Авф – санади тадбиқкунандаи принсипи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ифодагари сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат
Мусаллам аст, ки дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ дар баробари таъмини волоияти қонун, инчунин ба татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронида шудааст. Яке аз шаклҳои муҳимтарини татбиқи ин сиёсат қабули санади авф мебошад, ки ҳамчун воситаи ҳуқуқии инсонгароёна барои татбиқи принсипҳои конститутсионӣ ва фароҳам овардани имконияти ислоҳи шахсони ҷиноятсодирнамуда ва баргардонии онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ хизмат менамояд.
Мутобиқи қисми дуюми моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи пешниҳоди лоиҳаи қонун дар бораи авф танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Ин меъёри конститутсионӣ нақши калидии Сарвари давлатро дар ташаккул ва амалисозии сиёсати инсондӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ҳамзамон кафолат медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба авф бо дарназардошти манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Аз ин бар меояд, ки пешниҳоди лои¬ҳаи қонуни авф танҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мон¬да мешавад ва ин хусусияти хоси қабули ин қонун мебошад. Қонуни авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул карда шуда, конститутсия ҷонибдории онро аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ пешбинӣ наменамояд.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як қатор қонунҳо дар бораи авф қабул гардидаанд. Ин санадҳо асосан ба муносибати ҷашнҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла солгардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ қабул гардида, татбиқи амалии сиёсати инсондӯстонаи давлатро таъмин намудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16-уми июни соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷум¬ҳу¬рии То¬ҷи¬кис¬тон қабул гардидааст. Қонуни мазкур ба 18038 маҳкумшуда тадбиқ гардида, аз ҷумла 11305 нафар аз муассисаҳои сукунатӣ озод ва муҳлати ҷазои 6733 нафар кам мегардад. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва судӣ қарор дорад, тадбиқ мешавад.
Таҷрибаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки қабули санадҳои авф ба тақвияти суботи сиёсиву иҷтимоӣ, таҳкими эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мутобиқшавии иҷтимоии шахсони аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз адои ҷазо озодшуда ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ мусоидат намудааст. Ин тадбирҳо ҳамзамон ба баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба сиёсати ҳуқуқии давлат ва татбиқи самараноки принсипи адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
Моҳияти ҳуқуқии авф дар он ифода меёбад, ки он санади ғайрисудии хусусияти умумидошта буда, нисбати доираи номуайяни шахсон татбиқ мегардад. Бар асоси моддаи 82 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади авф шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ё шахси маҳкумшуда аз адои ҷазои асосӣ ё иловагӣ пурра ё қисман озод гардад, қисми адонакардаи ҷазо ихтисор ё ба намуди сабуктари ҷазо иваз карда шавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун доғи судии шахс низ метавонад бардошта шавад.
Хусусияти муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи авф дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳои авф принсипи инсондӯстӣ бо талаботи қонуният, адолат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа дар ҳамоҳангӣ қарор дода мешавад. Аз ин рӯ, дар аксари қонунҳои авф доираи шахсоне, ки метавонанд аз имтиёзҳои авф истифода намоянд, инчунин маҳдудиятҳо ва шартҳои татбиқи он дақиқ муайян карда мешаванд. Ин тартиб имконият медиҳад, ки авф танҳо нисбати шахсоне татбиқ гардад, ки ба ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷиноятӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Қонунҳои авф, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ қабул шудаанд, фарогири гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла занон, ноболиғон, шахсони пиронсол, маъюбон, шахсони дорои хизматҳои махсус дар назди давлат ва дигар гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзшаванда мебошанд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи арзишҳои инсонӣ, таҳкими оила, дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва фароҳам овардани имконияти бозгашти шахс ба ҳаёти муқаррарии ҷомеа равона гардидааст.
