РОҲАНДОЗИИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ БО ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНУ КУРСАНТОНИ АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ









Санаи 3-юми июли соли 2026, бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе варзиши субҳгоҳии Академияи ВКД баргузор гардид.
Соҳаи варзиш, яке аз бахшҳои зарурӣ дар фаъолияти касбии мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус Академия ҳисоб ёфта, ба он диққати махсус равона мегардад. Фаъолияти назарраси сексияҳои варзишӣ ва фарогирии курсантон дар онҳо, инчунин узви расмии клубҳои бонуфузи варзишии кишвар будани курсантони Академияи ВКД, дастовардҳои назаррасро ба бор овардааст. Дар ин замина, курсантони Академия имкон пайдо намудаанд, ки дар мусобиқаҳои варзишии дохилӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки фаъол намуда, соҳиби мукофотҳо ва ҷоизаву ифтихорномаҳо гарданд.
Вобаста ба ин масъала, метавон қайд намуд, ки дар се соли охир ҳайати кормандон ва курсантони Академияи ВКД соҳиби садҳо ҷом, медалҳо, ифтихорномаҳо ва мақоми устоди варзиши Тоҷикистон гардидаанд, ки албатта, боиси ифтихор ва сарбаландии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва пеш аз ҳама Академия мебошанд.
Возеҳ аст, ки варзиш омили муҳимтарини солимгардонии миллат, таъмини тарзи ҳаёти солим, қосиди сулҳу ваҳдат ва муаррифисозандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон, хусусан ба наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро пайваста талқин менамоянд.
Хушбахтона, ба шарафи дастгириву ғамхорӣ ва чораандешиҳои бевостаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, хосатан дар соҳаи варзиш мақоми шоистаи хешро касб намудааст.
Хабари пирӯзии варзишгарони мо, дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҳамарӯза ба гӯш мерасад. Ҳоло наврасону ҷавонони Тоҷикистон, ки аз мусобиқоти байналмилалӣ пайваста бо медалҳои тило, нуқраву биринҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо обрӯи шоиста боз меоянд, сол аз сол зиёд мегарданд.
Маҳз дар заминаи чунин таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи варзиш, натиҷаҳои он имрӯзҳо дар сатҳи байналмилалӣ намудор гардида, ташаббусҳои созанда низ дар ин самт эътирофу эътибор пайдо намудаанд. Яке аз чунин дастовардҳои миллат дар соҳаи варзиши кишвар Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад, ки расман аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст. Хушбахтона, муаллифи ин пешниҳод яке аз фарзанди Тоҷикистон - Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол элон кард.
Ин иқдом на танҳо ба ҷаҳони варзиш, балки ба номи Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори сулҳу ҳамбастагӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маънии нав бахшид.
Соли 2025, нахустин бор ҷаҳон ин санаи муҳимму рамзиро ҷашн гирифт - рӯзе, ки на танҳо футболи касбӣ, балки футбол ҳамчун василаи фарҳанг, тарбия, дӯстӣ ва сулҳ арҷгузорӣ мешавад.
Зикр намудан зарур аст, ки соҳаи варзиш дар кишвар ҳамчун бахши дорои афзалияти хос дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат пиндошта мешавад. Чунин таваҷчуҳи пайваста ба соҳаи варзиш пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳама паёмҳои хеш ба Мақоми олии қонунгузори кишвар ба таври алоҳида соҳаи варзишро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд, ки дар ин замина чандин санадҳо меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи миллии столимии аҳолӣ ва дигар чунин санадҳо ба тасвиб расидаанд.
Бо ин мақсад дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ки имрӯзҳо ба як макони зебову гулфишон табдил дода шудааст, майдонҳо ва майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ, хиёбону гулгаштҳои зебову дилкушо сохта ба истифода дода шудаанд, ки яке аз маконҳои фароғат ва дар маҷмуъ солимгардонии шаҳрвандони кишвар мебошанд, Ба қавли Пешвои муаззами миллат чунин имконот, маҳз ба хотири гаштугузор, фароғат ва макони қадамзании сокинони Тоҷикистон сохта шудаанд.
Бо истифода аз чунин дастоварду имконоти даврони истиқлоли кишвар ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни наврасону ҷавонон, Нақша чорабиниҳои алоҳида аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД ба тасвиб расидааст, ки ба таври даврагӣ дар майдончаҳои варзишӣ, боғҳо ва гулгашту хиёбонҳои пойтахт амалӣ хоҳанд шуд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон







































































































































































