ВОХӮРИИ СУДМАНДИ КОРМАНДОНИ АМАЛИИ ВКД БО КУРСАНТОН





Бо мақсади иҷрои талаботи бандҳои алоҳидаи НАҚША-ЧОРАБИНИҲОИ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии курсантони факултети №2 бо ҳайати шунавандагони факултети №1, бахусус сардорони ШВКД, муовинони сардорони ва дигар кормандони ботаҷриба сурат гирифт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, баъзан ҷузъиёти муҳим, ки барои омодагии курсантон дар ҷодаи фаъолияти касбии онҳо дар оянда муфид хоҳад буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Боварии комил дорем, ки роҳандозии чунин суҳбату вохуриҳо дар ҷодаи рушди шахсияти курсантон ва ташаккули худогоҳии касбӣ мусоидат хоҳад кард.







































































































































































