Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд
Дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷанони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доира таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ карда мешаванд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад. Дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ карда истодааст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо дарки баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ онҳо баҳри Ватани худ ва фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагӣ ва хушбахтию саодати халқ саъю кӯшиш доранд. Имрӯзҳо дар доираи ҷашни фархундаву саиди миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ҷавон иқдом гирифтаанд, ки дар рушду ободонии гӯшаҳои диёр саҳми босазо гузоранд. Тавре ҳамагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма иттилоъ дорем дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷавонони ба ору номуси кишвар иншооту корхонаҳои мухталифи хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, барои даҳҳо тан сокинон ҷойҳои корӣ фароҳам мегарданд.
Боиси хушнудист, ки дар баробари илму донишандӯзӣ ва фаъолияти назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ насли ҷавонро дар ҳайати маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ низ мебинем. Дар сафи чунин маҳфилҳои сатҳи ноҳияву шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷавононро мебинем, ки дар баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу иттилоотӣ, аз ҷумла дар мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд. Имрӯз баръало эҳсос мегардад, ки ҷавонон дар масири пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат қадамҳои устувор мегузоранд.
Тибқи баромиади худ Пешвои миллат дарҷ намуданд, ки тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз 18% аҳолии сайёра ҷавононанд. Дар Тоҷикистон бошад, шахсони синнашон то 30 сола 70% аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик дар идоракунии давлати мо на ба таври муназзам ва пай дар пай, балки имкони якбора ба насли ҷавон гузаштани онро дорад. Бо ин нерӯи бузург фаро гирифтани ҷомеа, ҳалли мушкилоти он ва истифодаи оқилона аз ин натиҷаи стратегияи миллӣ баҳри ободиву шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа хеле муҳим аст. Агар давлати мо аз назари иҷтимоӣ яке аз давлатҳои ҷавон маҳсуб гардад, пас мо таҳти мафҳуми “ҷомеа” бояд ногузир ҷавононро дар назар дошта бошем ва қабл аз ҳама “мушкилоти ҷавонон”-ро ҳамчун мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намоем.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат устодони ботаҷриба дарсҳои сиёсиро дар байни донишҷӯён ва курсантон мегузаронанд, ки он омили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳуввияти миллӣ дар байни ҷавонон мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.
Ҳамин тариқ, ба маврид аст, ки бигӯем, ки Ватанро дӯст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо, воқеан, ҳам метавон давлати муқтариду тавоно бунёд кард.
Муаллими калони кафедраи
тактикаи махсус ва
омодагии чисмонии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салимзода М.С.







































































































































































