Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар солҳои истиқлолият (Бахшида ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

2650Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳамаҷонибаи худро бо тамоми давлатҳои узви ИДМ ,СААД, СҲШ, махсусан бо Федератсияи Русия инкишоф дод. Аз ҷумла, дар натиҷаи сафарҳои зиёди тарафайни сарони давлатҳои Русия ва Тоҷикистон, қариб дусад шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои байни давлатӣ имзо гардидаанд. Албатта амалӣ гардонии онҳо бегуфтугӯ ба манфиати ҳар ду тараф хоҳад буд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо Тоҷикистону Русия якдигарро «шарики стратегӣ» ҳисоб мекунанд. Дар даҳсолаи аввали асри нав Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аъзои ИДМ, кӯшиш ба харҷ медод, ки Иттиҳод амалан фоидаовар бошад. Маҳз бо ҳамин мақсад 5- 6 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе мулоқоти (саммити) сарони кишварҳои аъзои ин Иттиҳод, якҷоя бо Иттиҳоди иқтисодии Евразес ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) барпо гардид. Дар ин мулоқоти бонуфуз сарони кишварҳои ИДМ, ки аз 12 - ҷумҳуриҳои собик Иттифоқ иборат мебошад, аз ҷумла 11 - нафар Президентҳои онҳо ҳузур доштанд. Иштирокчиёни мулоқот зарур шумориданд, ки минбаъд ҳам ҳамкории ҳамаҷонибаро инкишоф диҳанд. 11-уми сентябри соли 2001) панҷ кишвари аъзон блоки Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон,Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки бахши ҳарбии худро тақвият бахшанд. Зарурияти ин масъаларо махсусан боло гирифтани амалиётҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳони имрӯза, пеш аз ҳама вазъи ноороми Афғонистон ба миён гузошта буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ИДМ ва давлатҳои Авруосиё, дар баробари Федератсияи Русия бо яке аз давлатҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ, бо Ҷумҳурии Қазоқистон муносибати хуби бародаронаро инкишоф дода истодааст. Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҳамсояи Осиёи Миёна Қирғизистону Туркманистон низ муносибати хуби ҳамсоягиро идома дорад.

Ба ҳама маълум аст, ки НБО - и Роғун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳаётан муҳим мебошад. Ҳамаи давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Миёна баҳри рушди ҳаматарафаи минтақа иттифоқан амал мекунанд.
Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати ҳамзабон Эрон сол аз сол қавитар шуда истодааст. Роҳбарони ҳар ду давлат ният доранд, ки ҳамкориро боз ҳам инкишоф диҳанд. Дар замони истиқлолият сафарҳои президентҳои ҳар ду тараф борҳо ба амал омадаанд. Танҳо 5 - январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи сафари Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод 6 - ҳуҷҷатҳои муҳимтарини байнидавлатӣ имзо гардиданд. Давлати Эрон, дар баробари пурра ба итмом расонидани нақби «Истиқлол» ва НБО – и Сангтӯда 2, ният дорад, ки дар дарёи Зарафшон НБО Айниро (иқтидораш 150 меговат) созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорон ва фаъолони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ҳисоб меравад. Ин созмон ҳарчанд моҳи июни соли 2001 ба вуҷуд омадааст, вале он дар асл, бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ханӯз соли 1996 ба фаъолият шурӯъ карда буд. Он вақт Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Чин, яьне 5 давлат ба гуфтушуниди муайян намудани сарҳади байни худ нишаста буданд, созмон ёфтааст. Бо сабаби он, ки дар ҷамъомадҳо давра ба давра масъалаҳои муҳимтарини минтақа муҳокима мегардид, бинобар ин он дар аввали асри XXI аз як тараф барои ташаккул ёфтани он ҳамчун созмонп ҳамкорӣ оварда бошад, аз тарафи дигар, бо дохил шудани Узбекистон он ба «Созмони шашгона» табдил ёфт, аз ҷумлаи давлатҳои ҳамсоя кишварҳои нозир пайдо намуд. Сарони давлат ва ҳукуматҳои Созмон ҳар бор ҷамъ омада масъалаҳои муҳимтарини минтақаро ҳаллу фасл менамоянд. Аз ҷумла, 28-уми августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе ҷамъомади навбатии сарони давлатҳои Созмон барпо гардид. Дар ин ҷамъомад вазъи байналхалқӣ ва минтақа муҳокима гардид ва «Эъломияи Душанбе» қабул карда шуд.
