Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият
Соли 1990 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид. 19 - ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 6- ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6 - ноябри соли 1999 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ноябри соли 2006 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6 - ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.
Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст. Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.
11-уми октябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон бо 92% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.
Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватани маҳбуб баргардонд.
Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.
Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори оқилу тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд.
Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.
Дар тӯли 35- соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 - июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари камбизоатиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.
Имомназарзода Парвиз Имомназар - нозири маркази тестии шуъбаи таълим, лейтенанти милитсия







































































































































































