Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД

WhatsApp Image 2026-04-16 at 19.28.18 1WhatsApp Image 2026-04-16 at 19.28.17WhatsApp Image 2026-04-16 at 19.28.17 1WhatsApp Image 2026-04-16 at 19.28.17 3WhatsApp Image 2026-04-16 at 19.28.18WhatsApp Image 2026-04-16 at 19.28.17 2Санаи 16 апрели соли равон Бо мақсади омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16.12.2025 миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ва иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ироагардида, ва дар асоси нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯри бо курсантони Академия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мазкур   судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи дараҷаи олӣ Идрисзода Балаҷон Алиҷон, ердамчии раиси суди Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 Каримзода Шаҳзод Шароб ва инчунин муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдулаҳадзода А. иштирок намуда доир ба аҳаммияти Паём ва ҷойгоҳи он дар рушд ва ташаккули тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла дар самти таҳкими амнияти миллӣ, субботи сиёсӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, посдории арзишҳо, муқаддасот ва асолати миллӣ, инчунин оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротиву тундрав ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози андеша намуданд.

Зимнан, иброз гардид, ки ҳуҷҷати мазкур аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, тавассути ироаи он заминаи рушди минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, қишрҳои гуногуни ҷомеаро зарур аст, ки фаъолияти хешро бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои зимни Паём ироагардида ба роҳ монда, ба ин васила самаранокии онро таъмин намоянд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...