Дар он бори дигар таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза ягон хел масъалаи байналхалқиро бо роҳи зӯрӣ ҳал кардан мумкин нест. Ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои мавҷуда танҳо бо роҳи гуфтушунидҳо имконпазир аст. 25-умн ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷамъомади (саммити) сарони хукумат сарвазирони давлатхои аъзои Созмон ва кишварони нозир ширкат намуда, масъалахои рӯзмарраро бори дигар ҳаллу фасл намуданд. Маҳз дар доираи ҳамин Созмон, махсусан дар солҳои охир ҳамкории байни Тоҷикистону Чин хеле инкишоф ёфтааст. Танҳо 4-уми июни соли 2009 байни Чин ва Тоҷикистон шартномае имзо гардид, кн мувофиқи ои дар баробари идома додани сохтмони роҳҳо, накбҳо, хатти баландшиддати барқӣ, боз иштироки тарафи Чин дар сохтмонн НБО «Нуробод 1» (дар ҳаҷми 560 млн. доллари америкоӣ), маркази барқию гармидиҳии Душанбе (дар ҳаҷми 460 млн. доллари америкоӣ), заводи сементбарорӣ (иқтидораш 1 млн. тонна дар як сол), корҳои иловагӣ дар хатти барқии «Лолазор -Хатлон» ва «Ҷануб- Шимол» (бо маблағи 61- млн. доллари америкоӣ), аз нав таъмиру таҷҳизонидани роҳи мошингарди Душанбе - Данғара ба анҷом расид.
Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои мусулмонии Шарқ сол аз сол инкишоф ёфт. Барои ин ба куллӣ тағйир ёфтани муносибати давлати навини тоҷикон нисбат ба дин, бунёди масҷиду Донишкадаи исломӣ, барқарор намудани маросими ҳаҷ, аз нав барқарор намудани анъанаҳои миллию динӣ, аз ҷумла ба тарзи васеъ ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз.
Соли 2009 бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гардид. 5 - 6 сентябри он сол дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯханифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» барпо гардид. Дар кори он беш аз 500 - нафар олимону меҳмонони дохилию хориҷӣ аз 50 кишварҳои олам иштирок намуданд. 18-21 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 37-уми Созмони конфронси исломӣ (СКИ) барпо гардид, ки дар кори он намояндагони 57 - давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфуз иштирок намуданд. Ҳузури чунин миқдор намояндагон аз давлатҳои исломӣ, худ гувоҳи дар ин мамлакатҳо обрӯ ва эътибор доштани давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Созмони Милали Муттаҳид (СММ ) дар ҷамъомадҳои он масъалаҳои муҳимтарини дунёи муосирро ҳар бор хотиррасон намуда, барои ҳалли онхо диққати тамоми мамлакатхои чахонро чалб менамояд. Аз ҷумла, дар ин ташкилоти бузургтарини ҷаҳонӣ чунин масъала гузориҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, ба монанди «Об барои ҳаёт» (соли 2003), «2005 2015 даҳсолаи оби тоза» (соли 2005) мақбули ҳозирин гардида буд.
23 - сентябри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 65-уми Маҷмааи Умумии СММ бори дигар хотиррасон намуд: «Тибқи баъзе пешгӯиҳо то соли 2025 беш аз сеяки аҳолии курраи Замин аз нарасидани об танқисӣ хоҳад кашид. Бо назардошти ин ҳама Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори «Соли байналмилалии оби тоза» ва «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт дар давраи солҳои 2005 - 2015» масоили марбут ба обро фаъолона ба муҳокимаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод менамояд».
Холзода Комил Абдубаҳром - сарнозири маркази бақайдгирӣ ва машваратии шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...