Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОВАРАМ!

“Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳу амонӣ кафили зиндагии шоиста, хандаи беғаши кӯдакон, хотири ҷамъи падарону модарон ва шукуфоиву ояндаи дурахшони мамлакат мебошад. Ободу зебо, сарсабзу хуррам ва пойдору беҳамтогии Ватани маҳбубамон аз оромиву сулҳу суботи кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳар як фарди Тоҷикистон бояд шукрона аз он кунад, ки дар диёри биҳиштосоямон сулҳу субот пойдор ва парчами он доимо парафшон аст. Мо ҳама шоҳиди онем, ки ин оромиву хотирҷамъӣ, сулҳу суботу амн беазоб ва машаққат ба даст наомадааст. Кӯшишҳои хастанопазиру шабонарӯзии Пешвои муаззами мо буд, ки имрӯз ҷавонони мо дар гушаву канори кишвар бе хавф қадам мезананд, озодона паи омӯзиши илму дониш ва касби дӯстдоштаашон мегарданд ва барои рушду нумуи он саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ин сулҳ бароямон бояд арзиши дучанда дошта бошад.
Ҳанӯз ҳазор сол қабл донишманди бузург Абуалӣ ибни Сино оромиро асоси солимии руҳ, ҷисм ва ҷомеа шуморида, гуфта буд, ки “Ваҳм нисфи беморист, оромӣ (сулҳи ботинӣ) нисфи саломатӣ ва сабр нисфи шифост”. Вақте ҷомеа аз низоъ дур аст, оромиву субот пойдор мемонад.
Дар китоби “Тадбири манзил”-и Абуалӣ ибни Сино омадааст: “Мураббӣ ва муаллим бо кӯдак бояд бо нармӣ ва оромӣ рафтор кунад, зеро хушунат дар тарбия боиси ба вуҷуд омадани ҳисси адоват ва тундравӣ дар оянда мегардад”.Агар Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имкони бунёди давлати мустақилро фароҳам оварда бошад, маҳз Ваҳдати миллӣ барои пойдории ин давлат ва рушди устувори он замина гузошт, ки дар саргаҳи устувории ин ду падидаи нодири давлатсоз ва халқмеҳвар саҳм ва нақши барҷастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ мебошад.
Дар бораи муҳимияти таърихии ин ду падидаи нодири даврони навини давлатдории миллиамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки «Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки шарти асосии бақои давлат, рушди ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад».
Ҷои баҳс нест, ки ин суханҳо моҳияти аслии сиёсати давлатдории навини Тоҷикистонро ифода менамоянд.
Инак пас аз ҳазор сол ин рисолати бузурги инсондӯстӣ ва сулҳхоҳӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ва дар минбари баландтарини ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид садо дод ва он ба таври созанда ва амалӣ матраҳ гардид.
Ин ташаббус ва дастовард на танҳо боиси фараҳмандист, балки ифтихору сарбаландии ҳар як фарди Тоҷикистон аст. Саҳифаи фаромӯшнопазир пазируфтани пешниҳод дар бораи даъвати иҷлосияи махсуси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум мебошад. Он вақт барои дар Иҷлосия иштирок кардани намояндагони ҷониби мухолифин Президенти Тоҷикистон кафолати таъмини амнияти онҳоро ба дӯш гирифт, вале онҳо ҳозир нашуданд.
Бо ҷаҳду талошҳои шабонарузии Ҷаноби олӣ ва баргузории чандин мулоқоту суҳбатҳо «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар шаҳри Москва ба фарҷом расид. Сарвари хирадманди тоҷикон тавонистанд, ки зиддият ва кашмакашиҳои як миллатро аз байн бубаранд.
Бо баракати он зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард ва давлати ҷавони мо ба пешравиҳои иқтисодӣ ноил гардид.Ҷои баҳс нест, ки ин суханҳо моҳияти аслии сиёсати давлатдории навини Тоҷикистонро ифода менамоянд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳои барҷастаи дорои донишу маҳорати фавқулода ва истеъдоди сарвариву ташаббускорӣ ҷомеаро ба сӯйи пешрафту шукуфоӣ раҳнамун сохта, бо ҷоннисориву фидокорӣ ва аз худ нишон додани намунаи олии ободгариву созандагӣ, дар бедор кардани ҳисси ватанпарастиву ватандӯстӣ, саҳмгузорӣ дар рушди он ва боло бардоштани нуфузу эътибори ҷаҳонии Ватан нақши бориз ва ҳалкунандаро доро буда, дар ин ҷода худ ва манфиатҳои шахсии худро қурбони ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ кардаанд.
Одатан ин хислатҳои фавқулодаи инсонӣ хоси лидерони сиёсӣ буда, ҳар азму талош ва ташаббусу фидокориҳои онҳо ба ҳифзи ҷони миллионҳо нафар ва таъмини зиндагии шоиста барои инсоният равона шудаанд.
Аз ин ҷост, ки ҳар насли огоҳу хештаншинос ва шукргузору сипосманд бо баркашидани бори тақдири нек ва зиндагии осоиштаву амни худ, назди ҷоннисориву фидокориҳои шахсиятҳои барҷаста ва чеҳраҳои мондагори таърихӣ бо ҳисси самимият ва ифтихороти баланд арҷгузорӣ намуда, корнома ва фаъолияти шоистаи онҳоро дарси сабақ мешуморад.Сарвари давлат дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих; аз ориён то сомониён» дар боби «Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлолият» иброз менамоянд, ки «Ин ҷанги бемаънӣ ғайр аз оворагию сарсонсонӣ, ғайр аз адовату хонавайронӣ, ғайр аз талафоти ҷони ҷавонон ба мо чизе надод. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти сулҳ ва имзои ин санади сарнавиштсоз ба маврид таъкид намудаанд, ки «Сулҳро метавон ба даст овард, аммо ҳифз ва таҳкими он аз ба даст оварданаш мушкилтар аст». Ин андеша имрӯз низ аҳамияти бузург дошта, аз мову шумо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва пеш аз ҳама қадршиносиву посдории ин неъмати бабаҳоро тақозо мекунад.Воқеан ҳам, имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои бисёр давлатҳои ҷаҳон намунаи муваффақи оштии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Созмони Миллали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сиёсӣ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи беназири муколама ва созиш эътироф намудаанд.
Дар маркази ин муваффақият маҳз сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, он дар таърихи давлатдории тоҷикон пеш аз ҳама ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёгари давлатдории миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардидааст.
Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолияти Тоҷикистон мебошад.
Омузгори кафедраи ФОҶ МКД лейтенанти калони милитсия
Муродзода Фарҳод Ғайрат

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...