти зиндамонӣ доранд, ки воқеан дорои ҷавҳари аслӣ буда, ваҳдати инсоният ва муҳити атрофро таъмин карда тавонанд.
Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад.
Наврӯз ҳамчун рамзи пайванди табиату инсон, нишонаи баробар гардидани шабу рӯз ва оғози корҳои саҳроӣ дар ҷисму қалби мардуми офарандаи мо абадан макон гирифта, барои имрӯзиён чун ойини эҳёгару созанда аз қаъри асрҳо паём мерасонад.
Наврӯз хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ ва накукориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, табиатро бедор месозад, равшаниро бар зулмот, гармиро бар сардӣ пирӯз мегардонад ва шодиву сурури мардумро ба зиндагӣ бештар месозад.
Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи неку зиндагии беҳин мужда мерасонад.
Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгаро буда, бо фарорасии он одамон кинаву адоватро аз дилҳо дур меандозанд, ба покиву садоқати ботинӣ рӯ меоранд, ба беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа мепардозанд.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯйи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.
Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.
Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва, ниҳоят, Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.
Ҷашни Наврӯз аз замони асосгузори он – Ҷамшеди Пешдодӣ – то имрӯз аз зебоиву накуӣ, бузургдошти инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ саршор мебошад. Гузашта аз ин, Наврӯз беҳтарин нишонаи ваҳдати инсону табиат буда, аз ғояҳои ҷовидонаи сулҳу сафо, ростиву накукорӣ, зебоипарастиву инсондӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ сарчашма мегирад.
Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст.
Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва, аз нигоҳи илмӣ, дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рӯз, яъне эътидоли баҳорӣ, аст, ки онро ҳанӯз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд.
Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва фараҳбахши навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю деҳ ва касабаву шаҳр мавҷ мезанад, болупар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.
Мо бояд рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии худро бори дигар эҳсос намуда, ҳувияти миллӣ ва ҳисси худшиносии ҳар як сокини ҷумҳуриро дар заминаи Наврӯз ва дигар расму ойинҳои ниёгон таҳким бахшем, аз истиқлолияту давлатдории миллӣ воқеан ифтихор кунем, бунёдкориву созандагиро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил диҳем.
Наврӯз рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаву имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам мебошад.
Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
Наврӯз – бо ин ҳама ойинҳои неку ибратбахши худ – ҳамчун паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарофатманди мо ба мардум накуиву зебоӣ ва хушиву хурсандӣ ато мекунад.
Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд.
Ҷашни Наврӯз на танҳо ҷашни миллии мо, балки ҷашни умумибашарист, зеро фасли зебои баҳор ва нав шудани сол барои тамоми инсонҳо яксон меояду хушҳолӣ меорад ва ба онҳо рӯҳи тоза бахшида, ба соли нав омода месозад.
Истиқлолияти давлатӣ – ин саодати ҷовидона, – ки дар масири ҳазорсолаи таърих ба насли имрӯзаи тоҷикон насиб гардид, ба таҷлил пуршукӯҳу шаҳомати хоси иди муқаддаси ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз, Наврӯзи ормонҳои навин – шароити мусоид фароҳам овард. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлати хеш, чун бахти безаволи миллат, ифтихор дошта бошем.
Ҳамин тариқ, тавсифи Наврӯз аз нигоҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Наврӯз ҳамчун василаи муттаҳидсозандаи мардум ва омили муҳимми таҳкими сулҳу субот ва ҳамгироии иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ, суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун падидаи нодири фарҳангӣ ва мактаби ахлоқиву маънавӣ муаррифӣ намуда, мардумро ба зиндагии созанда, ваҳдат, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунанд.
Сардори шуъбачаи ташкилӣ-таҳлили шуъбаи
таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковнки милитсия Баҳодурзода Юсуфбек
Баҳодур
Муовини сардори курси воҳиди таълимӣ-низомӣ,
капитани милитсия Аъзамзода Муродҷон Аминҷон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...