Қисми 1 мод¬даи 82 КҶ ҶТ муқаррар менамояд, ки авф нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки меъёрҳои санади авф ба ягон шахси воқеии инфиродан муайян нигаронида нашудаанд ва бо ин хусусияти худ аз бахшиши ҷазо фарқ мекунад. Санади авф маҳакҳои ба худ хосеро дорост, ки нисбати шахсони инфиродан номуаян, ки ҷиноят содир намудаанд, татбиқ мегардад ва ҳо¬лати воқеии кадом шахси ҷинояткор ба ин ё он талаботи ма¬ҳа¬ки муқарраркардаи санади авф мувофиқат мекунад, нисбати ӯ ин санад татбиқ мегардад. Аз рӯйи чунин маҳакҳо санади авф нис¬бати доираи номуайяни шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, татбиқ гардиданаш мумкин аст:
- аз рӯйи ҷинс. Мисол, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озо¬дӣ, новобаста ба муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷа¬зо¬ҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод кар¬дани маҳкумшудаи ҷинсаш зан;
- аз рӯйи синну сол. Мисол, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста ба муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷа¬зоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод кардани маҳкумшудагони марде, ки синни 55-ро пур кардаанд, инчунин ноболиғон;
- аз рӯйи вазъи саломатӣ. Мисол, аз адои ҷазои маҳрум сох¬тан аз озодӣ, новобаста ба муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод кардани маҳкумшудагон – маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати мар¬ҳа¬лаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯйи таснифи байналмилалӣ, омо¬си бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил - стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ІІІ ва ІV мансуб донисташуда;
- аз рӯйи корнамоиҳо. Мисол, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста ба муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод кардани маҳкумшудагон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар То¬ҷи¬кис¬тон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
- аз рӯйи доштани ин ё он ҷоиза. Мисол, аз адои ҷазои маҳ¬рум сохтан аз озодӣ, новобаста ба муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ ало¬қаманд¬набуда озод кардани маҳкумшудагоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС То¬ҷи¬кис¬тон ва ҶТ сарфароз гардонида шуда буданд;
- муҳлати муайяни ҷазоро адо намудани маҳкумшуда. Мисол, шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум¬кар¬да¬шудае, ки нисфи ҷазо, аз се ду ҳиссаи ҷазо ё аз чор се ҳиссаи ҷа¬зоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд;
- аз рӯйи гурӯҳи муайни ҷинояти содирнамуда. Мисол, адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста ба муҳлати ҷазои таъйин¬шуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ ало¬қаманднабуда озод кардани маҳкумшудагоне, ки аз даъвати нав¬батӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷойи хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаъюбкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд;
- аз рӯйи табаъият. Мисол, адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста ба муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазо¬ҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод кар¬дани маҳкумшудагоне, ки шаҳрванди давлати хориҷӣ мебошанд.
- аз рӯйи шакли гуноҳ. Мисол, маҳкумшудагоне, ки аз бе¬эҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъйиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд;
- аз рӯйи категорияи ҷиноят. Мисол, маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳ¬лати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъйин карда шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд;
- аз рӯйи оқибатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷи¬ноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ. Мисол, маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд:
1) Агар нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад;
2) Агар нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад;
3) Агар онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ис¬ло¬ҳии сукунат адо карда истода бошанд;
4) Агар онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд;
5) Агар онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд.
Ҳамзамон, татбиқи санади авф ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагонро маҳдуд намесозад. Қонунгузорӣ дар як қатор ҳолатҳо ҷуброни пурраи зарари расонидашударо ҳамчун шарти татбиқи авф пешбинӣ намудааст. Ин меъёр аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати инсондӯстонаи давлат ҳамзамон бо таъмини адолати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон амалӣ карда мешавад.
Таҷрибаи чандинсолаи татбиқи санадҳои авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин институт ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат барои таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, таъмини волоияти қонун, коҳиш додани шиддати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ислоҳ ва бозҳамгироии иҷтимоии маҳкумшудагон хизмат мекунад.
Бо ҳамин асос метавон хулоса намуд, ки қабули санади авф яке аз самтҳои муҳими сиёсати инсондӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи он тавассути ташаббуси конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ин институт дар рушди низоми ҳуқуқии кишвар, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва татбиқи принсипҳои адолату инсондӯстӣ нақши назаррас дорад.
Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминология ва психологияи факултети
№2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и.ҳ., подполковники милитсия
Аҳёзода Шоҳрух Табарукшо







































































































































































